Моҷарои риш

Хабарҳо

Бикуш оташи хурд пеш аз газанд,

Ки гетӣ бисӯзад то гардад баланд.

Парвиз Турсунов, футболбози дастаи «Хайр», ки бо риши анбӯҳаш машҳур гаштааст, чанд рӯз аст, ки «қаҳрамон»-и сарсатри расонаҳои кишварҳои пасошӯравист.

Ин тоифа мардум ба он ҳунаре ки доранд, бояд тарғибгари дастовардҳои варзишӣ бошанд, вале ин ҳамаро канор гузошта ҳамчун мабдаъи бутпарастӣ, пушти ришро гирифтаанд. Муаммои ин ҳама ришпарастӣ дар чӣ ифода меёбад ва чӣ манфиате аз ин ҳама бармедоранд ин соҳибони риш дар ин қисса ҳикоя хоҳем кард.

Риш василаи монанд набудан ба дигарон ва дар ҷомеа арзишҳои кӯҳнаро паҳн кардан аст. Чанд навъи ришдорон вақтҳои охир арзи вуҷуд кардаанд: 1) тарафдорони ҳаракатҳои ифротии динӣ; 2) ашхоси пойбанд ба риояи гигиена набуда; 3) гурӯҳҳое ки ришро гӯё воситаи  эътироз медонанд; 4) афроде ки бо риш мехоҳанд машҳур шаванд; 5) аблаҳон ки дар ҷомеа тарсу ҳарос ва бренди аъзоёни ҳаракатҳои террористиро рӯнамоӣ мекунанд; 6) ноумеду дилшикастаҳо дар ҷомеа, ки ба оянда дигар боварманд нестанд ва рӯйи хашину ришдорашон далолат аз хилватнишинии онҳо мекунад; 7) ришҳои нуқспӯш, қисме аз аъзои баданро ки камбудии табиӣ дорад, рӯпӯш мекунад; 8) ришҳои синнусолӣ.

Ғараз аз номбар кардани категорияи риш аз он иборат аст, ки афроди мисли Парвиз Турсунов шармандагари ин халқ мебошанд. Агар ибораи шоири ширинкалом Лоиқро иваз номбар кунем, нисбат ба ин каҷравҳо ва қишри гумроҳ он ин тавр садо меидҳаж: «думи маркабро гирифтанду тори мӯйи ғализи риш»-ро. Наход меҳру муҳаббат ба ду тори риш он қадар боло гирад, ки худро усулӣ пиндошта, барои он тарки Ватан намоӣ, худро овораву гуреза гардонӣ, «қаҳрамон»-и расонаҳо гардӣ?

Дар ҷойи сайқал додани ҳунари бозигарӣ ва номбардор гардонидани футболи тоҷик, риши Турсунов ҳамаи ҳунарҳои ӯро дар зери ин анбӯҳи мӯи нодаркор ба фано бурдааст. Маълум аст, ки дар қатори риш ин фарди бериё аз арзишҳои ифротӣ ҳам ҳимоя мекунад. Ин гуна ашхос бо ҷомеа аз раҳи оштӣ намедароянд, созиш надоранд ва бо арзишҳои давлати дунявӣ мухолифанд.

Муаммои аср аз он иборат аст, ки  ин ришдорон бо дунявият душмананд, вале ҷое сафар доранд, ки ватани секуляризм, ҳамон дунявият аст ва ин тоифаҳоро дар он ҷомеа ҳаргиз қабул надоранд.

Касе ки дар Ватани худ қадр надорад, ҳаргиз дар мулки бегона соҳиби ҷоҳу ҷалол нахоҳад шуд.

Субҳон Мирзоев, таҳлилгар