Тафовутҳо ва умумиятҳо»-ро мурур кардаму беихтиёр хаёлам ба суњбати тозаи видеоиаш рафт.
Суњбати видеоии ахири М. Садриддинро дирўз дар Ютуб тамошо намуда, бори дигар яќин кардам, ки ин мард ба дараљае мутаассиб ва хурофотист, ки дар сурати пайдо кардани одитари имкони ќудрати сиёсї ва низомї њазорон ва њатто миллионњо нафарро ба хотири аќидаи пўсидаи асримиёнагиаш ќурбон месозад (ва аз ин амали нангин њатто мижжааш хам намехўрад). Агар бовар надоред, суњбати видеоиашро бодиќќат тамошо кунед. Албатта, агар зењни озод, пўё ва љўё дошта бошед, дар акси њол, мисли М. Садриддин њамаро яксон ба куфру илњод муттањам мекунед.
СИЛСИЛАИ ТАЊЌИРУ ЊАЌОРАТЊОЕ, КИ М. САДРИДДИН УНВОНИИ РАЊБАРИЯТИ ЉУМЊУРЇ ИРСОЛ ДОШТА ВА МЕДОРАД, ГУВОЊИ ОНАНД, КИ ИН МАРД ИНСОНИ СОЛИМ НЕСТ. АСЛАН, ТААССУБ ВА ХОССА, ТААССУБИ МАЗЊАБИРО РАВОНШИНОСОН ЯК БЕМОРИИ РИЌЌАТБОР ВА ДАР АЙНИ ЗАМОН, ХАТАРНОК ТАЛАЌЌЇ МЕКУНАНД ВА ЊАР КЇ ТААССУБ МЕВАРЗАД (ХОЊ ТААССУБИ ДИНЇ ВА ХОЊ ТААССУБИ ДУНЯВЇ), АЗ НАЗАРИ РЎЊЇ СОЛИМ НЕСТ ВА УЌДА Ё БА ИСТИЛОЊ, КОМПЛЕКС ДОРАД. БИНОБАР ИН, БА ТАБОБАТ НИЁЗ ДОРАД ВА АГАР ТАБОБАТИ РАВОНЇ СУРАТ НАГИРАД, ИН НАВЪ ИНСОНЊО БА АМАЛЊОЕ ДАСТ МЕЗАНАНД, КИ БАРОИ ЉОМЕА ХАТАРБОРАНД. АЗ ИН ЉОСТ, КИ М. САДРИДДИН ДАР ИБТИДОИ ЊАР НАВИШТА, МАТЛАБ ВА СУЊБАТАШ АВВАЛ ХУДРО ЯК НАВЪ КОНТРОЛ МЕКУНАД, ВАЛЕ БО ГУЗАШТИ ФУРСАТИ АНДАК МУВОЗИНАТИ РАВОНЇ, ФИКРЇ ВА ЭЊСОСИРО ГУМ КАРДА, БА ЊУЉУМ МЕГУЗАРАД ВА ДАР ОТАШИ ХАШМУ ЃАЗАБИ ИФРОТЇ ВА МУТААССИБАШ ЊАМА ХУШКУ ТАРРО МЕСЎЗОНАД. АЉАБАМ МЕОЯД, КИ ЧЇ ТУР ИН МАРДИ САРОПО МУТААССИБ ВА БАДБИНРО АВРУПОИЁНИ ДЕМОКРАТ ВА ОЗОДИХОЊ ГЎШ МЕКУНАНД ВА ТАЊАММУЛ МЕНАМОЯНД? ШОЯД ГУФТАЮ НАВИШТАЊОЯШ БА МАНОФЕИ СИЁСЇ ВА ГЕОПОЛИТИКИИ ЯК ИДДА СОЗМОНУ ГУРЎЊЊОИ СИЁСИИ ЃАРБЇ ЉУР БИОЯД ВА ЊАМИН ТУР ЊАМ ЊАСТ. ДАР ИН ДУНЁИ МОШИНЇ КАСЕ БА КАСЕ БИДУНИ ДАР НАЗАР ГИРИФТАНИ ФОИДАЕ ЧИЗЕ НАМЕДИЊАД ВА ИМКОНИ МОДДИЮ МАЪНАВИЕ ФАРОЊАМ НАМЕОВАРАД. ИН АСТ, КИ ДАР ПУШТИ ГАЗОФАЊОИ М. САДРИДДИН ЊАМ СОЗМОНЊОЕ ПИНЊОН ШУДА, НИЁЗЊОИ СИЁСЇ, ИЌТИСОДЇ, МОЛИЯВЇ ВА ГЕОПОЛИТИКИ ХЕШРО БАРОВАРДА МЕСОЗАНД. БА ИН МАНЗУР МУЗАХРАФОТИ М. САДРИДДИНРО ГЎШ МЕКУНАНД ВА АЉИБТАР АЗ ИН, ПАЊНУ ИНТИШОР МЕДИЊАНД, ТО ХУРОФАЮ ТААССУБИ МАЗЊАБЇ МУЊИТИ ТОЉИКИСТОНИ ДУНЯВИРО ФАРО БИГИРАДУ ЉОМЕАЊО ДАР ЊОЛАТИ ДАРГИРИЮ БЕСУБОТЇ БА САР БУБАРАНД. МАЊЗ БАРОИ ЊАМИН БАЪЗЕ ДОИРАЊОИ СИЁСИИ МИНТАЌАВЇ ВА АВРУПОЇ АЗ ИН ШАХСИЯТЊОИ БЕЊУВИЯТ ВА САРОПО МУТААССИБ ПУШТИБОНЇ МЕКУНАНД ВА БО ИН АМАЛИ НАНГИН ДОЃ БАР СЕКУЛЯРИЗМУ ДЕМОКРАТИЗМИ АВРУПОЇ МЕОВАРАНД. ЧЇ КУНЕМ, КИ СЕНАРИЯПАРДОЗОН ВА КОРГАРДОНОНИ БОЗИЊОИ СИЁСЇ ПАСИ ПАРДА ПИНЊОНАНД ВА РЎЙИРОСТ НАМЕТАВОН БО ОНЊО БАРХЎРД КАРД. БОЗ ДАР ПУШТИ ИН ДОИРАЊО ДЕМОКРАТИЯ, ОЗОДЇ, ИСТИЌЛОЛИЯТИ ФИКРЇ, ДИГАРАНДЕШЇ ВА АМСОЛИ ИНЊО БАРИН МАФОЊИМИ ДАСТКОРИШУДАИ ДАСТГОЊЊОИ СИЁСИЮ ГЕОСТРАТЕГИИ ЃАРБЇ ИСТОДААСТ ВА ЊАР ЧЇ МЕГЎЙЇ, ЊАТТО ЭКСТРЕМИСТОНУ ТЕРРОРИСТОНИ НАЊЗАТЇ ЊАМ БО ЗАБОНИ ДЕМОКРОСЇ БА САРАТ МЕЗАНАНД ВА ИТТИЊОМИ ДИКТОТУР ВА МУСТАБИДРО БА ГАРДАНАТ ИЉБОРАН МЕБАНДАНД. М. САДРИДДИН БО МАЉМЎАИ МУЗАХРАФОТАШ ЯК МИЛЛАТИ СЕКУЛОРИ ТОЉИКРО БАДНОМ МЕКУНАД ВА РОЊРО БАРОИ ТАШАННУЉИ ХУРОФОТУ ЉАЊОЛАТИ МАЗЊАБЇ ЊАМВОР МЕСОЗАД. ДАР ИН ВАЗЪИЯТ БОЯД МО СУКУТ КУНЕМ, ТО ЯК МУШТ МУФТХЎРУ ХУРОФОТЇ ЉОМЕАИ СЕКУЛОРАМОНРО ЗЕРИ СУОЛ БУБАРАНД?! НА, АГАР ДАР БАРОБАРИ ИН ТОИФАИ МУТАЊАЉЉИР ВА ХУШАНДЕШ СУКУТ ИХТИЁР МЕКУНЕМ, ФАРДО ОЯНДАГОН МОРО НАФРИН ХОЊАНД КАРД.
