Зоҳидон бар худ мачинед, ин қадар савдои пуч,
Ришу фаш охир чу пашм аз кавни дунё меравад.
Мухотаби ин лавҳаи насрӣ қабилаи фирориест, ки дар пайти муносиб барои зарбаи муҳлик задан бар баданаи миллати тоҷик фурсат меҷӯяд. Ҳоло барои ин тоифа далел овардан, ки зуҳури коронавирус як падидаи ҷаҳонист ва кишварҳои пешрафтаи дунё, аз қабили Британия, Германия ва ИМА, ки ба ин мушкилоти сангин даст ба гиребонанд, дасткӯтоҳанд ва сарриштаи мудириятро гум кардаанд, ҳеҷ фоидае надорад ва кори беҳуда аст. ИМА бо 328,2 млн., Британия бо 66,27 млн.ва Италия бо 60, 48 млн.аҳолӣ дар сурати доштани буҷети триллионӣ натавонистанд, ҷилави ин вабои асрро бигиранд, чӣ расад ба Тоҷикистони хурд, ки бо 9 млн.нафар нуфуси кишвар ва имкониятҳои мавҷудаи маълум, корҳои шоистаеро зина ба зина анҷом медиҳад.
Кабирӣ ва ёрони шарики ҷурмаш бар зидди манфиати миллӣ ҳатто эҳсос намекунанд, ки ба чӣ ҳамоқати бахшиданошуданӣ даст задаанд. Ин ҷинояти зидди тоҷик нест, ин хиёнатро дар истилоҳи илми ҳуқуқшиносӣ – ҷинояти зиддибашарӣ унвон кардаанд. Замоне ки тоҷик бо мушкилоти шадиди иқтисодӣ ва маргу мири эҳтимолӣ рӯ ба рӯст, ин ҳалқаҳои лаҷомгусехтаи бегонапарвар дар талаби заминагузорӣ кардани нооромии навбатӣ ва ҷанги дохилии идоранашаванда дар ҳудуди ҷумҳурианд.
Дар қиёс бубинед, ки бо зуҳури коронавирус ва паҳн гардидани он дар ҷаҳон Ҳукумати Тоҷикистон барои пешгирии ин хатар чи гуна иқдомҳои ҷиддиро рӯйи даст гирифт. Тоҷикистон аз аввалин кишварҳоест, ки барои эмин нигоҳ доштани сиҳату саломатии аҳолӣ сарҳади давлатиро пурра баст. Парвозҳои ҳавопаймоҳоро манъ намуд.
Бо такя ба таҷрибаи кишварҳои чаҳон карантини нопурраро эълон кард, риояи гигиенаи шахсӣ ва поккории ҷойи зисту корро ҷузъи тадбирҳои ҷонии ҳар фард донист.
Вале ҳайҳот, ки “аз мост, ки бар мост”. Дар ин марҳила наҳзатиҳои моил ба ҷангу хунрезӣ ин тадбирҳоро ворунаву чаппа нишон дода, дар расонаҳои электронӣ онро ҳамчун нуқсони ниҳодҳои давлатӣ вонамуд карданд. Ҷавононро таҳрик карданд, мардумро ба таҳлука водоштанд ва рӯҳи ашхоси фавтидаро ноором сохтанд. Ин ҷо мехостам як тарфанд раваму як ҳарфи шоири тавоноро дар бораи тоҷикон ба наҳзатиҳо гӯшзад намоям:
Тоҷиконро дар ватан душвор афтад иттифоқ,
Сиру Ому бо ҳам ояд дар биёбони қазоқ.
Медонед, ки қарордоди иҷтимоӣ чаро аз байн рафт? Чаро шумо дар Ватан ҷойдод пайдо накардед? Ва боз дарк накардед, ки халқи тоҷик аз башараи шумо ҳамчун захми носур дар тан безор аст ва модомулумр ба эътирофи шумо ба ҳайси қувваи дохилӣ муқовимати ҷовидонӣ ва бебадил хоҳад кард?! Ёдамон аст, дар солҳои 90-ум бо коридани тухми тарс ва ҷудоиандозии маҳаллӣ дар ҷомеа манфиати муғризонаи худро қадам ба қадам амалӣ мекарданд. Маҳз бо ҳамин роҳ онҳо сохти конститутсиониро аз байн бурда, ҷанги дохилиро роҳандозӣ карда буданд. Сабабгори ҷинояти башарӣ -боиси кушта шудани 150 ҳазор ҳамватанони мо гардиданд. Айни замон наҳзатиҳо бо баҳонаи паҳншавии коронавирус
“Кофар ҳамаро ба кеши худ пиндорад”, ифодагари ҳолати рӯҳӣ-равонии Кабирӣ, М.Садриддин, Т.Варқӣ ва тудаи ночизи наҳзатист, ки фалсафаи вуҷудии онҳо ба сӯи аз байн бурдани зарфият ва иқтидори миллат, коридани тухми нифоқ, нобоварӣ, кинаву кудурат, тарсу ҳарос равона гардидааст.
Ниҳодҳои давлатӣ бошанд, бо он ки худ дар хати аввали ҷабҳаи мубориза бар зидди коронавирус қарор доранд, вақти беҳуда ба амалҳои ҷавобӣ ва туҳматпароканиро надоранд. Онҳо
чун фидоиёни асили ин марзу бум бо беомриҳои сироятӣ дар набарданд, сарҳадро ҳифз мекунанд, дар ин лаҳзаи ҳассои таърихӣ дар паҳлӯи мардуми худанд.
Наҳзат чӣ? Иқдомҳои созандаро таҳриф карда, сафедро сиёҳ ва кори мусбатро ба масъалаи манфӣ табдил дода, вазъиятро бадтар ва худро дар назари мардум манҳустарин гурӯҳ муаррифӣ мекунанд. Боқӣ қазоват аз Шумост, хонандаи гиромӣ
Ва дар фарҷом ба ин ҳалқаҳои овора гуфтанием:
Ба ҷойи лаънат ба торикӣ, шамъеро равшан намо.
Содиқов Нуъмон, журналист, сокини ш.Хуҷанд