Паёми табрикии Раиси ноҳия бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ

Хабарҳо

Дар тақвими давлатдории миллии мо ҳамасола санаи 22 сентябр ҳамчун рӯзи бузургдошти поягузори шеъри форсӣ, қофиласолори адабиёти тоҷику форс, устоди шоирони ҷаҳон Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо шукуҳи хоса таҷлил мегардад.

Ба ин муносибат, кулли сокинони ноҳия ва махсусан аҳли илму адаб, шоирону нависандагон, олимону донишмандон ва донишҷӯёну хонандагонро бо рӯзи бузургдошти хираду маърифат ва донишу ирфон табрику таҳният мегӯям.

Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз саромадони шеъри форсии тоҷикӣ маҳсуб ёфта, бо назми оламгир ва нотакрори худ ҳамчун тарбиятгари ҷомеаи башарӣ ба сӯи арзишҳои олии инсонӣ ва ҳидоятгари насли ҷавон ба сӯи созандагиву офарандагӣ мақому ҷойгоҳи шоистаро сазовор аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба таҷлили ин санаи фархунда барҳақ таъкид намудаанд: “Рӯзи Рӯдакӣ на танҳо иди бузургдошти сардафтари адабиёти оламгири тоҷику форс, балки иди мероси адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазору садсолаи тамаддуни миллати мост”.

Офаридаҳои устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мавзуъҳои мухталиф, аз ҷумла тарғиби ахлоқи нек, тараннуми табибати нотакрор, дӯст доштани ҳаёт, андӯхтани илму маърифат, анҷом додани некию некӯкориро дар бар гирифта, ҳамчун чароғи равшан роҳи башариятро ба сӯи ояндаи дурахшон мунаввар сохтааст. Каломи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ пайвандгари наслҳои гузашта, имрӯза ва ояндаи миллати тоҷик буда, бо арзишҳои бузурги ахлоқиву фалсафӣ, илмиву фарҳангӣ ва таърихӣ ойинаи босафои зиндагии ҳар кадоми мову Шумо мебошад.

Маҳз тавассути осори безаволи устод Рӯдакӣ забони тоҷикӣ дар паҳнои бузурги тамаддуни дунё дома густурда, асолати худро нигоҳ доштааст. Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “забони Рӯдакӣ забони зиндаи халқи тоҷик аст ва бузургиву ҳашамати шоири мутафаккир низ дар ҳамин нукта баён мегардад”.

Осори устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ пайвандгари қалбҳост, ки дар тарбияву камолоти маънавии мардуми мо тарбияи насли худшинос ва ба арзишҳои баланди ватандӯстию ватандорӣ содиқ нақши равшан мегузорад. Хизмати бузурги устод Рӯдакӣ дар он аст, ки мақоми суханро ба арши аъло расонида, адабиёти моро ба оламиён ба таври шоиста муаррифӣ намуд.

Бори дигар, аҳли илму адаб, фарҳангу эҷод ва кулли ихлосмандону дӯстдорони шеъру сухани нобро, ки идомадиҳандагони осори ниёгони бузурги мо ҳастанд, бо Рӯзи Рӯдакӣ табрику муборакбод намуда, барояшон сиҳату саломатӣ, комёбӣ ва фатҳи қуллаҳои баланди эҷодиро таманно дорам.