Ин марди мазњабї њанўз аввали моњи октябри соли љорї дар сомонаи ифротиаш матлабе тањти унвони «Нишасти сарони ИДМ ҷуз ширкати Пашиняну “ҷипи” Мирзиёев навгонӣ ё паёми дигаре надошт» интишор дода, ба мавзўи Пашинян рў оварда буд. Дар он матлаб аз сарвазири Арманистон љаноби Никол Пашинян таърифу тамљид намуда буд. Акнун дубора ба мавзўи мазкур баргашта, М. Садриддини мутаассиб фаъолияти Пашиняни арманиро мавриди тањлили «мўшикофона» мегирад, дар сурате ки Пашинян марди секулор ва дунявї асту М. Садриддин дар њирси мансаби муњтасибї ва алломагии исломї месўзад. Аќаллан инсоф бояд кард: Пашиняни бедиплом аз миллионњо нањзатие назири М. Садриддин, ки мактабњои олии кишварњои исломиро хатм намудааст, болотар мебошад. Агар Пашинянро мардуми босаводи арман љонибдорї кунанд, Садриддинњоро бошад, чанд гумроҳе, ки дар хурофоту љањолати динї ѓутидаанд, пуштибонї менамояд. Мисраи «Бубин, тафовути роњ аз куљо то ба куљост» ба М. Садриддин ва тими садриддинї сидќ мекунад. Пашинян мисоли зиндаи тафаккури бози сиёсист, на тафаккури бастаи сиёсї, ки дар ќолаби муќобилияти нањзатї рўйи сафањоти интернетї рехта мешавад. Аз ин лињоз, наметавон Пашинянро бо бузургтарин намояндаи тими нањзатї муќоиса кард. Њадафи Пашинян ободї, озодї ва истиќлолияти фикрию сиёсї ва маданию иќтисодии халќи арман аст, аммо муборизаи садриддинї дар доираи хостњои нањзатї – барпо кардани давлати динї бар мабнои шариати исломї, мањдуд мегардад. Марз ва масофаи тафовутро бубинед ки чї миќдор дур аст.
М. Садриддин бо хашми ба худ хос ба тавњини раисљумњури Тољикистон мепардозад ва бахши охири матлабашро бо тањдидњои њамешагї анљом медињад. Аввал ин ки тими нањзатї бо њама шўру валвалае, ки имрўз меангдозад, як дар сади хидматњои раисљумњури Тољикистонро барои мамлакат ва миллат анљом надодааст. Дувум ин ки бо чї љуръате М. Садриддин, ки зарфияти фикрї ва сиёсї ва кучактарин тафаккури дунявї надорад, аз номи миллат њарф мезанад. Миллате, ки дар роњи дунявият иќдом бардошта истодааст, на диният. «Мо миллат пирӯз хоҳем шуд»- гуфтани М. Садриддин маънии аз номи миллат садо балданд карданро далолат мекунад. Ин такаббур ва ман-маниро бубинед?! М. Садриддин дар баробари ин миллати бузург, ки тољик ном дорад, чї хидмате кардааст, ки мардум ва миллатро мухотаб ќарор медињад. Њамин миллати тољик будааст, ки тайи таърихи тўлонї бо душманони аҷнабӣ мубориза бурда, љонбозињо намудааст ва имрўз њам бо Садриддинњо, ки аз номи мафкураи бегона њарф мезананд, дасту панља нарм мекунад. Куљои суханон ва хитобњои мудавоми расонаии М. Садриддин дарди миллати тољикро даво мебахшанд? Ў, ки дар фикру хаёли ба ќудрат расидан ва барпо доштани як њукумати мустабидаи динї аст ва сари минбарњои мазњабї амри маъруф ва нањй аз мункар карданро як умр орзу мекунад. Барои миллат ва арзишњои бостонии миллї дар афкори пўсидаи М.Садриддин љой нест. Моњияти мафкура ва андешаи ўро як мушт хурофоту таассуби мазњабї ташкил медињад, ки ин маљмўаи бинишњои тангу мањдудашро бо пероњани аврупої (куту шалвори ѓарбї) тазйин мекунад, то мардум ва доирањои сиёсии аврупої демократ буданашро яќин намоянд. Вале моњияти ў њамонест, ки дар зуњуроташ намоён аст ва он, мутаассифона, таѓйир намеёбад, зеро ки аз порае хурофот ва порае эњсосот таркиб ёфтааст.
Фаридун Ориёї