Ассотсиатсияе ки соҳибмулкаш дузд аст, ҳомии ҳуқуқи башар шудааст

Хабарҳо

Ассотсиатсияе ки соҳибмулкаш дузд аст,
ҳомии ҳуқуқи башар шудааст

Илҳомҷон Ёқубовро, ки аслан спекулянту қаллоб ва ёғиву ҳаннот дар маҳалаш мешиносанд, аз палидии тиннаташ анҷуманаке дар хориҷи кишвар ташкил кардааст ва ҳар оқипадарро дар зери чатри он аз тамоми гӯшаи дунё ҷамъ карда, то кӯмаки башардӯстона, аниқтараш луқмаи сагеро дар ҷайбаш руст кунад.

Маблағеро ҳам дуздонда, ҳукми шаръӣ ба он ороста, ҳомии инсон шудааст. Парадокси ҳувият ва рафтори шахсе ки на Ватан дорад ва на номус. Ин ашхосро маргинал ва ё манқуртӣ меноманд. Барои як пашизе ва дирҳамаке ҳама арзишҳоро мефурӯшанд. Дар ин анҷумани шаккоку шубҳаангез аз доишӣ саркарда то толибу таҳририву таблиғӣ иштирок доранд ва барои созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар ҳамчун захми носур шудааст.
Дигар хислати Илҳом-тӯра амбитсияи беҳаду канори мансабист. Дар суҳбатҳои хонаводагиаш орзуи раису вазир шудан доштааст. Барои ҳамин бо таҳлили сатҳӣ, ба хулосае омадааст, ки гӯё тавони бароварда сохтани орзуҳои ботилашро танҳо ҳизби мамнуи террористӣ метавонистаст. Булаҷаби таърихӣ ва чалласаводӣ. Аз ҳамин рӯ, ҳангоми сафарҳои наҳзатиҳо ба вилояти Суғд тамоми қарзу қаволаро гирифта, худро бизнесмени рақами №1 вонамуд мекардааст.
Ҳоло ҳам ба ҳамон калонгарӣ ин боксери ноком, ки сараш аз зарбаҳои ҳарифон сахт осеб дида, анҷумани минтақавӣ таъсис додааст. Ба ҳамон сари зарбахӯрда ва сармозада. Бо ҳамон ақлаки савдогарӣ. Ҳаннотӣ. Худфурӯшӣ.
Чеҳраи Файзинисо Воҳидоваро мехоҳад дар ғаразҳои нопоки худ истифода кунад. Намедонад волидайн ҳамсари ин зани бовиқор ҷавоби дандоншикан ба ин тоифаи аслбохтаву баднафс доданд.
Илҳом-тура бояд донад, ки «тафтиши ақоид» ва инквизитсияи динӣ, ки ӯ мехоҳад, суроғаи мушаххас дорад, онро доираи рӯҳонияти мутаасиб дар ҷумҳурӣ ва берун аз он чанд сол пеш имтиҳон мекарданд. Хонаҳоро ба «аҳли тақво» ва «мулҳидин»-у «мушрикин» ҷудо мекарданд, либоспӯширо исломиву ғайриисломӣ мепиндоштанд. Ришҳои суннатиро стажи меҳнатӣ медонистанд. Алҳақ, ки ин замонҳо ба тоқи нусрат супорида шуданд. Дунявият шиори мост ва миллат ифтихори мо. Ва гумроҳоне аз қабили Илҳом Ёқубов чирки зери нохун ҳастанд, на каму на беш.

Косарев Рустам, таҳлилгар