Дар Фейсбук навиштаҳои кӯтоҳ, вале ҳадафноки рӯзноманигори шинохта ва яке аз мухолифини Ҳукумати Тоҷикистон Додоҷони Атовуллоро мурур карда, тими наҳзатӣ сахт хашмин мешаванд, бахусус раҳбарияти наҳзатӣ ва ҳаммаслакони Кабирӣ аз киноязаниҳои ӯ ба дод меоянд. Албатта, Додоҷони Атовуллоҳ хеле тунд мегӯяд ва сабки ӯ аз ҳамин мушаххаса – тундгӯйӣ таркиб ёфтааст ва ин навъи андешаронӣ ва навишторро дар матолиби пешину пасини рӯзноманигор мушоҳида кардан мумкин аст. Ин дафъа Додоҷони Атовулло аз забони рамзу киноя канор кашида, фошофош ба кушудани симои сиёсӣ ва иҷтимоии раҳбари наҳзатӣ Муҳиддин Кабирӣ пардохтааст. Қаблан ҳам ӯ командаи наҳзатиро мавриди интиқоди шадид қарор дода, ба ҳавасмандони ин созмони экстремист ҳушдор дода буд, ки аз гаравидан ва шомил шудан ба чунин созмон дурӣ биҷӯянд. Бо ин амал ин рӯзноманигор ва сиёсатмадори тоҷик, агарчи мухолифи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аст, нишон дод, ки хурофотию ҷаҳолатписанд нест ва дар лаҳзаҳои ҳассос масъулияти баҳамойии миллӣ ва тафоҳуми мардумиро дарк менамояд. Маҳз ҳамин масъулияти шаҳрвандӣ ва миллӣ ӯро водор месозад, ки пайваста аз тариқи саҳифаи худ дар Фейсбук матолиби ҷолиби таваҷҷуҳ интишор медиҳад ва барои мубодилаи афкор манзур месозад.
Мо пештар шоҳиди матлаби тунди Додоҷони Атовулло таҳти унвони «Каванда ё ангораи як мусаввара» будем, ки дар расонаҳо ва матбуоти даврӣ чанд муддат ба сархатти маводи иттилоотӣ ва таҳлилӣ табдил ёфта буд. Ҳанӯз дар он матлаб Д.Атовулло дар ҳудуди нуҳ бахш ва ё қисмати мухтасари таҳлилӣ-киноявӣ (аз ҷумла бахшҳои: «Мазо ва мазо(Гузашт он чӣ гузашт)»; «Хомшӯрбои тоҷикӣ ё супи туркӣ?»; «Дасткашӣ аз истеъмоли «Сабралгин»; «Як оппозитсия, як бут, як якдона»; «Арӯси хонамонда ва домоди пушаймонхӯрда»; «Тифле, ки мариз ба дунё омад…»; «Рӯбинон ё муаррифии тифл»; «Ва аммо баъд ё ҳарфҳое, ки барвақт бояд гуфта мешуданд…»; «Сарвояи охирин») бо забони шоирона ва рамзу киноёти дилкашу ҳадафрас симои раҳбари фирорӣ – М.Кабириро ба риштаи тасвири сиёсӣ ва психологӣ кашида буд. Ба назари мо, он чи ки Д. Атовуллоҳ ба унвони матолиби хонданӣ баъдан интишор дод, идомаи матлаби мазкур мебошанд ва дар заминаи кофтукову ҷустуҷӯҳои сиёсию эҷодӣ рӯйи кор омадаанд.
