Тӯли чанд рӯз аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳангомабозиҳои аъзо ва тарафдорони ташкилоти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремистӣ-террористӣ эълоншудаи Наҳзати исломӣ перомуни ташкили ким-кадом пикет дар назди бинои Сафорати Тоҷикистон дар Олмон давом дорад.
Ин туда ба як бетамизии ба худашон хос аз номи “тоҷикони муқими Аврупо” баромад намуда истодаанд. Дар ҳоле, ки онҳо ҳудуди ду-се сол боз асосан барои гирифтани мақоми паноҳандагӣ ва қабули садақоти давлат ба Олмон омада, муоширати оддиро ба замони олмонӣ наметавонанд (тасаввур кунед, ки дар ҳаёти рӯзмарра фурӯшгоҳҳову нақлиёт ва ғ. чӣ тавр миллатро муаррифӣ мекунанд?). Ҳамчун паноҳанда, дар баробари якуминмиллион нафари дигар қабул шудаанд, ҳаққи кору таҳсилро надоранд.
Тоифаи мазкур аз роҳбарашон сар карда, то аъзои қаториашон ҳаққи муаррифии миллати тоҷикро дар ин қитъаи пешрафти олам надоранд. Ҷаҳоннигарии танги динӣ, ҷаҳолату хурофотпарастии онҳо ба миллати шарафманди тоҷик ягон иртибот надорад. Мо донишҷӯёни донишгоҳҳои Олмон ба ҳеҷ ваҷҳ намехоҳем, ки дар кишвари иқомат миллатамонро ба василаи ин паноҳандаҳои ифротӣ шиносанд.
Аммо бетамизӣ дар ниҳоди роҳбар, аъзо ва тарфдорони ташкилоти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремистӣ-террористӣ эълоншудаи Наҳзати исломӣ ҷо гирифта будааст. Агар чунин набуд, онҳо пикетҳои майда-чуйдаашонро (маъмулан дар шаҳрҳои Олмон қариб ҳар рӯзҳои истироҳатӣ роҳпаймоиҳои чандинҳазорнафара барпо мешавад ва касе дар қиссаи онҳо нест) аз номи ташкилоти худашон анҷом медоданд.
То ҷое, ки мо – аъзоёни “Маҳфили ҷавонони тоҷикистонӣ дар Олмон” медонем, ягон донишҷӯй дар ин гуна чорабиниҳо иштирок накардааст ва нахоҳад кард. Тавре, ки тоҷикони муқими Аврупо, бахусус Олмон, аз қабили оҳангсозону, табибон ва олимону муҳандисон ҳамеша аз робита бо аъзо ва тарфдорони ташкилоти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремистӣ-террористӣ эълоншудаи Наҳзати исломӣ дӯрӣ меҷуянд. Тоҷикони ватандӯст аз ин тоифа безор ҳастанд!
Мо, ҳамчун намояндагони аслии тоҷикони муқими Олмон аъзоёни “Маҳфили донишҷӯёни Тоҷикистон дар Олмон” ва “Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Олмон”, ки миллати хешро ба таври арзанда муаррифӣ намуда, дар муассисаҳои таълимӣ сарбаландона дарс мехонем ва дар муассисаҳо фаъолият мебарем, қотеона ҳамагуна баромадҳои зиддимиллии роҳбар, аъзо ва тарфдорони ташкилоти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремистӣ-террористӣ эълоншудаи Наҳзати исломиро комилан маҳкум мекунем.
Дар ин мулки ғарибӣ дар фосилаи чандин ҳазор километр дур аз Тоҷикистон ба як гушаи он – бино ва ҳудуди дохилии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикисон наздик омада, дар ҳаққи давлат ва миллати азизамон суханони носазо гуфтан, бешубҳа исботи ниҳоди пасту палидонаи ҳамагуна махлуқот аст.
Мо – аъзоёни “Маҳфили ҷавонони тоҷикистонӣ дар Олмон” бори дигар таъкид мекунем, ки муқобили аз номи тоҷикони муқими Аврупо сухан гуфтани як тудаи ифротгароён ҳастем ва зиёдтар аз ҳама ташкили пикетҳоро алайҳи миллати тоҷик маҳкум менамоем!
“МАҲФИЛИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОНӢ
ДАР ОЛМОН”