Чӣ гуна Нусратулло Махсум миллатро сарҷамъ кард?

Хабарҳо

14 ноябри соли 1924 Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон, дар ҳайати ҷумҳурии иттифоқии Ӯзбекистон таъсис ёфт. 26 ноябри он сол Кумитаи Инқилобии ин ҷумҳурӣ, бо сарварии Нусратулло Махсум Лутфуллоев бунёд гардид. Яъне, Нусратулло Махсум аввалин сарвари давлатии ҷумҳурии тозабунёди Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Соли 1926, дар натиҷаи интихобот кумитаҳои инқилобии (ревкомҳои) ҷумҳуриямон ба Шӯроҳо табдил дода шуданд. Дар натиҷа ба ҷойи Кумитаи Инқилобии ҷумҳурӣ, Кумитаи Иҷроияи Марказӣ (КИМ) ташкил карда шуд ва раиси он Нусратулло Махсум интихоб гардид.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар мақолаи худ бо номи “Ҷонфидои миллат”, дар китоби “Чеҳраҳои мондагор”, ба хизматҳои Нусратулло Махсум баҳои ҳаққонӣ дода, аз ҷумла, оид ба вазъи душвори солҳои аввали фаъолияти роҳбарии ин марди накӯном гуфтаанд: “Дар солҳои дар вазифаи Раиси Кумитаи Ичроияи Марказии ҷумҳурӣ фаъолият намудани Нусратулло Махсум дар Тоҷикистон он қадар корҳои бунёдкориву созандагӣ вусъат ёфта буданд, ки халқи мо садсолаҳои пешин чунин дигаргунсозиҳоро надида буд. Пеш аз ҳама таъсиси сохторҳои нави идоракунӣ, рушди тамоми соҳаҳо, бунёди роҳҳо, баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум, созмон додани мактабҳову курсҳои гуногуни касбомӯзӣ, ҷалби занон ба корҳои давлатӣ ва дигар тадбирҳои муассир амалӣ гаштанд. Бо номи ин фарзанди содиқи миллат як давраи томи таърихи халқи тоҷик, як марҳалаи ҳассосу сарнавиштсоз ва бунёдкориҳои азими кишварамон иртиботи қавӣ дорад.

Дар ин давраи томи таърихи халқи тоҷик, дар қатори вазифаҳои номбаршуда, боз яке аз вазифаҳои мураккабтарин ва ногузир, ин ба Ватан баргардонидани гурезагон, ба манзили зист ва маводи хӯрока таъмин намудани онҳо ба ҳисоб мерафт.

Масъалаи фирориён яке аз масъалаҳои нисбатан мураккаб ва саҳифаҳои фоҷиавии таърихи халқамонро ташкил мекунад. Албатта, чунин саҳифаҳои фоҷиавӣ танҳо ба халқи мо хос нест. Бисёр халқҳои ҷаҳон ба тарзи гуногун чунин ҳолатро аз сар гузаронидаанд. Барои ба вуҷуд омадани фирориён воқеаҳои гуногун сабаб шудаанд. Вале бештари онҳо дар натиҷаи ҳуҷумҳои нобаҳангоми душман, муборизаҳои сиёсию мансабӣ, вазъи душвори иқтисодию сиёсии мамлакат, хушксолиҳои пай дар пай, норозигӣ аз баъзе чорабиниҳои ҳукумат ва ғайраҳо ба амал омадаанд.

Зиёд гардидани фирориён бегуфтугӯ ба вазъи мамлакат таъсири манфӣ мерасонд. Дар натиҷаи он баъзе мулкҳо ба харобазор табдил меёфт. Баъди мӯътадил гардидани вазъият танҳо қисме аз фирориён ба мулки аввалаи худ бармегаштанду халос. Қисми дигари онҳо, бо мурури замон, муқими мулкҳои нав мегардиданд. Албатта, миқдори кам ё зиёди ба ватани худ баргаштани фирориён аз чорабиниҳои ҳукумати он ва вазъи солими мамлакат сахт вобастагӣ дошт.

Аксари ҳукуматдорони гузашта парвои фирориёни мулки худро надоштанд. Яке аз аввалин арбобони давлатии мо, ки аз нахустин рӯзҳои ба сари қудрат омадан дар андешаи бозгашти фирориён буд, ин Нусратулло Махсум Лутфуллоев мебошад, ки ӯ аввалин раиси Кумитаи Инқилобӣ ва баъд аввалин Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт.

Пӯшида нест, ки Нусратулло Махсум дар давраи мураккабтарин сарвари Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон (соли 1924) гардида буд. Ҳанӯз дар оғози фаъолияти сарварии ӯ дар наздаш иҷроиши вазифаҳои гуногуни таъхирнопазир меистод. Яке аз он вазифаҳо ин аз нав барқарор намудани хоҷагии дар натиҷаи ҳаракати дурударози зиддишӯравӣ хароб ва валангор гардида бошад, дигар ин масъалаи фирориёни аз Афғонистон ба Тоҷикистон баргашта буд. Ҳалли ин масъалаҳо аз Нусратулло Махсум чун сарвари асосии ҷумҳурӣ кӯшишу ғайрати зиёдро талаб мекард.

Албатта, дар ҳаҷми як мақола пурра акс намудани хизматҳои Нусратулло Махсум оид ба масъалаи фирориён ғайриимкон аст. Бинобар ин, дар ин ҷо мо фақат дар атрофи як мактуби Нусратулло Махсум оид ба масъалаи бозгашти фирориён дар Тоҷикистон ва таърихи он тавақкуф карданием. Зеро оид ба мақоми Нусратулло Махсум дар бозгашти фирориён аллакай мақолаҳои махсус навишта мекард.

