(дар ҳошияи номаи Амир Олимхон ба Ҷомеаи Милал)
Дар пойгоҳи хабарию таҳлилии ифротии Мирзои Салимпул номаи амир Олимхон ба Лигаи миллатҳо ҷой дода шудааст. Номаро амир ҳангоми иқомат дар Афғонистон сентябри 1927 навишта, ба дасти намояндааш женерол Ҳоҷӣ Юсуфбӣ Муқимбӣ ба Ҷомеаи Милал («Созмони Маҷмаи Иттифоқи Милал») расондааст.
Албатта, чунин навъи сарчашма дар баҳсу мунозираҳои ихтисосӣ роҷеъ ба муҳтавои салтанати амирӣ ва ҷойгоҳи он дар низоми зиндагии иҷтимоӣ кумак мекунад. Аз сӯйи дигар, интишори номаи мазкур, ки аз тарафи амир унвонии Лигаи миллатҳо (имрӯза Созмони Милали Муттаҳид) ироа гардидааст, ба паҳлуҳои гуногуни низоми сиёсии пӯсидаи амирӣ ва ҳаракати босмачигарӣ равашанӣ меандозад.
Дар нома амир арзу доди худро аз болшевикҳо, ки салтанати зиёда аз садсолаи хонадони манғитияро барҳам доданд, ба ҳукуматдорони болоӣ (империалистони аврупоӣ) мерасонад. Амир дар бахши ифтитоҳияи нома аз шукӯҳу шаҳомати Бухоро, таърихи салтанати амирӣ, қудрату нуфузи шаҳри Бухоро дар миқёси кишварҳи исломӣ, низоми сиёсӣ, идорӣ, динӣ-мазҳабӣ, молиявӣ ва интизомии амирсолорӣ сухан дар миён оварда, худро амири содиқ, қонунӣ ва интихобии ҳукумати амирӣ донистааст. Зимни бечоранолӣ амир аз Лигаи миллатҳо хостааст, ки ба ҳукумати болшевикӣ хотима бидиҳад ва Бухороро ба амир, ки фармонравои қонунии он аст, баргардонад.
Амир дар нома ба дурӯғ мегӯяд, ки тамоми мардуми Бухоро ҳавохоҳи ӯянд ва бозгашташро мехоҳанд. Агар чунин буд ва «тамоми аҳолӣ – аз аъло то адно» ҳавохоҳи амир мебуданд, аскари Сурх ҳаргиз ғалаба намекард. Бо он ки амир ва думраваконаш (босмачиҳо)-ро империализми вақт дар симои Англия ва соири кишварҳои сармоядорӣ ҷонибдорӣ мекарданд, натавонист дар минтақа зиёд дошт диҳад. Пуштувонаи мардумӣ надоштан ва аз ҳама муҳим, пуштувонаи миллию маданӣ надоштани амир ва босмачиён иллати асосии шикасти онҳо буд ва на чизи дигар. Вагарна сармоягузорони хориҷӣ барои амалӣ гаштани нақшаҳои геополитикии худ сармояи ҳангуфтро ба дастаҳои босмачиён ва аксулинқилобиён ихтисос медоданд, то пирӯзӣ насиби амир ва балегӯёнаш гардад.
Дар номаи амир Олимхон нуктаҳои ҷолиб барои он нафароне дарҷ гардидааст, ки аз босмачӣ ва амирсолорӣ пуштибонӣ мекунанд. Махсусан, нафароне, ки лофи миллият мезананд ва босмачиёнро қаҳрамонони миллӣ меноманд. Онҳо (манзур амирони манғитӣ), аслан тоҷик набуданд ва ба заррае ҳам ба забон ва фарҳанги миллӣ эҳтиром қоил набуданд. Бубинед амир дар номааш чӣ мегӯяд: «Уламои исломии Бухоро амирро халифаи Пайғамбар ва ҳомии усул ва шариати исломӣ медонистанд. Хоноти Бухоро тамом аз тоифаи ӯзбаки манғит буданд… Подшоҳони Бухоро дар мавқеи ҷулус, бино ба одати муғул, дар рӯйи тушакчаи мутабаррика нишаста, сайидҳо ва хоҷаҳо ва муллоҳо ӯро аз замин бармедоштанд». Вақте ки «сайидҳо», «хоҷаҳо» ва «муллоҳо» амирро аз замин мебардоштанд, барои миллат чӣ ҷой боқӣ мемонад. Титулҳои мазкур ба миллӣ будани амирсолорӣ далолат намекунад, баръакс, дар хидмати киҳо будани давлатро нишон медиҳад. Умуми қазоия ва шаръия пурра дар дасти амир буд ва чӣ коре, ки мехост, анҷом медод, дар ин амр ба ӯ кӣ монеъ мешуд? Шариат ва қозиюлқуззот, ки аз ҷониби амир баргузида мешуд? Ба таъбири равшантар, давлат дар дасти як гурӯҳ хурофотиёну мутаассибон буд ва онҳо парвои мардум ва халқи одиро надоштанд. Ҷорзаниҳои амир тавассути нома ба Лигаи миллатҳо (имрӯза СММ) танҳо ба хотири баргардонидани салтанат буду халос. Амир ба тортуқу пешкашҳои бекҳо ва молиёти бебаркаши амирсолорӣ, ки ҳамаро якбора ихтиёрдорӣ мекард, пазмон шуда буд. Дар Афғонистон, он чи ки мехост, бароварда нашуд. Бо он канизу пешхизмату надимон, ки ҳамроҳи амир фирорӣ шуда буданд, нафси бебаркаши амир қаноатманд намешуд. Ӯ зиёд мехост, вале мардуми Бухорои Шӯравӣ, ки нав аз зулму бедоди ин зоти «шариф» наҷот ёфта буданд, дигар салтанат ва ҳукумати бедоди вайро намехостанд.
