Таҷрибаи чандин кишварҳое, ки дар онҳо ҳизбҳои динӣ бо номҳои гуногун амал мекунанд, исбот кардааст, ки ҳеҷ пешравие дар он мамолик ба «шарофати» чунин ҷунбишҳо ва ҳизбҳои дорои идеологияи динӣ ба вуҷуд наомадааст. Баръакс, миёни худи ин иттиҳодияҳои сиёсӣ гоҳо хушунату тазод барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ба авҷи аъло расида, дар маҷмўъ, монеаи рушди бомароми он давлатҳо гардидааст.
Аз ҳама мисоли рўшан Афғонистон аст, ки тўли беш аз 40 сол мардумаш аз гирудорҳои сиёсатмадорони дорои платформаҳои мухталифи динӣ ранҷи бениҳоят мекашанд. Либия, Судону Ироқ, Сурияву Филиппин, Тунис ва бисёре аз мамолики Африқои Шимолӣ тўли солҳои зиёдест, ки ноором буда, равиши муътадили пешрафтҳои худро аз даст додаанд. Омили асосии ин навъ носозгорӣ дар муборизаи ҳизбҳои динист, ба ин маъно, ки ақаллияте бо идеологияи динӣ мехоҳад мафкураи худро ба аксарият бор кунад, азбаски дар муборизаи табиӣ тавассути интихобот дасти қудрат намеёбанд, ночор роҳи муборизаи ғайриқонунӣ – бо ташкили табаддулоту шўришҳо кўшиши сари ҳокимият омадан мекунанд.
Ҷаласаҳои С.А.Ҳ.А., ки имрӯзҳо дар Варшава идома дорад. Мардуми солимаҳлро бе тараф намегузорад. Ҳизбт назҳати Ислом, ки дар Тоҷикистон солҳои 90-уми асри гузашта сабабгори ҷангӣ шаҳрванди гардида буданд, ки дар натиҷа ҳазорон модарон бефарзанд ва садҳо ҳазор кӯдакон ятим мондаанд. Мо бисёр дар тааҷуб мондаем, ки С.А.Ҳ.А. барои таъмини амният ва нигоҳ доштани амнияту оромӣ мебошад, чи гуна бо якчанд нафарон ҳомиёни ҳизб, ки корашон ноором сохтани Тоҷикистон мебошад ҳамнишини ва тарафдориниз мекунанд. Тамоми аҳли башар ин ҳизбро ҳамчун ҳизби фитнаангез ва терористи нағз мешиносанд.
Паёмбар (с.а.с) мефармояд: Ал фитнату ашаду минал қатл, яъне фитна аз қатл сахтар аст. Мардуми Тоҷикистон ба Ҳ.Н.И., нафрат доранд ва намехоҳанд, ки бори дигар фирефтаи он шаванд. Ҷавонон аз бесаводӣ ба доми фиреби душманон меафтанд, ба суханони ширин, вале дар асл заҳрогин ва ҳалоккунанда фирефта шуда, бештар аз сабаби надонистан, кўр – кўрона ба дигарон тақлид мекунанд. Чун касе аз номи ислом сухан гўяд, таҳқиқ накарда ба ў гўш медиҳанд, чунин мепиндоранд, ки дар роҳи ҳақ ҳастанд ва барои Худо хизмат мекунанд. Ба гумоне, ки ба Туркия мераванд, чун огоҳ мешаванд, дар Сурияву Ироқ қарор доранд. Аммо пушаймонӣ дигар суд надорад. Аз онҷо танҳо як роҳ аст – ба ҷаҳаннам!
