ДУШАНБЕ, 20.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар ин рӯзҳое, ки тамоми дунё дар рӯ ба рӯи таҳдиди сирояти бемории кароновирус қарор гирифтааст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар собит намуданд, ки бо иқдому ташаббусҳои башардӯстонаи хеш нисбат ба тақдири ягон тоҷику тоҷикистонӣ бетафовут нестанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, бо супориши бевоситаи Пешвои миллат имрӯз ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр» барои овардани шаҳрвандони Тоҷикистон ду парвоз ба шаҳри Москва анҷом медиҳанд. Аз ҷумла, ҳавопаймои «Сомон Эйр» соати 14.00 ба фурудгоҳи Домодедово парвоз кард ва аз он ҷо 161 нафар шаҳрвандони ҷумҳуриро ба Душанбе интиқол медиҳад. Соати 22.30 дақиқа, ҳавопаймои ширкати «Тоҷик Эйр» ба фурудгоҳи Жуковскийи шаҳри Москва парвоз анҷом дода бо 195 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба Душанбе бармегардад.
Ҳамзамон, бо дархости ҷониби Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоии «Fly Dubay» соати 4:30 дақиқаи субҳи 21-уми март 150 нафар шаҳрванди тоҷикро аз шаҳри Дубайи АМА ба фурудгоҳи шаҳри Душанбе мерасонад.