Ба андешаи коршиноси мо, таъқиби рӯирост аз ҷониби наҳзатиҳо дар аввали солҳои 90-ум сабаби аз Тоҷикистон фирор кардани намояндагони халқҳои ғайримусалмон гардид.
Соли 2015 аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби экстремистӣ-террористӣ манъ шуда буд.
(Матни пурраи қарори Суди Олии Тоҷикистон дар сомонаи АМИТ «Ховар» дар рубрикаи «Амният» ҷой дода шудааст). Сабабҳои қабули чунин қарор нисбат ба ТЭТ ҲНИ хеле зиёданд ва дар ин хусус коршиносон дар матбуоти даврӣ бисёр навиштаанд. Мулоҳизаҳои коршиноси мо Қамар НУРУЛҲАҚОВ низ вобаста ба ҳамин мавзӯст.
Муаллифи ин сатрҳо низ доир ба ин масъала чанд мақолае навиштааст. Азбаски ҳамаи сабабҳои ҷиддии аз ҷониби Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гардидани фаъолияти ҳизби мазкурро дар як мақола баён кардан имконнопазир аст, мо танҳо дар бораи яке аз сабабҳои он дар асоси осори ТЭТ ҲНИ мухтасаран маълумот хоҳем дод, то ки ҳимоятгарони ТЭТ ҲНИ дар кишварҳои Аврупо ва Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои динии инсон гунаҳгор мекунанд, аз асли воқеа воқиф бошанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан давлати дунявӣ буда, дар қонунгузории он ба ҳифзи ҳуқуқ ва баробарии ҳамаи миллатҳо ва пайравони динҳои мухталиф кафолат дода шудааст. Дар моддаи 8-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ё гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад… Ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд. Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд, манъ аст».
Ҳамчунин дар Конститутсияи ҶТ омадааст: «Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад (моддаи 17)», «Ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ
намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд (моддаи 26)».
Чунин кафолатҳои ҳуқуқӣ ҳастанд, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пайравони динҳои гуногун дар фазои озоди сиёсӣ кору зиндагӣ мекунанд ва ҳеҷ гуна низоъи динӣ, нажодӣ, миллӣ ва ғайра миёни онҳо вуҷуд надорад. Пайравони ҳамаи динҳо, чӣ дар ҷашну маросимҳо ва чӣ дар ҳолатҳои ғаму андӯҳ дар маъракаю маросимҳои ҳамдигар ширкат меварзанд, дасти ҳамдигар мегиранд, ба ҳамдигар ёрии беғаразона мерасонанд ва ғ.
Аммо ғаразҳои сиёсии ТЭТ ҲНИ, ки ба манфиатҳои геосиёсии Ҳукумати исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон сахт алоқаманд буд ва мебошад, ҳамаи ин дастовардҳои давлати дунявии Тоҷикистонро наметавонист бинад. ТЭТ ҲНИ ҳанӯз солҳои 90-уми садаи ХХ бо дастгирии молиявӣ, ҳарбӣ-сиёсӣ ва идеологии Ҳукумати ҶИЭ дар Тоҷикистон «инқилоби исломӣ»-и навъи эрониро раҳандозӣ намуда буд, ки оқибатҳои харобиовари он ба ҳамаи ҷаҳониён маълум аст. Аммо ТЭТ ҲНИ аз амалҳои экстремистӣ-террористии собиқаи худ пушаймон нашуда, бо пуштибонии Ҳукумати Исломии ҶИЭ баъди имзои созишномаи ризояти миллӣ ва сулҳи тоҷикон 27 июни соли 1997 фаъолияти экстремистӣ-террористии худро давом дода, бо мақсади дар оянда заминаи иҷтимоиро барои «инқилоби исломӣ»-и навбатӣ роҳандозӣ кардан, пайваста шиагароӣ ва ғояҳои «инқилоби исломӣ»-ро дар Тоҷикистон тарғиб намуд ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир ба дин вайрон мекард.