Ҷавононе ки айни ҳол дар сафи «Давлати исломӣ», «Ҷамоати Ансоруллоҳ» ва дигар ташкилотҳои террористӣ қарор доранд, умуман ягон савод надоранд, аз оддитарин маълумоти диниву дунявӣ бехабаранд. Мисли гўсфандонеанд, ки ба куҷое барӣ, мераванд, зеро соддалавҳ буда, қобилияти тааммул надоранд. Боре таҳқиқ намекунанд, ки ба сафи кадом ташкилот шомил мешаванд, дар хориҷа чӣ кор мекунанд, бар ивази як маблағи ночиз аз онҳо чӣ талаб карда мешавад? Бинобар ин туъмаи гургони хунхор гашта, дигар роҳи бозгашт надоранд, аз падару модар, аз зану фарзанд маҳруманд.
Эй ҷавонон!
Чунин ашхос аз шумо ҷавонон асли исломро пинҳон намуда, фақат куштор, хунрезӣ, мардумсўзӣ, шаҳодат ва ҷиҳодро талқин мекунанд. Оё шумо медонед, ки дар асл ҷиҳод чист? Ҷиҳод ҳимояи ватан аст, ҷиҳод омўзиши илм аст, ҷиҳод хидмати падару модар аст, ҷиҳод тарбияи фарзанд аст.
Аз Абдуллоҳ ибни Амр (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуданд: Беҳтарин муъминҳо аз ҷиҳати ислом касе аст, ки дигарон аз дасту забони ў саломат бошанд. Беҳтарини муъминон аз ҷиҳати имон касе аст, ки хулқаш неку бошад. Беҳтарин муҳоҷир касе аст, ки он чи Худои таоло манъ намудааст аз он дурӣ ҷўяд. Беҳтарин ҷиҳод он аст, ки инсон дар зоти Худои таоло бо нафси хеш ҷиҳод намояд.
(Ривояти Табаронӣ, Суютӣ ва Манновӣ)
Дини мубини ислом ҳаргиз одамонро ба зулму ситам водор намекунад, балки омўзиши илм ва тарғиби ахлоқи ҳамида шиори ислом аст. Чунончи Паёмбар (с) фармуда буданд : «Ман барои мукуммал сохтани хулқи накў мабъус шудаам».
Аз ин рў, мо бояд ба таълиму тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ диҳем, онҳоро ба омўзишу тадвини илму дониш ҳидоят намоем, аз асли шариат огоҳ кунем, ки дини ислом дини меҳру муҳаббат, раҳму шафқат буда, ҳаргиз зулму ситамро намепазирад.
Фарзандонамонро ба мактабҳои беҳтарин монем, аз хониши онҳо бохабар шавем, аз «дўстону насиҳатгарон»-и шубҳанок дур намоем, аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ба ном «исломӣ» нигоҳ дорем, то ин ки дар оянда насли солим ба воя расида, дуогўи падару модар бошанд, ба халқу ватани худ хизматҳои шоиста кунанд. Ҳушёр бошем, ки бадхоҳону душманони дину давлат фарзандони моро фирефта, ба вартаи ҳалокат наафкананд.
Ба фарзандон илму маърифат омўзонем, онҳоро ба омўхтани осори бузургон, мисли Рўдакиву Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз, Хайёму Сино тарғиб намоем.
Пешниҳод менамоям, ки байни ҷавонон дар фанҳои замонавӣ – физика, математика, химия, таърих, адабиёт, забондонӣ ва ғайра сабқат ташкил карда шавад.
Инчунин дар байни ҷомеа масъалаҳои ҷомеашиносӣ амиқтар матраҳ карда шаванд. Бигзор мардум аз асли масъала, аз сўиистифодаи дини мубини ислом барои расидан ба ғаразҳои дунявӣ, рўпўш кардани мақсадҳои ғаразноки душманон зери шиорҳои «ҷиҳод», «давлати исломӣ», «сохти исломӣ», «сиёсисозии дин», «ҳизбҳои исломӣ» ва ғайра огоҳ гарданд. Мо бояд кўшиш кунем, ки мардуми шарифи тоҷик аз дасисабозиҳои душманони дохиливу хориҷӣ, ки дини исломро барои худ сипар кардаанд, бохабар бошанд.
Сархатиби ноҳияи Хуросон Бобобеков Шамсулло