Дар сомонаи интернетии «payom.net» паёми солинавии раҳбари паймони зидди миллии Тоҷикистон Кабириро мутолиа намуда ба чунин хулоса омадам, ки дар ҳақиқат ин хоини миллати тоҷик дар рўй доштааст. Ҳангоме, ки Кабирӣ дар давлатҳои исломӣ қарор дошт давоми ин солҳо ягон маротиба нашунида будем, ки ин хоин фарорасии соли нави мелодиро ба мардум шодбош гуфта бошад ва
аз «ислом» сухан мекард. Акнун, ки дар яке аз давлатҳои Аврупо, Олмон ҷойи зисти худро ихтиёр кардааст бо мақсади худнишондиҳи, ба ҳилаю найранги навбатӣ даст зада, фарорасии соли навро яке аз фурсати мувофиқ дониста ба чоплусию хушомадгўи гузаштааст. Гўё, ки ин «наҳзатӣ» барои амалӣ намудани нақшаҳои ѓаразноки худ ва ба даст овардани маблаѓҳои муфт аз «хоҷагони хориҷияш» акнун «масеҳи» шуда бошад.
Ин хоини миллат дар «паёмаш» дуруст қайд кардааст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон миллатҳои гуногун ва гуногунмазҳаб дар фазои дўстӣ, якдигарфаҳмӣ, эҳтироми мутақобил садсолаҳо зиндагӣ мекунанд. Магар Кабирӣ ва ҳаммаслакони ў фаромўш карда бошанд, ки агар он амалҳои хунини ин наҳзатиҳои террорист дар солҳои 90-уми асри гузашта нисбати мардуми тоҷику дигар миллатҳои кишвар, алалхусус русҳо раво намедиданд ва аксарияти онҳо, аз ҷумла мутахассисони варзидаи соҳаҳои саноату энергетика, тиббӣ, кишоварзӣ барои эмин доштани ҷони худу наздиконашон Тоҷикистонро тарк намекарданд, мумкин буд то ҳол дар ин кишвари азизи мо зиндагӣ карда барои баланд бардоштани соҳаҳои мухталифи иқтисодиётамон саҳми арзандаи худро мегузоштанду иқтисодиёти Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир аз ин ҳам зиёд рушд мекард. Аммо ин наҳзатиҳои исломӣ кишварамонро аз митингбозиҳо, баҳсу ҷанҷолҳо, ихтилофоти мазҳабиву қавмҳо ба ҷанги граждани табдил доданд, Ватани ободамонро ба харобазор табдил дода ба хуни мардуми тоҷику дигар миллатҳо оѓушта карданд ва дар арсаи ҷаҳон номи тоҷикро паст заданд. Зиёда аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандон кўшта шуда, зиёда аз 1 млн нафар гуреза шуданд. Амалҳои хунини ин разилон ҳеҷ гоҳ аз ёдҳо фаромўш намешавад ва дар саҳифаҳои таърих ҳамчун рўзҳои мудҳиши ин миллати бофарҳанг сабт гардидааст.
Ҳамин нуқтаро бояд зикр кард, ки акнун Кабирии наҳзатӣ худро ҳамчун роҳбари ба ном Паймони миллии Тоҷикистон муаррифӣ намудааст истодааст. Ҳол он ки ин паймони зидди миллӣ аст, дар ин гурўҳак ба ѓайри аз ду-се оворагарди бесоҳибе, ки мисли Кабирӣ на дар дохилу на дар хориҷи кишвар обрў надоранд ба мисоли Варакию, Шерзамону дигар тоифаҳои миллаткуши тоҷик дигар одамҳои соли аъзо нестанд ва ин созмони зидди миллӣ танҳо ба манфиатҳи «хоҷагони хориҷӣ» ташкил шуда, супоришҳои онҳоро ин ду-се саги бесоҳиби дар ба дар иҷро менамояд. Барои ин корашон ба ин беномусон як маблаѓи ночиз дода мешавад, ки дар ин давлати Аврупо аз гуруснагӣ намиранд.
Айни замон аҳолии гуногунмиллати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як кишвари дунявӣ дар фазои сулҳу ваҳдат, якдигарфаҳмӣ, бо риояи расму анъанаҳои миллӣ, мазҳабӣ зиндагӣ доранд ва ояндаи Тоҷикистон гулгулшукуфон аст.
Дар охир ба Кабирию косалесони наҳзатӣ гуфтаниям, умедвор бошанд соли 2019, «соли бозгашти хоинони наҳзатӣ» ба Ватан мебошад. Соли саволу ҷавобҳо барои ҷинояту амалҳои террористии содиркардаи онҳо нисбати давлату миллати тоҷик дар назди қонун мебошад ва мардуми сарбаланди тоҷик сад дар сад боварӣ доранд, ки Кабирию дигар пайравони наҳзатӣ солҳои нави минбаъдаро дар зиндонҳои Тоҷикистон, ки бо тамоми шароити Аврупои барои ин «хоинони миллат» омода карда шудааст, ҷашн мегиранд.
Ин буд буд паёмаки солинавии банда ба наҳзатиҳои террористи миллаткушу бегонапараст.
Мунир Шоҳин, таҳлилгари сиёсӣ