Баъзан иддаоҳо дар сатҳи расонаҳои хабарӣ интишор меёбанд, ки гӯё Д. Атовуллоҳ ба хотири гирифтани холи сиёсӣ, бозгашт ба Ватан, дарёфтани ҷойгоҳи муносиб дар Аврупо сару садо баланд мекунад. Ҳадди ақал Д. Атовуллоҳ метавонист бо Кабирӣ бипайвандад ва роҳашро барои ҷойгоҳи муносиби сиёсӣ пайдо кардан дар Аврупо ҳамвор созад. Аммо ба ин роҳ нарафт. Илова бар ин, Атовуллоҳ воқеиятро дар нисбати шахсияти Кабирӣ ва Эътилофи ӯ шинохт ва парда аз рӯйи раҳбари наҳзатӣ ва найрангҳои ӯ бардошт. Ин амали ҷавонмардона аст дар баробари фаъолиятҳои тими наҳзатӣ, ки дар хориҷ аз бечоранолӣ кор гирифта, дари созмонҳои байналмилалиро барои дарёфти кумаки молию пулӣ мекӯбад, то ба баҳонаи мухолифат бо хукумат музде дарёфт намояд ва шиками наҳзатиёни фирориро сер кунад.
Зимнан, Д.Атовулло бо такя ба таҷриба ва собиқаи сиёсию рӯзноманигорӣ исбот мекунад, ки Кабирӣ фурсатталабе беш нест ва ба хотири нигаҳдошти мансаб ва ҷойгоҳи сиёсию идорӣ ҳар кореро мекунад ва ракибонашро чида-чида аз майдони сиёсӣ берун меронад. Бар илова, Кабирӣ соҳибкор ва ба истилоҳи имрӯза, бизнесменест, ки ба хотири нафъ бурдан хасу хошок ва тару хушкро бо ҳам якҷо месӯзонад. То замоне ки дар Тоҷикистон буд, ҳарфашро дониста мезад, то бизнес ва сарваташро аз даст надиҳад. Аммо чун корро аз кор гузашту тарки Ватан кард, ба интиқоди муѓризоани Ҳукумати Тоҷикистон пардохт ва дар ин кор бисёр ҷаҳду талош намуд. Дар Тоҷикистон, чуноне ки таҳлилгарон ва аз ҷумла Атовуллоҳ гуфтаанд, аз сабр кор мегирифт ва вожаи «сабр»-ро бо Кабирӣ тавъам медонистанд, дастури зиндагии инфиродӣ ва ҳизбӣ карда буд. Вале дар хориҷ аз ин вожжа мепарҳезад ва ба қавли Д. Атовуллоҳ, дигар доруи «сабралгин»-ро истеъмол намекунад, чун мудово намекунад.
Дар нуҳ бахш Атовуллоҳ банавбат тору пуди шахсияти Кабириро мекушояд ва ба маърази тамошо мегузорад, то дигарон – тарафдорону мухолифон ба мушаххасоти равонию шахсиятӣ ва сиёсию иҷтимоии ӯ дуруст шинос шаванд ва фериби назар ва афкори муѓризонаи наҳзатӣ нагарданд. Ҳирси мансабталошӣ, якдона ва ягона будан Кабириро ба фазои бозтару гушодатар раҳнамун кард ва дар Аврупо бо ҳар роҳу восита мехоҳад касби нуфуз пайдо намояд ва бо маккорию зирангӣ мухолифонеро, ки аз лиҳози сиёсию маданӣ рақобатпазиранд (мисли Додоҷони Атовуллоҳ), явош-явош аз майдон берун мезанад. Касе, ки рақиб ё ба истилоҳ, конкуренти Кабирӣ буд, оҳиста-оҳиста аз фазо берун зада шуд ва марзи ҷойгоҳ ва нуфузи худро густурда намуд. Ин нуктро Д. Атовуллоҳ дуруст шинохта ва бо далелҳо манзур намудааст.
