“Авф- Дараҷаи башардӯтӣ”

Санаи 25 октябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» имзо гузоштанд.
Қонуни мазкур бо иқдоми гуманистонаи Президенти кишвар дар асоси принсипи инсондўстӣ ва раҳму шафқат, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои башар ва шаҳрванд ба ифтихори ва ба муносибати ҷашни 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи 16 октябри соли ҷорӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд.
Қонун «Дар бораи авф» ба зиёда аз 20 ҳазор шахсоне, ки ҷиноят содир кардаанд, татбиқ мегардад.
Мувофиқи моддаи 1 қонун аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, новобаста аз муҳлати ҷазои таъйиншуда ва аз адои ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда маҳкумшудагони зерин озод карда мешаванд:
-занон;
-ноболиғон;
-мардони аз синни 55 боло;
-маъюбони гурўҳҳои I, II ва III, инчунин шахсони гирифтори бемориҳои омоси бадсифати марҳалаи 4 ва гурўҳи клиникии 4 аз рўи таснифи байналмилалӣ, омоси бадсифати бофтаҳои лимфоидӣ ва хунофар, сили узвҳои нафас ва пошхўрдаи шадиди шуш, бемории ишемиявии дил – стенокардияи фаъолияти ҷисмонии гурўҳҳои III ва IV мансуб донисташуда;
-иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар, шахсоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд;
-шахсоне, ки мукофотҳои давлатӣ доранд;
-шаҳрвандони хориҷӣ.
Дар баробари ин шахсон, инчунин шахсоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд, новобаста аз намуди ҷазо, аз адои ҷазо озод карда мешаванд.
Дар қонун аз ҷазо ё адои ҷазо озод намудани маҳкумшудагоне, ки иҷрои ҳукм нисбати онҳо мавқуф гузошта шудааст, ё ҷазо шартан татбиқ карда нашудааст, ё шартан пеш аз муҳлат аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ озод шудаанд, ё ҷазоро дар колонияҳои ислоҳии сукунат адо карда истодаанд, ё шартан пеш аз муҳлат аз адои ҷазо озод карда шуда бошанд, ё ба дигар ҷазоҳои бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда маҳкум шудаанд, низ пешниҳод гардидааст.
Дар қонун ба шахсоне, ки бори аввал ҷиноят содир намудаанд, диққати махсус дода шудааст. Аз ҷумла, онҳое, ки барои бори аввал содир намудани ҷиноятҳои дараҷаи начандон вазнин ва дараҷаи миёна ба муҳлати то панҷ сол маҳкум шудаанд, аз адои ҷазо пурра озод карда мешаванд. Онҳое, ки барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин маҳкум шуда аз се ду ҳиссаи муҳлати ҷазоро адо кардаанд ё барои содир намудани ҷинояти махсусан вазнин маҳкум шуда, аз чор се ҳиссаи муҳлати ҷазоро дар ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ адо кардаанд, аз адои ҷазо озод карда мешаванд.
Одамкуши, террористи, таҷовузкори, экстремисти озод намешавад!
Инчунин, маҳкумшудагоне, ки то мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз муҳлати таъйингардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ нисбати онҳо то ду сол боқӣ мондааст, новобаста аз маҳдудиятҳо ва манъкуниҳои дар қонун пешбинигардида аз адои ҷазо озод карда мешаванд. Ин меъёр танҳо нисбати онҳое татбиқ намегардад, ки ҷиноятҳои махсусан вазнинро ба монанди ҷиноятҳои одамкушӣ (моддаи 104 Кодекси ҷиноятӣ), таҷовуз ба номус (моддаи 138 Кодекси ҷиноятӣ), ҷиноятҳои ба терроризм ва экстремизм алоқаманд ва дигар ҷиноятҳоро содир намудаанд.
Дар баробари озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, аз ҷазо ва адои ҷазо лоиҳа инчунин кам кардани муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро низ пешбинӣ менамояд. Мутобиқи моддаи 7 лоиҳа кам кардани муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ нисбати шахсоне, ки таҳти амали моддаҳои 1, 2, банди 6 моддаи 3 ва моддаи 4 қарор намегиранд, ба таври зайл пешбинӣ гардидааст:
– ҷазои маҳкумшудагоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна маҳкум гардидаанд, – аз ду як ҳисса;
– ҷазои маҳкумшудагоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин маҳкум гардидаанд,- аз се як ҳисса;
– ҷазои маҳкумшудагоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои махсусан вазнин маҳкум карда шудаанд, – аз чор як ҳисса.
Мутобиқи моддаи 20 Қонун дар бораи авф мақомоти дахлдор вазифадоранд иҷрои қонуни мазкурро дар давоми 3 моҳ таъмин намуда, баъди он дар хусуси иҷрои он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот диҳанд.
Акнун дар баробари чунин иқдоми беназири Роҳбари давлат, шахсоне, ки ба озодӣ мебароянд, бояд шукронаи Ватани азизро ба ҷо оварда, ба қадри озодӣ бирасанд ва ҳаргиз ба роҳи бад қадам намонанд.
Акнун дил ба ёру даст ба кор, ҳама якҷоя Ватанамонро обод мекунем, фарзандонро тарбия мекунем ва ба қадри ҳаёти осоишта мерасем, файзу баракат, саломативу сарбаландӣ ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллии ҷовидонӣ ва пешрафту ободии рўзафзун орзу менамоям.

