Чанд роҳгумзада наметавонанд бо баргузории гуё «митинг» ва ҷамъшавиҳои бемаънӣ чизеро тағир диханд. Аниқтараш имрӯз тавасути шабакаҳои иҷтимои мо шоҳиди он гардидем, ки як зумра хиёнаткорони Ватан дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Олмон ба гуфти худашон «тазоҳурот» ташкил намуданду боиси хандахаришу масхараи тамошобинони ва корбарони шабакаҳои иҷтимои гардиданд.Ниятҳои нопоки онҳо аз суханрониҳои сохтакоронаву пучу бемағзашон баръало аён буд.
Аз маъракаи гузаронидаи онҳо ба қавле “миллаи касе ҳам нахурд”.
То имрӯз зери мафҳуми озодандешону фарҳангиёни тоҷик мо шахсиятҳое чун Мӯъмин Қаноат, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Гулрухсор,
Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Раҳими Мусулмониён ва ғайраро мешинохтем. Наход муассисони ин анҷуман то дараҷае ақлашонро хӯрда, худашонро бо чунин чеҳраҳои фикрию фарҳангии тоҷик баробар дониста бошанд? Наход акнун кори миллат то ҷое расида бошад, ки як мушт хоину авбош ва афроди бегона аз ҷавҳару арзишҳои тоҷикӣ худро «озодандешони тоҷик» ва «афроди шинохтаи фарҳангии тоҷик» муаррифӣ кунанд?
Бешубҳа, ин таҳқири ошкоро ба миллати бузургест, ки ҳазорон фарзанди фарҳангсолору сиёсатмадор дорад.
Хулоса, такяи мухолифин ва хоҷагони онҳо ба ин дастаи шахсиятҳои гумному бадном нишондиҳандаи пурра аз байн рафтани заминаи иҷтимоии онҳо дар дохили кишвар аст. Ин ҳолат ҳамон масали тоҷикиро ба ёд меорад, ки «аз бенамакӣ сангро намак ва аз беамакӣ харро амак гуфтаанд».
Пас, чи гуна ватанфурӯшону муздурон дар бораи ватан ва «бунёди Тоҷикистони навин» даъво мекунанд?
Мо донишҷуёни донишгоҳҳои шаҳри Москва амали хиёнаткоронаи аъзоёни ТЭТ ҲНИ ро дастаҷамъона маҳкум намуда, намегузорем, ки ба Ватани махбубамон аз ҷониби чунин гуруҳои манфиатҷу зараре расад.
Аъзоёни Маҳфили ҷавонони тоҷикистонии Федерацияи Россия