Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» чанде пеш филми мустанадаи сеқисмаи «Хиёнат»-ро таҳия ва пешкаши тамошобинон намуд. Филм бо далелҳои қатъию саҳеҳ дар бораи хиёнату ноҷавонмардии аъзои ташкилоти террористию экстремистии собиқ ҳизби наҳзати исломӣ ҳикоят мекунад, ки нисбат ба ватан ва давлати хеш амалҳои ношоистаро раво мебинанд. Филм тариқи тамоми шабакаҳои телевизионии давлатӣ ва сомонаҳои интернетӣ пахш гардид ва аз ҷониби шаҳрвандон хуш пазируфта шуд.
Нафарони зиёде, аз қабили донишмандону зиёиён ва рӯзноманигорону олимони ҷавон филмро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода, нуқтаи назарашонро тавассути рӯзномаву шабакаҳои иҷтимоӣ манзур намудаанд.
Филм аз се қисм иборат буда, давомнокиаш 210 дақиқаро ташкил медиҳад.
Ба маълумоти сомона ва хабаргузориҳои хориҷие, ки аз пашша фил сохта, сару садо баланд намудаанд расониданием, ки дар ҳақиқат Сатторзода Рустам дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» кору фаъолият дораду ба филми мустанади «Хиёнат» робитае надорад.
Дар таҳияи филм кормандони зерин саҳм гузоштаанд, ки дар охири филм аз онҳо ёдоварӣ шудааст ва филм бо аломати нашрии «Тоҷикфилм» рӯйи навор омадааст:
1. Мушовир –Мирзо Убайдӣ
2. Муаллиф – Раҳмат Темуриён
3. Коргардони таҳиягар – Малик Тӯразода
4. Наворбардор – Шукрулло Қаҳҳоров
5. Муҳаррир – Нурулло Самизода
6. Ёвари наворбардор – Суҳроб Рустамӣ
7. Ёвари коргардон – Муҳсин Қосимзода
8. Садобардор – Пайрав Расулов
9. Равшанидиҳанда – Нусрат Раҳмонов
10. Коргардони овоз –Хусрав Саидзода
11. Дизайнер – Воҳид Ашӯров
12. Танзимгар – Ҳомид Салимзода
13. Ровӣ – Манучеҳр Ализода
14. Директори филм – Илёс Маҳмудов
15. Маъмур – Холиқназари Мирзоназар
16. Ронанда – Назрулло Ниёзов
Касе, ки ИШТИБОҲ карда аст, ба узру бахшиш сазовор аст.
Вале касе, ки ХИЁНАТ кардааст, ҳеҷ гоҳ бахшида нахоҳад шуд!!!!!!!!!!!!!!!!
https://www.facebook.com/tojikfilm/posts/3267108666705029