Нусхабардори ахбори дурӯғ – risolattj.com

Хабарҳо

Сомонаи «рисолат», ки рисолати паҳн кардани ахбори дурӯғро дорад, навиштааст «Нооромӣ дар Хоруғ ба далели боздошти бародари Боқир». Ва айнан иттилооти сомонаи падари дурӯғгӯён–ахбор.ком-ро беислоҳ ва каму кост рӯбардор карда, ба мардум расонидааст. Ин бархӯрдро дар муҳити журналистон, шармандагӣ мегӯянд. Плагиат мегӯянд. Дуздии ҳаққи захмати муаллиф мегӯянд.

Аз рӯйи ахборе ки дар даст ҳаст, ин рисолати зиддимиллиро фарди балвогар М.Садруддин ба уҳда дорад ва ташхиси муаллифшиносӣ нишон медиҳад, ки ахборҳоро дуздондӣ ва ба онҳо ҳукми шариат оростӣ. Ва касе ки ёбондӣ ва дар гузари хати душман ба ҳукми дурӯғ равған чакондӣ, Мирзочаи Салимпул астандӣ.
Зоғсифатони каҷманиши сомонаи «рисолат» тарзу усули истифодаи иттилоот ва иттилоотрасониро намедонанд. Намедонанд, ки барои мунсифона ҳукм кардани ҳақиқат овардани мавқеи тарафи муқобил шарт аст. Иқро бисмилрабика лаз халақа – Бихон ба баракати номи Парвардигорат»-ро ин ифротинамоҳои сустимон нахондаанд. Аз Ислом дар ҷойи шираи маънавиёти онро ривоҷ додан, қатлу кушторро паҳн мекунанд. Аз он хурсанданд, ки дар гӯшаи Тоҷикистон нооромие сар мезанаду онҳо шумораи «хонанда»-ҳои худро зиёд мекунанд. Аз он табли шодӣ мезананд, ки дар дидбонгоҳе ҷинояткореро дастгир карданд ва аз ин ҷинояткор «норозии Ҳукумат» месозанд. Аз ҷинояткор «аллома» метарошанд. «Лидерони ғайрирасмӣ» дуруст мекунанд. Ин рисолатфурӯхтаҳо дарки асолати миллиро ба куллӣ гум кардаанд. Як лидер дар вилояти Бадахшон вуҷуд дорад-ММИҲД ки масъулияти мудириятро ба уҳда дорад. Ҳисоботдеҳ аст. Ин гурӯҳакҳои ҷиноятманиш бошад созгору муносиби маҳбасу зиндон аст. Рисолат бошад бо ин дурӯғпароканиаш ба завлонаи занчири ғафс ниёз дорад. Ва дурраи шариатӣ.
Киром Давлатов, таҳлилгар