Афкори вопасгаро ва даъвои бузург (дар иртибот ба навиштаи Зафари Суфӣ “Тоҷикистони обод ва озод”)

Хабарҳо

Навиштаҳои Зафари Суфӣ, ки идаъо мекунад ва худро яке аз “мушкилкушоён”и ҷомеаи тоҷик арзёбӣ мекунад, ба ҷуз аз чаранду ёвагӯӣ чизи дигаре нест. Ин нафар яке аз ҳампоягони гуруҳҳои беҳувияту худбохтаест, ки ба осиёи бегонагон об мерезад ва чархаи онро гардиш медиҳад.

Ин нафар аз ҳамон зумраест, ки ба хотири чанд фулуси бегонагон миллату давлати хешро таҳқир мекунанд ва ҳама арзишҳои миллиро пушти по задаанд. Ин “мушкилшинос”-и мушкилэҷодкун аз масъалаи асосӣ ҳамеша мегурезад ва мушкилро бар сари дигарон ҳавола мекунад. Зоҳиран ин гуруҳ ҳамеша худро ҳақ меҳисобанд ва дигаронро ботил. Зеро инҳо дастур иҷро мекунанд ва айнаки бинишҳои инҳо якранг аст.
Агар ба таърихи даврони истиқлолияти тоҷик назар афканем инҳо ҳамонҳое буданд, ки дар бомдоди истиқлол ба хотири ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ бо пулу дастури бегонагон мардумро аз оромиш бар ҷанг савқ доданд. Ҳамаи баданаҳои иҷтимоиро хароб намуданд. Миллатро дар ҳоли нобудӣ гузоштанд ва низоми иҷтимоиро пурра аз байн бурданд. Хаоси сар то сари дар кишвар ба вуҷуд оварданд, ки ҳамаи мушкилоти баъдӣ то ба ҳол аз он маншаъ мегирад. Донишманду дигарандешонро ба қатл расониданд ва нодону ҷоҳил, ки дар даст камон дошт ба ғорату куштори сар то сарӣ камар баст. Низомеро, ки хусусияти дунявӣ дошт, бо пулу дастури бегонагон ҳамаро шикастанд, ғорат карданд ва аз байн бурданд. Аммо имрӯз, ки зина ба зина вазъ дигар гаштааст ва кишвар дар ҳоли рушди бемайлон қарор дорад, гуноҳу ҷурми аввалияи хешро, ки сабабгори ҳамаи бадбахтиҳои миллат буд ва то ҳанӯз мардуми ҷафокашидаи тоҷик аз он ранҷ мебарад, онро нодида гирифта гуноҳ ва мушкилро бар сари дигарон ҳавола мекунанд. Ин таҳлилгарони “мушкилшинос” андеша мекунанд, ки дигарон назарияи сабабиятро дарк намекунанд ва ҳар ёваю чаранде, ки инҳо мегӯянд пазируфта мешавад. Вале миллати тоҷик ва мардуми ин сарзамин хуб дар хотир доранд, ки ин гуна “мушкилшиносон” дар солҳои 90-уми қарни гузашта кадом вазъро дар кишвар ба вуҷуд оварда буданд. Вазъеро, ки писар падарро мекушту бародар бародарро. Вазъеро, ки ҳокимият ва қонун дар дасти дузду роҳзан ва камондор буд. Имрӯз, ки инҳо аз “истиқлоли шохаҳои ҳокимият” дам мезананд як бор ба аъмоли хабисонаи содирнамудаашон, ки солҳои 90 асри гузашта буд, мурур кунанд ва бубинанд, ки чи гуна даҳшатеро бар сари ин миллат оварда буданд. Зеро он замон на танҳо шохаҳои ҳокимият, балки амалан ҳокимияти мутамарказ вуҷуд надошт. Тоҷикистонро ба пора пораҳо ва хонигариҳову бекигариҳо тақсим намуда буданд. Ин амалро инҳо таҳқири миллат намеҳисобанд. Вале касонеро, ки зина ба зина кишварро аз ҳоли наобудӣ раҳо карданд ва низоми волоияти қонунро пай дар пай руйи кор оварданд, онҳоро имрӯз таҳқир мекунанд. Ин “мушкилшиносон”, ки аз низоми иқтисоди озод ҳарф мезананд боре зикр намекунанд, ки бо ҷанги роҳандозӣ намудаашон пойгоҳҳои иқтисоди кишварро пурра хароб