Расонаҳои наҳзатӣ, албатта, бо дастури раҳбари фирорӣ ба он мекӯшанд, ки ин матлаби Д. Атовуллоҳро таҳти интиқоди муѓризонаи шадид бигиранд ва ба сифати фоҷиаи миллӣ ба намоиш бигзоранд ва рӯзноманигори варзидаро миёни мухолифини муҳоҷир симои дурӯя ва манфиатхоҳ талаққӣ кунанд. ТТЭ ҲНИ ва раҳбари он Кабириро фаҳмидан мумкин аст, зеро ки бо рафтани Атовуллоҳ аз тими мухолифини наҳзатӣ нуфузи мухолифине, ки аз ҳисоби наҳзат ва чанд муҳоҷири раҳгумзада пойин меравад ва ин ниҳоди сиёсии обрӯрафтаро мусибатҳо мунтазир мешаванд. Ин аст, ки наҳзат тавассути расонаҳо навиштаҳои Д. Атовуллоҳро дар робита бо найрангу ҳиллаҳои раҳбарияти наҳзатӣ инкор мекунад ва барои беобрӯ сохтани ӯ саъю кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳад. Аммо Атовуллоҳро аз ин тавтеасозию маккорӣ, ки хосси бозигарони наҳзатист, парвое нест.
Мусаллам аст, ки Д. Атовуллоҳ аз зумраи он шахсиятҳое нест, ки тамаллуқу хушомад занад ва худфурӯшӣ кунад. Навиштаҳои ӯ ҳеҷ гоҳ бар мабнои тарсу ҳарос ва хушомаду тамаллуқ ба тарафе иншо нагардидаанд. Аз ин ҷост, ки паёме, ки рӯзноманигори сиёсӣ Додоҷон Атовуллоҳ ин дафъа тавассути матлаби ахирӣ ироа доштааст, дар асоси воқеиятҳои сиёсӣ ва ҳақиқати таърихӣ рӯйи кор омадааст. Дарк кардани вазъият, шинохти амиқи мушкилоти ватанӣ ва эҳсоси баланди масъулияти фардӣ рӯзноманигорро ба навиштани матлаби ҷиддӣ дар робита ба шахсияти Кабирӣ водоштаанд.
Рӯзноманигори варзида Д. Атовуллоҳ ошкоро дар мавриди симои Кабирӣ ва навоқиси шахсию инфиродии ӯ ҳарф мезанад. Ростӣ, тими нахзатӣ бо сарварии Кабирӣ ва ҳампаймонони ахирӣ, ки Атовуллоҳ дар мариди шахсияти онҳо аломати суолро раво мебинад, аз Атовуллоҳ сахт сари тарс дорад. Тарси наҳзат ва шахси Кабирӣ аз ин аст, ки насли ҷавоне, ки бар асари камогоҳӣ ва адами истиқлоли фикрӣ ба тими онҳо пайвастаанд, таҳти таъсири матлаби ахири Атовуллоҳ, ки ба тафсири портрети «эҷодӣ»-и Кабирӣ ихтисос ёфтааст, қарор бигиранд ва симои воқеии наҳзатиро бишиносанд. Баъд чӣ мешавад? Доду войи наҳзатӣ ба созмонҳои байналмилалӣ самарае намебахшад. Ин аст, ки роҳҳои гуногуни иттилоотӣ ва мафкуравиро ҷустуҷӯ мекунанд, то пеши роҳи матолиби интиқодӣ ва таҳлилиеро аз қабили матлаби ахирии Додоҷони Атоуллоҳро бигиранд ва музахрафоти «устод»-и худро пойдор нигаҳ доранд(воқеан, вақтҳои ахир наҳзатиён дар маъракаҳои сиёсию иҷтимоӣ ба Кабирӣ «Устод»- гӯён муроҷиат мекунанд ва дар ҷаласаю семинарҳо ӯро ба унвони «Устод» рӯйи минбар мехонанд. Ба ин васила наҳзатҳазратҳои навбаромад ҷойи Сайид Абдуллоҳи Нуриро ба «Устод» Кабирӣ ато фармудаанд). Хулоса, Кабирӣ ва балегӯҳояш на дар Аврупо ва на дар Осиё тарафдор нахоҳанд ёфт, зеро ки симои воқеиашро дигар дар Аврупо ҳам мешиносанд ва минбаъд хоҳанд шинохт.
Фаридун Ориёӣ, таҳлилгар