Дар ниҳоят ТЭТ ҲНИ моҳи сентябри соли 2015 бо дасти генерал Ҳоҷиҳалим Назарзода, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ТЭТ ҲНИ бовар карда, ӯро муовини вазири дифои ҶТ таъйин намуда буд, хост дар Тоҷикистон табаддулоти давлатӣ амалӣ созад. Ин амали ТЭТ ҲНИ ошкоро вайрон сохтани талаботи протаколи созишномаи сулҳи тоҷикон ва қоидаҳои ҳуқуқи башар буд, зеро ин созишнома зери ҳимоя ва назорати САҲА ба имзо расидааст.
Ин ҷо барои намуна яке аз фаъолиятҳои тарғиботӣ-экстремистии ТЭТ ҲНИ-ро баъди оштии миллӣ дар соли 1997 мавриди баррасӣ қарор хоҳем дод, ки симои ҳақиқӣ ва фаъолияти ин ҳизбро, ки ба тамоми қоидаҳои ҳуқуқи башар ихтилоф дорад, ошкор месозад.
Мавриди ёдоварист, ки дар моддаи 30-и Конститутсияи ҶТ омадааст, ки «Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати
иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст», ки ба санадҳои ҳуқуқи байналмилал, аз ҷумла ба моддаи 55-и низомномаи СММ аз 26 июни соли 1945 пурра мувофиқ меояд. Бинобар ин дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 189) барои барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ вобаста ба хусусиятҳои зоҳир гардидани ин навъи ҷиноят ҷавобгарии ҷиноятӣ ба муҳлати аз 5 то 12 сол маҳрум кардан аз озодӣ пешбинӣ шудааст. Вале ТЭТ ҲНИ, ки ҳанӯз аз солҳои 90-уми садаи ХХ ҳамчун пиёдасозандаи нақшаҳои геосиёсии Ҳукумати Исломии ҶИЭ ба майдонҳо бо шиорҳои «Нест бод Амрико», «Нест бод сионизм» ва ғайраҳо баромад мекард, дигар бадбинии нажодӣ, динӣ ва миллии худро нисбат ба мардумони яҳудӣ ва насрониён дар доираи шиорҳои сиёсӣ маҳдуд накарда, ба нашри китобҳои тарғибкунандаи нафрату бадбинӣ нисбат ба яҳудиёну насрониён оғоз намуд, то ки нафрату бадбинии мардуми мусулмони Тоҷикистонро бедор ва ҷиҳодро ба муқобили онҳо аз нигоҳи исломӣ асоснок намояд.
Масалан, китоби «Чаро аз Ислом рӯй гардондӣ?», ки Кумитаи фарҳангии Наҳзати Исломии Тоҷикистон нашр кардааст, саросар аз таҳқири яҳудиён ва насрониён иборат буда, аз таълимоти Имом Ҳумайнӣ ва ғояҳои «инқилоби исломӣ», ки имрӯз Ҳукумати Исломии ҶИЭ онро ба кишварҳои дигар интиқол додан мехоҳад, сарчашма мегирад. Бахши аввали китоб «Моҳияти яҳуд» ном дошта, қисмати нахусти онро «Миллати манфур» ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар ин қисмат омадааст: «Ҳеҷ миллате дар олам ёфт намешавад, ки монанди миллати яҳуд манфуру лаҷбоз (ситезабоз-Н.Қ.) бошад. Сарсахтӣ ва лаҷбозии ин миллат дар таърих собиқа надорад. Равиши гуфтугӯҳояш бо ҳазрати Мӯсо(а) ва дархостҳо ва эродҳояш аз он паёмбар ва талошҳо ва кӯшишҳои ин Паёмбари бузургвор дар бедории ин қавми мабғуз (нафраткардашуда-Н.Қ.) ва он гоҳ мусибатҳои сахте, ки дар сари ҳазрати Мӯсо(а) аз ҷониби онҳо ворид омада, намунае аз манфур будани ин миллат аст» (1:32).
