БА ШАФФОФИЯТИ ИНТИХОБОТ БОВАРӢ ДОРАМ.

Хабарҳо

 Интихоботе, ки рўзи 1 марти соли 2020 шуда гузашт, интихоботи шаффоф буд. Зеро сокинонони ноҳияи Хуросон бо як руҳияи баланди идона ба участкаҳои интихоботи ҳозир шуда, ба номзадҳои арзандаи хеш овоз доданд.

     Ҳамчун як сокини ноҳия аз субҳи содиқ то анҷоми интихоботи МН МО-и ноҳия шоҳиди он будам, ки чи тавр мардум бо хоҳиши худ ба участкаҳо меомаданд. Ҳама пиру ҷавон, занону духтарон омўзгорону зиёиён ширкати фаъолона дошта, баҳри ояндаи дурахшони имрўзу фардои кишвар- Тоҷикистони азиз райъ доданд.

    Дар участкаҳои интихоботи суруду таронаҳои ватандўстӣ садо медоду пиру ҷавон дар зери ҳавои мусиқӣ мерақсиданд. Ҳунармандон маҳсули дастони хешро ба маърази тамошо гузоштанд, ки ҳар як интихобкунанда шефтаи ҳунари дасти занҳои деҳот шуданд..

    Аҳолӣ гурўҳ-гурўҳ ба райъдиҳӣ меомаданд. Ҳатто иштирокчиёнӣ Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбони гуруҳи якум ба участкаҳо ташриф меоварданд. Аз чеҳраи болидаи онҳо аён буд, ки бо номзади арзандае райъ медиҳанд, то дар рушду нумў, пешрафти кишвар саҳми арзандаи худро гузоранд.

     Ба фардои дурахшони кишварамон боварӣ дорем.

 Корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти

давлатии ноҳияи Хуросон                                                              Гулов Комрон