Баромади раиси ноҳияи Хуросон муҳтарам Р. Сафарзода бахшида ба “Рўзи Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”.

Хабарҳо

           Дўстони гиромӣ !

Ҳозирини арҷманд !

Ҳамаи шуморо ба ифтихори “Рӯзи забони давлатӣ”, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини мо мебошад ва “Рўзи омўзгорон”, ки ба ин санаи бузург рост омадааст, самимона табрик мегӯям.

Ҳозири арҷманд!

Имрўз аз рўзи таърихии қабули Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки ҳамасола ҳамчун “Рӯзи забони давлатӣ” таҷлил мегардад 10 сол сипарӣ мешавад ва забони мо  таҷассумгари таърихи пуршебу фарози миллати бостонии тоҷик мебошад.

Маҳз ба ҳамин хотир, мо забонро мисли истиқлолият, Ватан, Модар ва фарҳанг аз ҷумлаи муқаддасоти миллии худ мешуморем ва онро азизу гиромӣ медорем.

Воқеан, ҳувияти миллӣ, фарҳанг ва ойину суннатҳои мардуми бостонии мо дар ҳама давру замонҳо тавассути забон ҳифз мегардад.

Забон, инчунин, воситаи муқтадири сарҷамъии миллат ва ҳамаи онҳоест, ки дар гӯшаҳои гуногуни олам ҳастии ин сарвати бебаҳоро пос медоранд.

Таърих гувоҳи бисёр  воќеаҳо мебошад, ки дар баробари аз байн рафтани забон миллат низ аз байн меравад.

Яъне бақои забон бақои миллат ва фанои забон фанои миллат аст.

Тоҷикон дар миёни халқу миллатҳои сершумори олам аз ҷумлаи мардумони соҳибтамаддуне мебошанд, ки забони чандинҳазорсоларо маҳфуз доштаанд, шеъри оламгири Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Саноӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва садҳо шоирону адибони гузаштаро имрӯз низ озодона мефаҳманд ва дар гуфтугӯи ҳаррӯзаашон истифода мекунанд.

Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои ғаниву сарватманди ҷаҳон буда, қудрати ифода кардани кулли мафҳумҳоро дорад.

Бо ин забон на танҳо адабиёти оламшумули беш аз ҳазорсола офарида шудааст, балки аз ҷониби донишмандони бузурги мо асарҳои пурарзиш дар самтҳои мухталифи илмӣ таълиф ёфтаанд, ки ба пешрафти минбаъдаи илмҳои табииву дақиқ дар ҷаҳон мусоидат намудаанд.

Ба ибораи дигар, забони тоҷикӣ аз даврони қадим на танҳо забони фарҳангу адаб, балки забони илм, аз ҷумла илмҳои дақиқу табиӣ низ ба шумор мерафту меравад.

Вазифаи ҳар яки мо имрӯз аз он иборат аст, ки дар шароити рушди босуръати илму техникаи муосир қудрати забони модариамонро боз ҳам афзун намуда, бо истифода аз сарвати бузурги луғавии забони тоҷикӣ онро ҳамқадами замона гардонем.

Ҳамзамон бо ин, маданияти нутқ ва ҳифзи фасоҳату балоғати забони модарӣ бояд ҳамеша дар мадди назари мо бошад.

Зеро эҳтирому қадр кардани забони модарӣ аз риояи меъёрҳои забони адабӣ ва одоби муошират вобастагии зич дорад.

Аз ин лиҳоз, мо бояд ба фарҳанги суханварӣ ва тарзи баёни хоси ин забони ширин пайваста диққат диҳем, забони равону шевои тоҷикиро аз ҳар гуна олоишҳои бегонаву нодаркор эмин нигоҳ дорем.

Вобаста ба ин, махсусан, насли наврас ва ҷавононро зарур аст, ки аз ин неъмати бебаҳои маънавӣ ҳарчи бештар истифода карда, барои дурусту бехато навиштан ва бо забони давлатӣ муошират кардан кӯшиш намоянд.