Сипас дар давоми матн яҳудиён ҳамчун сиёҳсозандаи таърихи башар тавсиф меёбанд: «Дархости дидани Худо, гароиш ба гӯсолапарастӣ, худкушӣ ва садҳо дигар кирдорҳои нафратангези ин миллат дар замони ҳазрати Мӯсо (а) корномаи таърихи башарро сиёҳ кардааст» (1:32). Дар як вақт дар китоб бе ягон далели мушаххас яҳудиён на танҳо дар барангехтани ҷангҳои минтақавию мазҳабӣ, ҳатто ҷангҳои якуму дуюми ҷаҳон ва таъсиси динҳои нави
ғайрисуннатӣ, ба мисли баҳоия дар Эрон ва ғайра гунаҳкор дониста мешаванд: «Бештари ҷангҳои минтақавӣ ва мазҳабӣ, ҳатто ҷангҳои ҷаҳонии аввал ва дуюм бо дасти сармоядорон ва миллионерҳои яҳудӣ падид омадаанд. Динҳои тозае, ки дар замони мо сохта шудаанд, мисли баҳоигарӣ ва қодиёнигарӣ ва ғайра бо дасти ин сионистҳои палид тарвиҷу таблиғ мешаванд» (1:32). Чуноне ки мебинем, муаллифи наҳзатӣ ҳангоми навиштани сатрҳои мазкур ҳатто он далели таърихиро, ки ҷанги дуюми ҷаҳон аз ҷониби Германияи фашистӣ оғоз ёфта, дар ин ҷанг асосан яҳудиён мавриди қатли оми фашизм қарор гирифта буданд, ба инобат нагирифтааст. Зеро барои ТЭТ ҲНИ манфиатҳои ғаразнок аз ҳама гуна ҳақиқати таърихӣ боло меистанд.
Ҳамаи ин идеяҳои ифротии ТЭТ ҲНИ нисбат ба яҳудиён аслан такрори ҳамон андешаҳои Имом Хумайнӣ ва сарварони Ҳукумати Исломии ҶИЭ-и муосир мебошанд ва бори дигар собит месозанд, ки ТЭТ ҲНИ дар Тоҷикистон тавассути бедор кардани ҳисси бадбинии мусулмонон нисбат ба яҳудиёну насрониён нақшаҳои геосиёсии ҶИЭ-ро пиёда сохта, ғояҳои «инқилоби исломӣ»-ро мехост дар тафаккури тоҷикистониён ҷой созад. Ҳанӯз Имом Хумайнӣ дар китобаш «Ҳукумати исломӣ» гуфта буд: ҷаҳони муосир дуқутба мебошад: дар як қутби он мусулмонон ҷамъ омадаанд, вале дар қутби дигар душманони ислом дар симои империалистон, ҳукуматдорони бедодгару золим ва муртадон, яҳудиён, насрониён ва материалистон бо мақсади вайрон сохтани ҳақиқатҳои исломӣ ва фиреб додани халқҳои мусулмон муттаҳид шудаанд (2:29). Чуноне ки мебинем, миёни афкори ТЭТ ҲНИ ва Имом Хумайниву сарварони Ҳукумати Исломии ҶИЭ фарқияти ҷиддие ба мушоҳида намерасад.
Дар бахши дуввуми китоби зикршуда назари ислом ва масеҳият дар масоили шинохти Худо, тавҳид ва таслис, пайғамбарон, аз ҷумла ҳазрати Масеҳ ва Инҷил муқоиса шуда, таълимоти дини насронӣ доир ба ин масоил аз нигоҳи ислом танқид ва рад мегардад. Масалан, таълимоти Инҷил доир ба Худо ғайриақлонӣ ҳисобида шудааст ва Худои насронӣ гӯё худоест, ки аз кардааш пушаймон, инсонгуна, дар ҷашм аён ва нотавон будааст (1:42-43).
