Дар соли 2018 мухолифони сиёсии тоҷики муқими хориҷа ба шикаст мувоҷех шуданд. Дағдағаҳои амниятии дохилии наҳзат, аз ин гурӯҳ ҷудо шудани сиёсатмадорони номӣ, Г24 ва дар марзҳои Афғонистон фирорӣ шудани қаноти ҷангии наҳзат «Ансурулло» ва мафтуншавӣ аз масъалаи ДИИШ, фурсати нокоме будан дар бозёбии беқувватии ифротиҳои фирорӣ.
Соли 2018 сол пуртаҳарруке барои шикасти мухолифони динмадор буд. Аз сӯи дигар, чолишҳои амниятӣ, ки наҳзат дар дохили ҳизб бо онҳо мувоҷеҳ шуда буд қабоҳатеро ба вучуд овард ва заъфи мудириятро ба намоиш гузошт.
Шаклгирии ПМЗ. Бартарии ифротиҳо бар равшанфикрон ва хатои таърихии демократҳои ватанфрӯш, ки рисолати миллии худро дар ин 2 даҳсола боз ба муллоҳо фурӯхтанд, мазмуни муҳтавои паймони зиддимиллиро ташкил медиҳад.
Боздошт ва озодии роҳбари “Гурӯҳи 24”. Боздошти Сӯҳроби Зафар, Наъимҷони Самиев, Насимҷони Шарифов ва даҳхо нафар чиноткорони наҳзатӣ нишон дод, ки роҳкори дастгирии ҷинояткорон кор мекунад ва муфид аст. Аз 1 моҳ то 1 сол дар зиндонҳо нигоҳ доштани ҷинояткорони наҳзатӣ далолат ба он ҳукм мекунад, ки тафсири ниҳодҳои ҳукуматӣ дар бораи ҷинояткорони фирорӣ муваффақ аст. Баъзеҳо дар зиндон қарор дорна два дигарон мувақкатан раҳо шуданд. Ин тадбир вақтгир аст. Хеч гап не боз кор давом дорад.
Ҳузури намояндагони давлат дар нишасти Варшава. Мушти обдори Муродҷон Саидзода бар пешонии душманони ғоявии ин миллат, фазоеро ба вуҷуд овард, ки душманро бояд мурданивор зад, то ба худ ояд ва роҳи фиребро нагирад.
Дар масъалаи Ҳамза ва Фотима, ниҳодҳои масъул сари вақт иқдом карданд ва монеи душманони идеявӣ шуданд, ки кудаконро ба сиёсат олуда сохтанд.
Эътирофоти маъмури собиқи КДАМ. Хоин ҷавоби худро ба зудтарин шакл хоҳад гирифт.
Бозгашти тартибот ба Бадахшон аз иқдомҳои саривақтии органҳои ҳифзи ҳуқуқ аст. Балвои доишиён дар зиндони Хучанд, ҷавоби сазовор гирифт. Дар бораи танишҳои марзӣ дар сарҳадии Ватан танҳо душман шодӣ мекунад.
Чолиш дар марзҳои Афғонистон. Қудрати 270 ҳазораи урдуи тоҷик, наход барои маҳв ва аз байн бурдани 50 нафар аслбохтаи қаноти ҷангии наҳзат «Ансорулло» нарасад, ки дар дараи касногузари вулусволии Ҷурм ва Вардуҷ аз тарсашон пинҳон шудаанд.
Лозим шавад, ҷангандаҳои тоҷик вориди осмони душман шуда ва ин манотиқро бидуни ҳамоҳангӣ бомбаборон хоҳад кард. Инро асли ватанхохӣ мегӯянд.
Аслӣ Манзаров, таҳлилгар