Кӯри Юнус (Саийдюнус), аз кадом бойгонии хоҷагонаш номаи амири алайҳилаъна Олимхонро кофта бароварда ба мардум ҳамчун далели таърихӣ пешниҳод кардааст. Онро номаи амир ба Ҷомеа (Лига)-и Миллатҳо унвон намудааст. Оғоз мекунем, ба таҳлили сарсарии ин нома.
Ба масъалае ки чаро мардуми одӣ, ё ба ибораи амири манғит «аз аъло то адно» ҳама ӯро пушти по заданду ҳукумати мардумӣ таъсис доданд, ҷавоб хоҳем дод!?
Аҳли байти амир дар нафси кабира ғӯтавар, ба фисқу фуҷури оммавӣ машғул буданд. Ба масъалаи давлату давлатдорӣ ҳеҷ таваҷҷуҳе надоштанд. Дар кишварҳои гирду атроф соҳаи тандурустӣ ва маориф рушд мекард, вале бо камҳавсалагӣ, ки хоси ҳалқаҳои ғуломи нафс дар девони амир буд, ҳама гирду атрофи пойтахти аморати Бухоро ифлосу мардум ба куллӣ аз бемориҳои сироятӣ ранҷ мебурданд.
Масъалаи калидӣ ва меҳварии аморат, ҳарамхонаи ҳазрати шариатпаноҳӣ, амир Олимхон буд. Аз 300 то 500 нафар зан дар ин ҳарамхона ба қонеъкунии нафси разилонаи аҳли манғития машғул буданд. Ин фоҳишахона бар замми сирояти фасоди ахлоқӣ, ба корхонаи ғуломикунонӣ табдил ёфта буд. Нанги мардум як қирон ҳам арзиш надошт, сарҳадҳои номусии мардум шикаста мешуданд. Хати қирмиз вуҷуд надошт. Дар ин қисмат намехостам ба мулоҳизаҳои ахлоқӣ ба ин санади раднопазир дахолат кунем, вале ин курҳои авлодӣ моро мачбур карданд.
Ҳар сол бо амри золимонаи кушбегӣ, масъулони андозҷамъкунӣ ба минтақаи кӯҳистони Бухорои Шарқӣ сарозер мешуданду мисли мӯру малах ҳамаро меруфтанд. На мушти ғалла мемонду на як сар гову гӯсфанд. Низоми андозбандиро устоди зиндаёд Айнӣ дар романи «Дохунда» бо як вазоҳати нағз тасвир кардааст. Барои бардасозии инсонҳо аз нақшаҳои шайтонии чоряккориву қарздеҳӣ сӯистифода мекарданд. Дар қатори молу чорво, ин гурӯҳҳои ҳаросафкан, ҳеч фарқе аз роҳзанҳо надоштанд, хилофи каромати инсонӣ, ба одамрабоӣ низ машғул мешуданд. Духтару ҷавонҳои зеборо ҳамчун «Туртоқ»-и ҳазрати амири олампаноҳ мебурданду ба ҳарамхона месупурданд. Тақдири ин туртоқшудаҳо барои шунидан аз мавқеи хонандаи ҳозира нобоваркунанда аст, вале сокинони ин ҳарамхона то охири умр, ғулому канизи ҳалқабаргӯши ин разилхона мешуданд. Ҳамон ҷо мемурданду бе ному нишон мемонданд.
Низоми давлатдорӣ ба рукуди доимӣ дучор буд ва масъалаи маориф аз қориазёд кардани фанҳои нолозими беамал иборат буд. Мана хамин аст босмачии ту, кури Юнус (Сайидюнус).
Давом дорад
Кисамов Ф., сокини ш.Норак.