Мусаллам аст, ки дини насронӣ яке аз динҳои тавҳидӣ буда, мувофиқи таълимоти Инҷил рӯҳи беаввал, беохир ва тағйирнаёбанда дар моҳият, ҳукумат, адл, неъмат ва ҳақиқати худ аст ва Худои воҳид дар се симо зоҳир гардида, дорои ҳамон сифатҳоест, ки Худои ягона
онҳоро дорад. Аммо ТЭТ ҲНИ воҳидияти Худои насрониро рад қарда, масеҳиёнро ба ширк (бисёрхудоӣ) гунаҳкор медонад. Ба гуфти назҳатиён, «масеҳиён пас аз рафтани ҳазрати Масеҳ(а) сегонапарастӣ ва эътиқод ба фарзанди Худо будани Масеҳ(а)-ро аз мушрикон гирифта ва онро бо дини поки Масеҳ, ки ҷуз яктопарастӣ набуд, ба ҳам омехтаанд» (1:47). Хулоса, бо чунин тарзи тафсири дини насронӣ назҳатиён масеҳиёнро ҳамчун кофир эълон доштаанд. Ҳадафи ба «куфр» гунаҳкор донистани масеҳиён аз ҷониби ТЭТ ҲНИ он аст, ки аз номи ислом ҷиҳодро ба муқобили насрониён қонунӣ созанд.
Дар китоб масъалаи шинохти пайғамбарон аз нигоҳи насрониён низ мавриди танқид қарор мегирад. ТЭТ ҲНИ назари исломро дар бораи пайғамбарон ҳақ ва беолиш ҳисобида, вале назари насрониёнро доир ба пайғамбарон ботил мешуморад. Гӯё аз нигоҳи насрониёни муосир пайғамбарон шаробнӯш, зинокор, дурӯғгӯ ва ишқбозу занбоз будаанд (1:48-50). Наҳзатиён хулосаи худро дар бораи эътиқоди масеҳиён ба пайғамбарон танҳо бо ривояте, ки дар Аҳди қадим нисбат ба паёмбарон Нӯҳ ва Сулаймон нақл щудаанд, онҳоро бадном намудаанд. Ҳол он, ки сарчашмаи асосии дини насронӣ Аҳди ҷадид (қисми дуюми Инҷил) буда, он аз китобҳои Марқус, Матто, Луқо ва Юҳанно иборат аст ва бо он ривояте, ки наҳзатиён барои сиёҳ кардани масеҳиён истифода кардаанд, ихтилоф доранд.
Ба ақидаи мубаллиғони ТЭТ ҲНИ масеҳиён дар кишварҳои мусулмонӣ ин гуна ақидаҳоро доир ба пайғамбарон барои он тарғиб менамудаанд, ки «зеҳни онҳоро (мусулмонҳоро Н.Қ.) хароб карда ва ба онҳо таълим бидиҳанд, ки пайғамбарон дурӯғгӯ, зинокор, шаробхор ва беҳаё гаштаанд» (1:51) Чаро аз Ислом рӯй гардондӣ? Интишороти Кумитаи фарҳангии Наҳзати Исломии Тоҷикистон. Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки наход насрониён ба ин дараҷа аз дини худ рӯй гардонида бошанд, ки паёмбарони худро таҳқир намоянд? Магар ин хандаовар ва таҳқир нест?
Дар айни замон, дар китоби «Чаро аз Ислом рӯй гардондӣ» наҳзатиён таърифи Масеҳро дар инҷили Юҳанно ва Қуръон муқоиса намуд, тасдиқ менамоянд, ки дар Қуръон Масеҳ ба мубораки Худованд шарафманд гардидааст, «Аммо Масеҳе, ки дар Инҷил таъриф шудааст, на танҳо муборак набуда, балки ба вай лаънат шудааст» (1:54). Зеро ба ақидаи наҳзатиён, гуё Инҷили ҳақиқиро пайравони масеҳият таҳрифу дигаргун сохтаанд. Хулоса, Инҷили масеҳиёни муосир «инҷилҳои дурӯғин» (1:55) будаанд.
Дар китоби мазкур махсусан маросими таҷлили рӯзи мавлуди Исои Масеҳ дар калисоҳои католикӣ мавриди танқиду таҳқир қарор гирифтааст. Масалан, маросими насронӣ- Ашои Рабонӣ, яъне хӯрдани май ва нони фатир дар ин маросим хурофоти маҳз ба қалам дода шуда, он «воқеан чӣ бадбахтии аҷибе, чӣ бехирадӣ, чӣ ҷаҳлу нодоние» дониста шудааст, ки таҳқири хеле сангин аст.
