Ҳамҷинсбозони беҳиҷоб, ки сатру ҳиҷобро меъёри либоспӯшӣ медонанд

Хабарҳо

Аҷаб. Зиндагӣ зидду нақиз аст. Ҳолатҳоеро ба мушоҳида мегирӣ, ки аслан интизорашро надоштӣ. Фарде чунон рафторро ба дигарон раво медонад, ки худаш дар ботину зоҳир ба ин кор мухолифи шадид аст. Худаш дар Аврупо ҳай ҷунбон ҷунбон бо либоси ғарбӣ, аъзои баданро метаконаду мечунбонаду каҷ мегӯяд.

Худ миниюбкаро мепарастаду ба дигарон маҳдудкуниро дуо мекунад. Мардумро ба бероҳа мебарад. Аврупоро «дор-ул-ҳарб» мегуфтанд ва макони фасод, худ он ҷо ҷой гирифтанд, бо либосҳои бараҳна мегарданду ба шариат пушти пой заданд. Ин ашхосро дар урфият мунофиқ гуфтандӣ. Мана мисоли зинда:

Тамоми хонумҳои ба ном «озодандеш», наҳзатӣ ва паймонаки зиддимиллӣ, занҳо ва мардоне ки шуҳрати шаттоҳӣ ва худнамоӣ доранд, пояшон ба лаби гӯр расидааст ва касе то ҳол дар Ғарб ҳиҷобпӯшии онҳо ва авлодашро надидааст, қарорро дар бораи манъ кардани ҳиҷобпӯшон барои даромадан ба идораҳои давлатӣ дастак карда, дари насиҳатгӯйи нораворо боз кардаанд.

Чунин ҷеғ задаанд, ин бериёҳо: «Агар воқеъан ин тасмими давлат ҷиддӣ аст, пас чунин маҳдудкуниҳо дағалона вайрон кардани ҳуқуқи занон ба озодии интихоби либос ва озодии эътиқод ба хисоб меравад».

Эй мардон ва занони беақл, шумо мехоҳед мо дар ҳавову ҳаваси Афғонистону кишварҳои сиёҳпӯш қадам бардорем, бачабозиро ривоҷ диҳем, к…….ро паҳн кунем, ҷомеаро ба дӯзаху зулмот ва ҳамҷинсгароӣ табдил диҳем. Магар хичоби хамин Афгонистон барои шумо дарс нест, бинед холу ахволи онхоро. Шумо мардумро ба торики даъват доред, ба хурофоту ноороми. Барои мо дунявиҳо ин кишварҳо ва гапҳои фартути шумо меъёру мелок нестанд. Зеро онҳо «ҷахонро бори душанд» (Иқбол).

Мо бурунро нангарему қолро,

Мо дарунро бингарему ҳолро (Мавлоно)

Барои Тоҷики миёнаоморӣ, ки душмани хуруфоту ақибнишинӣ аст, кишварҳои пешрафта меъёр ҳастанд. Занҳоро шумо зиндабагӯр мекунед. Момаву модарони мо ҳеч вақт ба ин ҳиҷоби сарироҳӣ ва туфта, ки моли мардуми биёбон аст, арҷ нагузоштанд, бо як рӯйсарии одии сафед, зиндагӣ карданд, заҳмат кашиданд, виқори зани тоҷикро ҳифз карданд. Асолати фарҳанги точикро, ки дар либоспӯшӣ ифода меёбад нигоҳ доштанд. Гулдӯзиву чаканро мепӯшиданд, чун гулҳои баҳор бо таровату тоза буданд.

Имрӯз чӣ? Ҳиҷобпӯшҳои имрӯза ин ҳамон пиёданизоми нахзатию ДОИШ ва аҷинаву толибанд, ки муди ҷангҷӯйиро дар ҷомеа амалӣ мекунанд. Ин рамзсозии сунъӣ ба нафъи ҳалқаҳои торики минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҳаст, ки мақсадаш дар чорчӯби либоспушии мардумро маҳдуд кардан ва баъдан дар таҳти ҳамин либос, ба нооромӣ даст задан аст. ДОИШ-ро бинед, аввал ба занҳо талқини либоси сиёҳ кардан, баъдан онро ба байрақи худ табдил доданд. Байрақи одамкушӣ. Ту мефаҳмӣ, беақл.

Аз ин ҳиҷобҳои имрӯза ҳазар, на иффату на исмат доранд. Ними тан баромада, қадамзаниҳо ҳам илҳомбахш ва диқкатҷалбкунанда.

Ба назар чунин мерасад, ки занҳои наҳзатӣ бекор мондаанд ва ба ҷойи кори судмандеро анҷом додан, ба ёвасароӣ ва беҳудагӣ даст задаанд.

Чун ин тоифа ба зарбулмасал шавқи беандоза дорад, ба онҳо муроҷиат карда, мегӯем: «Барои кӯр торику равшан яксон аст», «Зарфи дарунхолӣ, овози баланд дорад», «Ҳамаро бо як чашм бин»; «Чашми бе назар, кури маънавист» ва дар охир «Дари касро бо мушт макуб, ки дари туро бо лагад хоҳанд куфт» ва охири охир «Шуши накд беҳ аз дунбаи насия».

Нахзатихо «Ба боми кас санг маандоз, ки баргашта ба худат мезанад», монеи чорабиниҳои муҳим намешавед, иқдоми манъи ҳиҷобпӯшҳо ҳатмист ва пиёда хоҳад шуд. Шумо беҳаёҳо хоҳед ва ё нахоҳед. Ба шумо тавсия, миниюбка пушед, зеро ончое, ки шумо мардум шавқманди ин корҳоянд.

Фарҳод Пирмадов, таҳлилгар