Сармутахассис, ҳуқуқшиноси
дастгоҳи раиси н Хуросон Ғафуров М.М.

Опытный Таджикистан

Как известно, Республика Таджикистан одно из первых государств в постсоветском пространстве, которое столкнулось с проблемой экстремизма. Этот фактор особо выделяется в условиях гражданской войны 1992-1997 гг.

Далле…

Таджикистан строит в Узбекистане детский сад на 200 мест

Правительство Таджикистана строит в Риштанском районе Ферганской области Узбекистана детский сад, рассчитанный на 200 воспитанников. Об этом интернет-изданию Daryo.uz сообщил сотрудник администрации Ферганской области Дилшоджон Хожиметов.

Далле…

Нюансы демократии? – Н.Акбаров

По прежнему не утихают страсти в мировом информационном пространстве по поводу “трудоустройства” сотрудников радио “Озоди”. Вчера, 27 октября в интернет-издании “Центразия” появилась провокационная заметка со ссылкой на якобы источник – golos-ameriki.ru.

Далле…

Сипосгузории Ятимов аз сокинони ВМКБ ва тавсифи ӯ аз вазъияти осуда дар вилоят

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, генерал – полковник Саймумин Ятимов беш аз як ҳафта бо сафари корӣ дар ВМКБ қарор дорад

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Ба иттилои котиботи Мақомоти иҷроияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Ятимов аллакай давоми чанд рӯз бо як қатор фаъолону ҷавонон ва сокинони ноҳияиҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва Мурғоб мулоқоту вохӯриҳо баргузор намуд.

Муфассал..

“Маҳфили адабӣ”

Маҳфили адабӣ оид ба ашъори шоири классик Бадриддин Ҳилолӣ ва шоири муосири тоҷик Лоиқ Шералӣ бо иштироки зиёда аз 600 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор гардид, ки дар чорабинии мазкур ашъори пурраи шоирони номбурда аз тарафи хонандагон қироат карда шуд, ки ин боиси ифтихор ва сарфарозии мост, ки имрӯз хонандагон рӯй ба китобу, китобхони овардаанд.

Корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳияи Хуросон

 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон баҳри иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 08 июни соли 2018, таҳти №140 “Дар бораи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП-1059 “Оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон” корҳои зиёди азнавсозӣ, бунёдкорию ободониро муташаккилона роҳандозӣ намуда, баҳри ободу зебо гардонидани симои зоҳирии ноҳия ва баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии сокинони он кўшишҳои назаррасро ба харҷ дода истодааст.

Бо ин мақсад то ба имрўз дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 81 иншоот ба истифода дода, ҳамаи онҳо аз санади қабули давлати гузаронида, ба ҳисоботҳои оморӣ ворид гардиданд, ки ин нишондод 47 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Илова бар ин 7 иншооти дигар, аз қабили 3 бунгоҳи тиббӣ ва дар назди муассисаҳои таълимии №№22, 23, 26 ва 50 синфхонаҳои иловагӣ бо дастгирии сокинони маҳал бунёд карда шудааст, ки дар арафаи “Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба истифода дода мешавад.

Дар ин раванд то ба имрўз 3 пул таъмиру барқарор карда,               5920 километр роҳҳои дохилӣ асфалтпўш ва дар 4000 метр роҳҳои дигари маҳаллӣ таъмиру сангфаршкунӣ идома дорад.

АВРУПО: Хонаи озодӣ ё паноҳгоҳи ҷинояткорон?!!

Ҳафтаи сипаришуда, бо тасмимоти Созмони аҳдномаи ҳамкорӣ дар Аврупо ё ба истилоҳ САҲА  дар шаҳри Варшава нишасти анъанавӣ, ки ҳамасола вобаста ба вазъи демократия, озодии баён, аҳзоби сиёсӣ ва дар маҷмӯъ перомуни раванди рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишварҳо баргузор мешавад анҷом ёфт.

Муффасал…

ТАДЖИКИСТАН ЗАНИМАЕТ ВТОРОЕ МЕСТО В МИРЕ ПО ДЕШЕВИЗНЕ ЭЛЕКТРОЭНЕРГИИ. Журналист НИАТ «Ховар» провел сравнительный анализ стоимости электроэнергии в странах мира и получил любопытную статистику

ДУШАНБЕ, 10.10.2019 /НИАТ «Ховар»/. 22 июня 2019 года Правительство Республики Таджикистан приняло Постановление о повышении тарифов на электроэнергию. Стоимость электроэнергии повысилась почти на 17%. В течение сентября население Таджикистана за каждый киловатт электроэнергии платит 22,66 дирама (2,1 цента) вместо действовавшего тарифа в размере 19,37 дирама (1,87 цента).

Корреспондент  НИАТ «Ховар» Хушнуд РАХМАТУЛЛОЗОДА провел сравнительный  анализ стоимости электроэнергии в разных странах мира и получил любопытную статистику. Далле…

Китайский «жупел» в Центральной Азии или китайцев бояться – себе убыток

Недавно на одном из сайтов вышел гневный протест одного из жителей ГБАО, который пугает побочными явлениями от китайских инвестиций, засильем китайских и совместных предприятий в РТ, а также великой китайской экспансией. Далле…