Зиёда аз ин, наҳзатиён маросими католикҳо доир ба тавбаву иқрор (покаяние, исповед)–ро аз забони як «Марди исфаҳонӣ»-и эронӣ ҳамчун маросими «биҳиштфурӯшӣ»-и калисои насронӣ мавриди таҳқир қарор додаанд. Гӯё як «Марди исфаҳонӣ» аз Поп бо маблағи муайян дӯзахро харида, аз Поп санади моликият мегирад ва сипас ба «маркази умумии масеҳиён рафта ва фарёд мезанад»: «Мужда ва башорат!»(1:58). Чун масеҳиён гӯш медиҳанд, «Марди исфаҳонӣ» мегӯяд: ««олитарин навид ва башоратам барои масеҳиён ин аст, ки ҳар ки аз ин лаҳза ба баъд ҳаргиз барои хариди биҳишт ба Поп муроҷиат накунанд, зеро биҳишт харидан барои тарси ҷаҳаннам ва дар оташ сӯхтан буд, ки инак ман ба хотири Шумо тамоми дӯзахро харидам… мутмаин бошед ман ҳаргиз шуморо ба ҷаҳаннам роҳ нахоҳам дод!» (1:59). Муаллифи назҳатӣ нақли худро идома бахшида, тасдиқ мекунад, ки баъди ин ҳодиса масеҳиён дигар ба калисо нарафтаанд ва Попу ҳаммаслаконаш гирифтори буҳрони иқтисодӣ шуда, ба назди «Марди исфаҳонӣ» мераванд ва «бо пардохти пули фаровон санади моликияти ҷаҳаннамро аз ин марди заранг пас гирифтанд ва боз аз нав бозори «биҳиштфурӯшиашон» равнақ гирифт» (1:59).
Ин ҷо нуктаи тааҷҷубовар он аст, ки «қаҳрамони» ТЭТ ҲНИ дар ин маврид як марди эронӣ аст, ки наҳзатиён бо ин усул на танҳо насрониён, бахусус католикҳоро таҳқир кардаанд, инчунин кӯшидаанд бо ин ривояти сохта афзалияти шиаи имомияро аз дигар дину мазҳабҳо таъкид сохта, диққати шаҳрвандони тоҷикистониро ба шиаи имомия ҷалб намоянд, ки ин аз шиагаро ва мубаллиғони шиаву ғояҳои «инқилоби исломӣ» будани онҳо дарак медиҳад. Воқеан мувофиқи таълимоти Имом Хумайнӣ, ки имрӯз асоси ақидавӣ ва сиёсати Ҳукумати Исломии ҶИЭ-ро ташкил иедиҳад, «инқилоби исломӣ» бояд дар тамоми ҷаҳон ба «инқилоби сиёсӣ» табдил ёфта, ҳама гуна низомҳои ғайриисломиро ҳамчун низоми «шайтонӣ» аз байн барад ва ислом дар ҷаҳон аз «куфр» ғолиб ояд (2:27).
Ҳамзамон ёдрас бояд кард, ки китоби «Чаро аз Ислом рӯй гардондӣ?» ба муқобили онҳое навишта шудааст, ки аз дини ислом хориҷ шуда, дину мазҳабҳои дигарро, ба мисли дини насронӣ, мазҳаби баҳоия ва ғайра қабул карда, аз ислом хориҷ шудаанд ва ба гуфти назҳатиён «муртад» гардидаанд. Вале ин далел наметавонад асосе барои таҳқиру истеҳзои мардумони яҳуду насронӣ ва китобҳои муқаддаси онҳо бошад. Ин ҷо ҳадафи назҳатиён асосан тарғиби ғояҳои «инқилоби исломӣ» мебошад. Онҳо бо баҳонаи «насиҳат» кардани «муртадшудагон» аслан кӯшидаанд, ки сиёсати Ҳукумати Исломии ҶИЭ-ро нисбат ба яҳудиёну масеҳиён дар тафаккури мусулмонони Тоҷикистон ҷой кунанд ва яҳудиёну насрониёнро ба «куфру муртад» будан гунаҳкор намуда, онҳоро дар қатори мушрикон гузошта, тасдиқ намоянд, ки «ҷазои муртад қатл аст» (1:120).