намуданд ва зиёда аз 20млрд доллар зиёни иқтисодӣ оварданд. Ва имрӯз даъво доранд, ки чаро Тоҷикистонро бо Суису Малойзӣ ё Сингапур муқоиса намекунанд ва баръакс онро ба кишварҳои ҷангзада муқоиса мекунанд. Ҷавоб ин аст, ки ин аз аъмоли зиддиинсонӣ ва зиддимиллие, ки шумо ва террористони наҳзатӣ анҷом додед, маншаъ мегирад. Зеро кишварро дар замони ҷанг амалан дар ҳоли нобудӣ гзоштед. Вале дар шумо як зарра номус воқеъбинӣ ва таҳлилгарӣ ба маънои воқеъӣ вуҷуд надорад. Имрӯз ки нашармида дод аз шоистасолорӣ мекунед, ҳазорон нафар донишманду шоистагонро ба қатл расонидед. Онҳоро маҳкум ба сад навъи барчасп кардед. Фазои ҷомеаро пур аз хурофоту таассуб намудед. Мағзҳои созандаро табдил ва мағзҳои вопасгаро кардед. Суисро илму дониш фанноварӣ ва ҷаҳонбинии дунявӣ бар пояи имрӯза расонидааст. На таблиғи афкори пучу хурофотӣ ва асримиёнагиву вопасгаро, аммо шумо ва наҳзатиёни террорист, ки пас аз созишномаи сулҳ ва ризоияти миллии дар кишвар озодона фаъолият намудед, ҳамаро террори ақидавӣ кардед. Ба ибораи дигар, аз озодии сухан суиистифода намуда бо пулу сармояи хоҷагонатон фазои иттилоотиро тавассути расонаҳои таъсисдодаи онҳо манипулятсия намуда, онро маѓшушу оганда кардед. Дигарандешонро мавриди таҳқиру барчаспҳои кофару муртаду мулњид задед. Аммо имрӯз заррае шарм намедоред ва аз озодии андешаву гуфтор ҳарф мезанед. Ва аламовар ин аст, ки нафароне, ки худ озод нестед ва бандаву чокари дигаронед бо кадом афкор ва ё бо кадом идеология аз озодиву озодандешӣ дам мезанед. Имрӯз айнакҳои сиёҳи шумо, ки ғаразноку тирабинанд ончунон чашму ақли шуморо тира намудаанд, ки ҳеҷ гуна пешрафтро дидан наметавонед. Имӯз боре намеандешед, ки як кишвари пора пора гашта ба ҳам омад ва тамоми қисматҳои он дар як пайкар ба ҳам пайвастааст ва кишваре, ки қисматҳои он 6 моҳ аз марказ ҷудо будаанд ба як кишвари том табдил ёфтааст. Имрӯз Тоҷикистон бо бунёди бузургтарин неругоҳи обӣ-барқӣ дар ҳудуди Осиёи Марказӣ (НБО “Роѓун”) иқдом кардааст, ки чархаи аввалини он кайҳо ба кишвар барқ медиҳад ва зина ба зина ин пуржа низ дар ҳоли амалӣ шудан аст. Вале шумо ҳамаи инро дида наметавонед, зеро афкори шумо муғриз, оганда ва олудааст. Шумо ҳамеша аз онҳое, ки воқеиятро таҳлил медиҳанд ва дифоъ аз манфиати миллату манфиати кишвар мебаранд дар ҳаросед. Ҳамин аст, ки ҳамеша ба онҳо бо номи “фабрикаи ҷавоб” барчасп мезанед. Мусаллам аст, ки чунин барчаспзаданҳои шумо гувоҳи онанд, ки худ нафарони таҳамулнопазиред ва ҳамеша мехоҳед бо калимоти зебо хешро шоиста вонамуд созед. Вале воқеият ин аст, ки шоистагие дар ҳеҷ амали шумо вуҷуд надорад. Зеро шоиста будан танҳо ба нафароне муяссар мегардад, ки дар онҳо озодии фардӣ ва озодии андеша вуҷуд дорад. Аз ин рӯ ҷаноби Зафари Суфӣ бо зарфият ва сарпарастие, ки шумо доред ва бо афкору андешаи хурофотии наҳзатиёни террорист ва сарпарастони хориҷии онҳо сохтмони Тоҷикистони ободу озод имконнопазир аст. Шумо бо ин афкору аъмолатон боре бар души шонаҳои миллатед.

Эҳсони Илҳом, таҳлилгар