Чуноне ки ба ҳамагон маълум аст, Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврае баргузор гардида истодааст, ки дар кишвари соҳибистиќлоли мо иди касбии омўзгорон “Рўзи омўзгорон”, ки ҳар сол ҳафтаи якуми моҳи октябр ќайд карда мешавад, рост омадааст.

Таҷлили ҳамасолаи «Рўзи  омўзгорон»  дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо, пеш аз ҳама, нишони эҳтирому эътиқоди хоса ба кулли алоқамандони соҳаи маориф мебошад.

Воқеан ҳам, тоҷикон табиатан ва аз қадим нисбат  ба омӯзгор ва пешаи пуршарафи омӯзгорӣ таваҷҷуҳи зиёд доштаанд ва миёни эшон устодон ҳамеша соҳибэҳтирому садрнишин будаанд.

Ниёгони хирадоини мо мартабаи устод – омӯзгорро, ҳатто, болотар аз мартабаи падар донистаанд, ки ин далели барҷастаи эътиқоду эътимоди баланди мардум нисбат ба аҳли таълим аст.

Дар замони мо таваҷҷуҳ ва эҳтиром ба омӯзгорон ба шарофати соҳибистиқлолии мамлакат ва аз файзи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам афзудааст.

Пешвои муаззами миллат омӯзгоронро «афрӯзандаи машъали илму дониш» ва «равшанкунандаи хиради башар» номида, бо камоли ихлосу эҳтиром таъкид намудаанд, ки: «Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асоси он мебошад. Вай донишу заковат, гармии дили худро бедареғ ба шогирдон – фарзандони миллат медиҳад ва хешро аз ин хушбахт мешуморад  ва имрӯз масъулияти омӯзгор боз ҳам афзудааст».

Дар замони мо, ки дар саросари олам пайваста воқеаҳои гуногуни пурихтилоф рух медиҳанд ва талоши неруҳои тахрибкору ифротгаро марҳила ба марҳила вусъат меёбад, тарбияи худшиносии миллӣ ва ҳувияти миллии наврасону ҷавонон аҳамияти махсус пайдо кардааст ва вобаста ба ин, нақши омӯзгорон ҳамчун раҳнамоёни роҳи ростин ва ҳидоятгари аъмоли нек боз ҳам барҷастатар гаштааст.

 Фаъолияти хирадгустаронаи омӯзгорон барои пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгарову манфиатҷӯ  омили асосӣ  маҳсуб меёбад.

Итминон дорам, ки Шумо устодону омўзгорони арҷманд, тамоми нерую маҳорати худро барои тарбияи шогирдони донишманду ќобилиятнок, огоҳу бедордил, ватандўсту ватанпараст ва шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии солим ва ахлоќи ҳамида сафарбар менамоед.

Насли наврас бояд бо ҳидояту роҳнамоии шумо рисолати фарзандӣ ва ќарзи шаҳрвандии худро амиќан дарк намоянд, то ки дар оянда маќому эътибори давлати соҳибистиќлол ва миллати тамаддунсозу фарҳангсолори худро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ ва пуштибонӣ карда тавонанд ва ва дар ин роҳ ба ҳамаи шумо барору комёбӣ хоҳонам.

Ҳамдиёрони азиз!

Бори дигар ҳамаи шумо, ҳамдиёрони азизро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ ва  кулли омўзгорону устодони азизу меҳрубон ва тамоми кормандони соҳаи маорифи ноҳияро ба ифтихори “Рӯзи омӯзгорон” табрик намуда, ба Шумо пирӯзиҳои навин, бахту иқбол, сиҳатмандии бардавом ва  ба ҳар фарди Ватан сарбаландиву хонаободӣ, ба забони ширину шоиронаи тоҷикӣ ҳамчун забони давлати соҳибистиқлоли тоҷикон умри ҷовидон орзу менамоям.

Ҳамеша сарбаланду комёб бошед, ҳамдиёрони азиз!