Мо як гурӯҳ бонувони Тоҷикистон вобаста ба амалҳои нангини рӯзҳои охир бар зидди мардум анҷомдодаи шумо садо баланд мекунем. Зеро дигар тоқати шунидани ин дуруғу буҳтон ва иғвогариҳоро надорем. Аз он ҳама фаъолиятҳои иғвоангезонаатон тайи як моҳи охир бармеояд, ки шумо ва ҳамсафонатон дар Аврупо нишаста, чунин хулоса кардаед, ки мардум гулу гумроҳ аст ва ҳар чи хоҳед анҷом медиҳед.
Аз ин ҷост, ки дар фазои маҷозӣ бо мақолаву баромадҳои муғризонаи худ моро гӯё аз хатароти давру барамон огоҳ мекунед. Ин дар ҳолест, ки давру бари худро мо садҳо бор аз шумо дида хубтар мебинем ва ташхис мекунем.
Аммо мардуми Тоҷикистон он чунон гулу гумроҳ нест, ки шумо бо мағзҳои пучи худ мепиндоред. Мо ростро аз дурӯғ ва хубро аз бад фарқ мекунем. Хатароти мавҷударо дар баробари худ эҳсос мекунем. Ҳоло ки мо дар баробари хатари бемории сироятии “коронавирус” қарор дорем, аз хавфи он огоҳем.
Айни ҳол сохторҳои марбута, масъулини давлатӣ ва мардум тамоми чораҳоро ҷиҳати пешгирии ин хатар меандешанд. Корҳои чанд моҳи охир анҷомдодаи Ҳукумат натиҷа додаанд ва то ҳол саломатии мардум ҳифз карда шудааст. Дар баробари ҳаммарзи Чин будан, тайи ин чор моҳ Ҳукумат тавонистааст, пеши роҳи дохилшавии ин бемориро ба кишвари мо гирад. Мо ба Ҳукумати худ боварӣ дорем ва иқдомҳои онро, ки барои беҳбудии халқ равона карда шудаанд, дастгирӣ менамоем.
Вале фаъолияти зиддимардумии ту ва ҳамсафонатон дар рӯзҳои охир моро нигарон кардааст. Ҳама медонад, ки инсоният дар ҳолати ҷанг бо “коронавирус” қарор дорад. Дар ин мубориза мо мебинем, ки мардумони ҳамаи кишварҳо ба якдигар дасти ёрӣ дароз мекунанд ва дар якҷоягӣ муборизаи самаранокро ба роҳ мондаанд. Ҳарчанд дар дохили кишвари мо ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст, вале ин маъно надорад, ки мо низ дар ҳолати ҷанг нестем. Набуданаш танҳо ба маънои пеш гирифтани роҳи дурусти мубориза дар Тоҷикистон аст. Аммо зарари иқтисодии оқибатҳои коронавриус дар кишвари мо ҳам эҳсос мегардад. Дар ин шароит тамоми мардуми кишвар бояд дар атрофи Ҳукумат муттаҳид бошанд, то ин давраи мушкил бо зарари камтар сипарӣ гардад.
Вале фаъолияти иғвоангезонаи шумо – душманони миллат ба фаъолияти Ҳукумат барои таъмини саломатии мардум халал мерасонад. Шумо қасдан матлабҳои муғризонаро дар воситаҳои ахбори умум паҳн мекунед, то мардумро ба таҳлука оред. Ин бозӣ бо ҷони мардум унвон дорад, ки танҳо шахсиятҳои пастфитрат онро анҷом дода метавонанд. Ин на танҳо аз адлу инсоф дур аст, балки ҷиноят зидди мардуми тоҷик маҳсуб меёбад.
Бо дарназардошти ин, аз шумо қотеона тақозо мекунем, ки аз фаъолияти душманона ва иғвоангезонаи худ даст кашед. Ин ҷо масъалаи маргу зиндагии мардуми меҳнаткаш дар миён аст. Он мардуме, ки шумо аз номаш дар Аврупо суистифода карда, даромад касб мекунед. Агарчи бо вуҷуди доштани имконот шумо омода нестед, ки ҳеҷ кумаке ба ин мардум расонед, пас ақалан ҳангоми мубориза бо “коронавирус” аз пушти ин мардум ханҷар назанед. На ба мардуми дохил кумак кардаед ва на ба муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳадди ақал чанд ниқоби тиббӣ ба касе надодаед. Хуб мо ҳам ба ин кумакҳои шумо ниёз надорем. Танҳо хоҳишамон ин аст, ки бигзоред мо худ бо дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукуматамон Тоҷикистонро аз таҳдиди ин хатар наҷот диҳем. То имрӯз дар ин ҷанг бурд аз мо буд, бовар дорем минбаъд низ ҳамчунин хоҳад буд.
Маълум аст, ки шумо хасиседу бо вуҷуди доштани имконият дар ин давраи мушкил ба касе кӯмак намекунед, бешарафеду бар зидди Ватану миллати худ бо дурӯғу туҳмат амал доред. Ақаллан ҳоло, дар ҳамин рӯзҳои душвори мардум хомӯш бошед!
— с Абдусалом Одиназода,Мухаммади Одинабек, Муҳаммадиқболи Садриддин, Мустафо Ҳаётов, Абдушукур Манонов, Расул Розиков, Muhammad Tillozoda,Маҳмазариф Саидов, Лейла Азизи, Шавкати Муҳаммад, Тимур Азиат, Александр Берн, Odil Sobirov, Karim Emomov, Manuchehri Kuhistoni, Абу Мухаммад Муслим, Ҷаҳонгири Меҳандуст,Маҳмудхон Бурҳонов, Раҳимов Абдуллоҳ, Алиро Дуст. Медорем, Mahmudjon Faizrahmonov,Мустафо Худоеров, Манучеҳр Бобомуродов,Мехрубон Сатторов, Курбон Муродов, Парвина Гулова, Loiq Saidov, Мамед Абдуллоев,Мирзовали Фозилов, Лукмон Бойматов, Refaat Hussein, Хаким Раббимпур, Точиниссо Муродрва,Мувирод Мувиродов, Хайрулло Рахмон,Muhammad Said Rizoi, Davlat Mirov, Чахонгир Рахмонов, Ахмад Махмадов, Jamshed Ganiev,Абдукодир Рустам, Рустам Хамидов, Озоди Адолат, Ибодуллоҳ Одинаи Мафтун, Зубайдулло Рахмонов, Мухаммад Хамдамов, Hasan Hasan,Хуршед Розиков, Обид Бердиев, Ххдт Ш.Шохин,Фарзона Худододова, Мухаммад Саидвалиев,Хурсанджон Туйчиев, Гуломчон Юсупов, Сарвар Тўраев, Восиев Сади, Азим Мухамедов, Khudish Rahmonbekov, Камардин Мадисоев, Мазабшоев Назарбек, Gulguncha Mirzoeva, Мерочиддин Комилов, Махин Махин, Аслиддин Тўраев, Вера Гао, Рахим Шарипов, Hamza Radjabov, Ysufjon Mirsoev, Хасан Мирзоев, Akhmad Rakhmon,Руслан Хусинов, Сарфароз Вазиров, Рустами Достон, Maqsud Gayosov, Rajabali Rajabov,Madina Salimova, Rustam Bobozoda, Ман Бо Туям Ватан, Rashid Novruzov, Камил Рахимов,Amirshoh Rajabzoda, Бббб Рорлаи, Murod Ahmadzoda, Сабрина Рачабова, Ubayd Muborakshoev, Фарход Ракибов, Mohru Rustami иEsfandiar Adineh.