Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон баҳри иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 08 июни соли 2018, таҳти №140 “Дар бораи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП-1059 “Оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” корҳои зиёди азнавсозӣ, бунёдкорию ободониро муташаккилона роҳандозӣ намуда, баҳри ободу зебо гардонидани симои зоҳирии ноҳия ва баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии сокинони он кўшишҳои назаррасро ба харҷ дода истодааст.
Бо ин мақсад то ба имрўз дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 81 иншоот ба истифода дода, ҳамаи онҳо аз санади қабули давлати гузаронида, ба ҳисоботҳои оморӣ ворид гардиданд, ки ин нишондод 47 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Илова бар ин 7 иншооти дигар, аз қабили 3 бунгоҳи тиббӣ ва дар назди муассисаҳои таълимии №№22, 23, 26 ва 50 синфхонаҳои иловагӣ бо дастгирии сокинони маҳал бунёд карда шудааст, ки дар арафаи “Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба истифода дода мешавад.
Дар ин раванд то ба имрўз 3 пул таъмиру барқарор карда, 5920 километр роҳҳои дохилӣ асфалтпўш ва дар 4000 метр роҳҳои дигари маҳаллӣ таъмиру сангфаршкунӣ идома дорад.