Кулли мардуми шарифи кишварамон ва тамоми афроди аз воқеаҳои Тоҷикистони пасазистиқлолӣ огоҳ аз бедодгарию ваҳшигариҳо ва ҷинояткорию хунхориҳои душманони миллат – наҳзатиҳо, ки дар зери либоси дину мазҳаб ба тамоми амалҳои пасту зишт даст зада, ин кирдорҳои заҳҳоконаю аҳриманонаи хешро хостори Худованд меномиданд, ба пуррагӣ хабардоранд.
Қатлу ғорати одамон барои ин афроди кӯрдилу тангназар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ як амали маъмулӣ шуда буд ва инсон барои ин разилону бешарафшон аслан ҳеҷ арзише надошт. Он замон террористону экстремистони наҳзатӣ шумораи зиёди оламону донишмандон ва равшанфикрону зиёиёнро ба қатл расонда буданд.
Агар сухан сари ҷинояту ҷинояткориҳои наҳзатиҳо равад, ҳеҷ ҷойи шакку шубҳа нест. Зеро ҷиноятҳои солиёни зиёд анҷомдодаи онҳо бешумор буда, на танҳо мардуми шарифи Тоҷикистон, балки тамоми сокинони минтақаро ба ташвиш оварда буд. Масалан, танҳо дар 5 сол 45 нафар аъзои ҳизби мамнуи наҳзат ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, аз ҷумла 17 нафарашон ҷиноятҳои хусусияти террористидоштаро содир намудаанд. Ин амалҳои эшон иборат аз ташкили иттиҳодияҳои ҷиноятӣ ва иштирок дар даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии кишвар ва барангехтани кинаю адовати динӣ, ки барои ноором сохтани вазъи сиёсӣ мусоидат менамоянд, мебошанд.
Аз дасти нохалафону террористони наҳзатӣ он донишмандону олимон, рӯзноманигору сиёсатмадорон ва адибону эҷодкороне қатл гардида ҷаҳонро тарк кардаанд, ки на танҳо дар ҷумҳурии мо, балки берун аз марзи он шинохта шуда, обрӯю нуфӯзи зиёд доштанд. Ноҷавонмардони наҳзатӣ дар баробари талаву тороҷи мардуми одию заҳматкаш, олимону зиёиён ва рӯзноманигорону сиёсатмадоронро ба қатл расонида, чароғи илму маърифатро дар кишвар хомӯш карданӣ буданд. Ҳарчанд ин амалҳои ваҳшатангезу хатарноки намояндагони ТТЭ ҲНИ хотима ёфтаанд, вале захми онҳо ҳанӯз дар синаи миллат боқист.
Аз дасти ба хун олӯда ва теғи хунхоронаи террористони наҳзатӣ Қаҳрамони ИҶШС Ҳайдар Қосимов, физикадон ва файласуфи шуҳратёр Муҳаммад Осимӣ, равонпизишки маъруф Минҳоҷ Ғуломов, ҷарроҳи номвар Юсуф Исҳоқӣ, адиби сеҳмаҳсул Сайф Афардӣ, рӯзноманигори нуктасанҷ Отахон Латифӣ, аккоси борикбин Муҳиддин Олимпур, сиёсатмадори ҷасур Сафаралӣ Кенҷаев ва даҳҳо олимону донишмандони дигар бераҳмона ва ваҳшиёна ба қатл расонида шуданд. Ин ҳама қатлу кушторҳо ба таври силсилавӣ рӯи кор омада, ба ҳамдигар пайвандӣ ва шабоҳате доранд, ки нишонаи амалҳои пайдарпайи террористони наҳзатӣ мебошад. Анҷом додани чунин амалҳои ваҳшатангез андешаи бевоситаи роҳбарияти ТТЭ ҲНИ буда, ба хотири дар муқобили ҳукумати вақт шӯронидани аҳолӣ роҳандозӣ карда шудаанд. Зеро ҳар яке аз ин чеҳраҳои саршиноси кишвар дар самти фаъолияти худ қутбнамо ва равшангари роҳи ояндагон буда, сухани онон метавонист мардумро аз майдоннишинӣ, душманӣ ба якдигар, тафриқаандозӣ ва гурӯҳбозиҳо нигоҳ дорад.
Ноҷавонмардони наҳзатӣ на танҳо олимону рӯзноманигоронро дар шаҳри Душанбе ҳадафи тири нопоки хеш қарор доданд, балки дар ҳама гӯшаю канори кишвар даст ба қатлу куштор зада, бархе аз зиёиёни манотиқи мухатлифи ҷумҳуриро ба қатл расониданд, ки яке аз онҳо корманди ҳафтаномаи «Шараф»-и ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Рӯзибой Ҷумъаев буд. Террористону экстремистони наҳзатӣ ба мисли Рӯзибойи қубодиёнӣ, ки барои пешрафти ноҳияи худ ва баланд бардоштани сатҳу фарҳангу маърифат дар минтақаи хеш саҳми назаррас дошанд, ҳазорон нафари дигарро ваҳшиёна ба қатл расониданд. Ин беномусони кӯрдил ва ваҳшиёни зархарид ба тамоми амалҳои баду зишт ва пасту разилона қодир буда, агар имкон ёбанд, имрӯз ҳам ҳар нафари огоҳу бедор ва озодаю фарзонаро ба қатл мерасонанд.
Ақли солим хуб медонад, ки дар ҷомеа ҳар қадар таассубу хурофоти динӣ афзун гардад, ҳамон қадар нерӯҳои илмию фарҳангӣ заиф мешаванд ва нофаҳмию ихтилофоти динӣ-мазҳабӣ миёни халқ роиҷ мегардад. Ба ин раванд роҳбарияти ТТЭ ҲНИ асос гузоштанд ва аъзову пайравони ташкилоти мазкур маҷрои онро сероб карданд. Дар бунёди фазои хурофоту таассуби динӣ, ки батадриҷ дар ҷомеа реша давонда, боиси даргириҳои хунин гардид, нақши ТТЭ ҲНИ бармало маълум аст. Яъне, наҳзатиёни террорист тавассути ин амалҳои даҳшатбору нафратангези худ миллати фарҳандӯсту тамаддунофари тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ, чун як миллати душмани илму дониш ва фарҳангу маърифат нишон доданӣ шуданд.
Ҳамин тавр, роҳбарияти фирории наҳзатӣ дар симои Кабирӣ ва чанде аз мухлисонаш дар хориҷи кишвар доди ватанхоҳӣ мезананд ва бо фиреби назар дар дили сокинони камогоҳу ноогоҳи кишвар, ки дар фазои амну суботи сиёсию иҷтимоӣ зиндагӣ мекунанд, тухми кинаву адоват ва туғёну исёнро мекоранд, то ба ҳадафҳои нопоки худ бирасанд. Вале мардум дигар фиреби ин тоифаро намехӯрад ва рафтан аз қафои онҳоро ор медонад ва хуб дарк мекунад, ки кулли фирориёни наҳзатӣ террористони хунхору ифротиёни нопок буда, душманони аслии миллат ва меҳани мо маҳсуб меёбанд. Чунки амалҳои анҷомдодаи онон аз субҳи соҳибистиқлолӣ то ба имрӯз бархилофи манфиатҳои миллӣ буда, рушди ҳама соҳаҳои фаъолияти зеҳнию ҷисмонии инсонҳоро маҳв менамояд ва дар дилхоҳ маврид беҳтарин олимону рӯзноманигорон ва умуман эҷодкорону зиёиёнро аз байн мебарад.
Нодири ҚОДИР,
таҳлилгар