Сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Вахш ва ба истифода додани дарвоза ва мумфаршу чароғонкунии роҳи ҳудуди шаҳрак

Хабарҳо

23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Вахш ташриф оварданд.

Истиқболи меҳмони воломақом — Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби роҳбарият ва сокинони сарбаланди ноҳияи Вахш дар даромадгоҳи ноҳия ба таври самимӣ бо арҷгузорӣ ба талошу пайгириҳои роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат дар роҳи таъмини пешрафти босуботи Тоҷикистони азиз сурат гирифт.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дарвозаи ноҳияи Вахшро, ки ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо тарҳи хеле зебо сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонии дарвозаи ноҳияи Вахшро сохтмончиёни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Барқ сохтмон” ба анҷом расонидаанд.

Баландии дарвоза 12 метр ва паҳноиаш 11 метрро дар бар мегирад.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар идомаи тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ барои истиқболи шоиста аз 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даромадгоҳи ҳар як шаҳру ноҳияи мамлакат дарвозаҳо бунёду ба истифода дода мешаванд.

Атрофи дарвозаи ноҳияи Вахш чароғон карда шуда, як фаввораи зебо низ дар мавзеи қабулу истиқболи меҳмонон ва айвон бо санъати баланди кандакорӣ гузошта шудааст, ки ҳангоми ташрифи меҳмонону сайёҳон ба ҳар як бинанда таассуроти нек мебахшад.

Ҳамзамон атрофи иншоот кабудизор ва гулкорӣ гардида, муқаддасоти миллӣ низ гузошта шудаанд.

Дар маҷмӯъ барои қабули меҳмонону сайёҳон дар даромадгоҳи ноҳияи Вахш мавзеи хеле зебо бо шароити муосир фароҳам гардидааст.

Сипас Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи нақлиётгарди ҳудуди шаҳраки Кировро, ки баъди мумфаршкунии пурра аз ду тараф чароғон гардидааст, ба истифода доданд.

Роҳи мазкур 12 километр дарозӣ дорад ва бо харҷи 12 миллион сомонӣ дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат дар самти таъмини ҳаракати муназзами воситаҳои нақлиёт ва рафтуомади озоди сокинону меҳмонон таҷдиду навсозӣ шудааст.

Роҳ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботу меъёрҳои роҳсозӣ таҷдиду мумфарш карда шуда, масъулон ҳангоми корҳо ҳамаи талаботу меъёрҳоро ба инобат гирифтаанд.

Паҳноии роҳ 8 метр ва дар баъзе мавзеъҳо ба 12 метр расида, пас аз навсозӣ аз категорияи 3-юм ба категорияи 4-уми роҳсозӣ мутобиқ гардонида шудааст.

Фармоишгари иншоот Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар ду тарафи роҳ 414 адад сутунпояи 9 — метра гузошта шудааст, ки шабонгоҳ ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар он бидуни монеа сурат мегирад.

Ин қитъаи роҳ солҳо боз таъмирталаб буд ва инак бо файзи истиқлол мавриди навсозӣ қарор гирифт ва мушкили чандсолаи ронандагону сокинон дар ин самт пурра аз миён рафт.

Дар доираи мумфаршкунии роҳ ҳамзамон ду пули мошингузар бо дарозии 12 ва 22 метр пурра навсозӣ гардида, аз ду тараф бо панҷараҳои зебои рӯшноидиҳанда зиннат дода шудааст.

Дар қитъаҳои гуногуни роҳ 20 адад истигоҳи замонавӣ низ гузошта шудааст.

Мавриди истифода қарор гирифтани роҳи мошингард дар рӯзҳои истиқбол аз 29-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун туҳфаи арзишманди Ҳукумати мамлакат барои ронандагону сокинони ноҳияи Вахш мебошад.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар идомаи тадбирҳои созандагӣ ба исттиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз даромадгоҳи ноҳияи Вахш то деҳоти 20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон роҳҳо навсозӣ гардида, аз ду тараф пурра чароғон карда шудаанд.

Таҷдиду навсозии роҳҳои маҳаллӣ дар дигар деҳоти ноҳияи Вахш босуръат идома дорад.

Дар ҳудуди ноҳияи Вахш 237 километр роҳҳо мавҷуд аст, ки аз ин 169 километраш дорои аҳамияти маҳаллӣ ва 67 километри дигарро роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ дар бар мегирад.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар доираи омодагиҳо ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои марудмӣ” дар ноҳияи Вахш то ба имрӯз 25 километр роҳҳо пурра таъмиру навсозӣ гардида, дар асоси нақшаи ободониҳо боз 20 километри дигар мумфарш карда мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз роҳи мошингард ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, масъулонро ҷиҳати равона намудани таваҷҷуҳи зиёд барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳ ва таъмини муназзами ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ҳама фаслҳои сол муваззаф намуданд.