Дар мавриди Иброҳимбеки босмачӣ, ки ин шабу рӯз таърифи ниҳоди босмачигарӣ мавриди васфу таърифи баъзе доираҳои расонаӣ шудааст. Амир дар нома мегӯяд, ки: «Иброҳимбеги шердил асокири зиёде ҷамъоварӣ карда, ҷангҳои хунине бо асокири сурх намуд». Дуруст, Иброҳимбек барои амир шердил буд, зеро ки баҳри бозпас гирифтани салтанати амирӣ ва дар ҳолати рукуду ақибмондагӣ қарор додани мардум ва махсусан, мардуми тоҷик, ки аз одитарин ҳуқуқе бархӯрдор набуд, муҳориба кардааст.
«Милали заъифа ва ҳимоят аз ситамдидагон» истилоҳотеанд, ки амир дар нома истифода бурда, аз Лигаи миллатҳо хостори бозпас гардонидани салтанаташ шудааст. Милали амирсолориро худи амир бо сиёсатҳои маърифаткуш ва зулмпарваронааш заиф сохт. Ба ҷойи он ки ба ситамдидагон раҳм кунад (ҳоло дифоъ не, ақаллан раҳм кунад), онҳоро дар ҳолати тарсу ҳарос нигоҳ дошт ва амалдорону ҳокимон ва рӯҳониёну уламо – ин тоифаи муфтхӯрони худро барои ғорату тороҷи милали заиф ва ситамдидаи Бухоро сафарбар намуд. Ҳар кӣ андак эҳсоси инсонӣ дорад, аз мутолиаи номаи амир пай хоҳад бурд, ки амир ба хотири чӣ нома навиштааст. Албатта, орзуи барқарор кардани амирсолорӣ ва ба кару фар идома додан хоби амирро ҳамеша ҳаром мекард, аз ин рӯ, бо истифода аз имкониятҳои дохилию хориҷӣ дар фикри бозпас гирифтани Бухоро буд. Дар баробари ин, мардум дар чӣ гуна вазъе зиндагӣ мекарданд ва амиру думравонаш чӣ касоне будаанд, ба аҳли фаҳм маълум аст. Авлодони амир ва босмачӣ имрӯз ҳам, мутаассифона, дар фазои маҷозӣ ва зиндагии воқеӣ зиёданд ва барои эҳёи салтанати амирӣ, ки ба тоҷик ва тоҷикистонӣ чизе надодааст, саъю талош меварзанд.
Мо ҳаргиз бар он нестем, ки болшевикҳо бегуноҳанд ва ҳукумати шӯравӣ ҳукумати бемислу монанд буд. Аммо танҳо тавассути ҳукумати болшевикӣ точик аввал соҳиби Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистӣ ва баъдан (соли 1929) дорои Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон гардид. Магар ин кам буд? Ба тоҷике, ки аҳли зиёаш дар парешонӣ қарор дошт, давлат додан ва ҳудудеро бо исми Тоҷикистон ташкил кардан кори бад буд? Албатта, ба доираҳое, ки аз шунидани исми шӯравӣ ва рус ҳассосият доранд, ин бад ва хеле бад аст. Онҳо дар ҳудуди аморати пӯсидаи феодаолӣ зистан ва хидматкори амалдорону ҳокимону уламои мутаассиби аҷнабӣ буданро авлотар аз давлатдории шӯравӣ медонанд. Бигзор, вале на ҳама мардуми тоҷик хостори бозгашти босмачӣ ва ҳукумати амирӣ мебошад. Бинобар ин, халқро ба ҳоли худ бигзоред, то худаш дар интихоби тақдир ва сарнавишташ тасмим бигирад. Ҳатто чанбари машинаи интиқодоти худро рӯйи давраи амирӣ гардондан намехоҳанд, бо он ки ҳамеша аз интиқодмеҳвар будани худ садо баланд мекунанд, Чаро мо ҳаққи интиқоди давраи амирӣ ва тоифаи босмачиро надошта бошем? Нуқтаи заъфи насли ҷавони мо ҳамин аст, ки бештар қурбони афкори муғризонаи бархе хурофотию мутаассиб (Кабирӣ, Мирзои Салимпул, Дориюши Раҷабиён ва ғ.) мешаванд ва азбаски тафаккури таҳлилӣ надоранд, осонакак таҳти таъсири онҳо меафтанд ва интиқодро танҳо дар доираи мавзӯоти барояшон маъқул раво медонанд.
Фаридун Ориёӣ
21 январи соли 2019