Албатта, тарғиби ин гуна ақидаҳои динӣ-ифротӣ аз ҷониби ТЭТ ҲНИ ба шуури мусулмонони Тоҷикистон, бахусус ҷавонон, бетаъсир намемонад ва метавонад дар онҳо ҳисси бадбинию нафратро нисбат ба яҳудиёну насрониён бедор карда, барои барангехтани низоъҳои динӣ-мазҳабӣ заминаҳои ақидавӣ фароҳам оварад ва амну суботи ҷомеаи Тоҷикистонро, ки дар он пайравони динҳои мухталиф кору зиндагӣ мекунанд, вайрон созад.
Беҳуда нест, ки дар ибтидои солҳои 90-уми садаи ХХ, вақте ки ТЭТ ҲНИ ба фаъолияти ошкоро шурӯъ намуд, аксарияти кулли яҳудиёну насрониён аз Тоҷикистон фирор карданд. Онҳоро маҳз майдоншинию тазаҳҳуроти таъсисдодаи ТЭТ ҲНИ ба ҳарос афканда, дар онҳо эҳсоси «исломҳаросӣ» (исломофобия)-ро ба вуҷуд оварда буд. Аз ин нигоҳ, дар ривоҷ ёфтани падидаи «исломҳаросӣ», ки имрӯз ба як раванди сиёсӣ табдил ёфтааст, нақши ТЭТ ҲНИ низ калон аст. Ҳол он ки нақши яҳудиёну насрониён дар инкишофи илму санъат, иқтисодиёт, соҳаи ҳаёти иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу тандурустии Тоҷикистон хеле калон буд, вале ТЭТ ҲНИ ҳамаи он чизе, ки яҳудиёну насрониён эҷоду бунёд карда буданд, солҳои 90-уми садаи XX онҳоро харобу нобуд сохтанд.
Ҳамчунин бояд гуфт, ки куштори ҳайати СММ соли 1997 дар н.Тавилдара ва сайёҳони насронимазҳаб дар моҳи августи соли 2018 дар н. Данғара ва садҳо амалҳои террористии дигар бо дасти террористони ТЭТ ҲНИ анҷом ёфтааст. Аъзои ТЭТ ҲНИ дар ҷангҳои Сурияву Ироқ низ иштирок кардаанд. Имрӯз дар сафи гурӯҳҳои террористии Афғонистон низ амал мекунанд. Хулоса, фаъолияти
экстремистӣ-террористии ТЭТ ҲНИ кайҳост, ки хусусияти байналмиллалӣ касб кардааст. Аз ин рӯ, нисбат ба ТЭТ ҲНИ аз рӯи меъёрҳои духӯра муносибат кардан хилофи санадҳои ҳуқуқи башар буда, эътибори Кумитаи ҳифзи ҳуқуқи инсони СММ ва САҲА-ро дар кишварҳои мусулмонӣ метавонад коҳиш диҳад.
Бинобарон, аз ҷониби Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти экстремистӣ-террористӣ манъ гардидани фаъолияти ТЭТ ҲНИ амри воқеӣ ва ногузир буда, он на танҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин мувофиқи талаботи санадҳои ҳуқуқи башар сурат гирифтааст ва ТЭТ ҲНИ аз ҷониби масъулони САҲА бояд ҳамчун як ташкилоти экстремистӣ-террористии дорои хусусияти байналмилалӣ эътироф гардад.
Адабиёт:
1. Чаро аз Ислом рӯй гардондӣ? Интишороти Кумитаи фарҳангии Наҳзати Исломии Тоҷикистон.,соли 1999.
2. Khomoini R. Principes, sociaux et religuex. Paris, 1979.
Қамар НУРУЛҲАҚОВ
ДУШАНБЕ, 21.09.2018. /АМИТ «Ховар»/.