Мактуби номбурда аз хусуси фирориёни аз Афғонистон ба Тоҷикистон бозгашта буда, дар он имзои Нусратулло Махсум ҳамчун раиси Кумитаи Инқилобии ҶМШС Тоҷикистон ва Чинор Имомов – котиби масъули бюрои ташкилии ҳизби комунистии Тоҷикистон, гузошта шудааст. Дар мактуб аз хусуси таърихи рӯз, шахс ва нуқтаи муайяншуда маълумоте дарҷ нагардидааст. Аммо аз рӯи мазмуни мактуб ба хулосае омадан мумкин аст, ки он ба соли 1926 тааллуқ дошта, эҳтимол ба роҳбарияти ҳукумати ҶШС Ӯзбекистон, ки ҶМШС Тоҷикистон ба ҳайати он дохил буд, фиристода шуда бошад.

Пеш аз ҳама, бояд ба инобат гирифт, ки масъалаи ба диёри худ баргардонидани ҳамдиёрони дар солҳои аввали Ҳукумати Шӯравӣ бо сабабҳои гуногун ба хориҷа, махсусан, ба Афғонистон фироркарда аз масъалаҳои рӯзмарраи ҷумҳуриҳои навбунёди миллии Осиёи Миёна ба ҳисоб мерафт. Зеро баробари бунёди тартиботи Шӯравӣ ва баъди он ҳам аз ҳамаи ин ҷумҳуриҳо қисми мардумони аз тартиботи нав норозӣ ба ҳудуди Афғонистону Эрон фирор карда буданд. Бозгардонидани онҳо барои азнавбарқароркунии мамлакат ва бетакягоҳ гузоштани қувваҳои зиддишӯравӣ зарур буд. Бо дарназардошти ин, Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Ӯзбекистон дар асоси қарори анҷумани I Шӯрои Ӯзбекистон, ки феврали соли 1925 барпо гардида буд, ба деҳқонони аз Осиёи Миёна ба Афғонистон фироркарда аз хусуси бозгашти эшон ба ҶШС Ӯзбекистон ва ҶМШС Тоҷикистон муроҷиат кардааст. Бо ҳамин мазмун Кумитаи Инқилобии ҶМШС Тоҷикистон ҳам бо эъломия баромад карда буд.

Дар мактуби номбурда натиҷаи таъсири он муроҷиатнома ва эъломияро ба инобат гирифта, қайд карда мешавад, ки “деҳқонони дар вақташ сарзамини Тоҷикистонро аз дасти тороҷгарӣ ва бедодгарии босмачиён тарк карда, ҳоло бо фаро расидани осудагӣ декларатсияи эълоншударо ба инобат гирифта, ба Тоҷикистон, ба замин ва манзили собиқи худ, ки хароб гардидаанд, баргашта истодаанд”.

Чуноне аз мазмуни мактаб бармеояд, ҳамон лаҳза барои ба мардуми ба Афғонистон фироришуда дар он мулк ҳам оромӣ насибашон нагардидааст. Онҳоро амалдорони давлати Афғонистон зиёд ба дод овардаанд. Аз ин рӯ, қисме аз фирориён азм кардаанд, ки ба ватани худ, акнун Тоҷикистони Шӯравӣ, баргарданд. Вале эшон “мӯҳтоҷи кӯмаки бародарона, ақаллан, барои қисман аз нав барқарор кардани хоҷагии худ” буданд. Дар мактуб тахмин карда мешавад, ки дар вақтҳои наздик эҳтимол 40 ҳазор оилаи деҳқонон ба замини пештараи худ баргарданд. Аз ин ҳисоб, бо тахмини муаллифон, “камаш 25% ҳатто мӯҳтоҷи маводи хӯрока будаанд. Онҳо имконияти бо қувваи худ ҷойгир шудан ва барқарор намудани хоҷагиашонро низ надоштаанд”. Аз ҳамин сабаб дар назди ҳукумати Тоҷикистон масъалаи ба онҳо ба тарзи таъҷилӣ расонидани ақаллан кӯмаки ночизе пеш омадааст.

Барои ҳалли масъалаи бозгашти фирориён дар мактуб чунин пешниҳод ба миён гузошта шудааст: 1). Барои масолеҳи кишоварзӣ ва чорвои корӣ додани қарзи дарозмуддат ба миқдори 1050000 сӯм (аз ҳисоби ба як хоҷагӣ 105 сӯм, аз ҷумла 30 сӯм барои масолеҳи кишоварзӣ ва 75 сӯм барои чорвои корӣ); 2). Барои то ҳосили нав таъмини оилаи деҳқонони қашшоқ бо маводи хӯрока – 300 ҳазор сӯм ва ин маблағ бояд ҳамчун барои гуруснагон бебозгашт ҷудо карда мешуд; 3). Барои хариди ғаллаи тухмӣ додани қарзи кӯтоҳмуддат ба миқдори 160000 сӯм. Ҳамин тарз хоҳиш карда мешуд, ки барои таъмини деҳқонони фирории бозгашта ҷамъулҷамъ 1510000 сӯм ҷудо карда шавад.

Дар охири мактуб таъкид карда мешавад, ки ҳангоми ба тарзи мусбат ҳал нагардидани ин масъала: 1) Деҳқонони аз Афғонистон баргашта ба гуруснагӣ маҳкум мегарданд; 2) Минбаъд аз Афғонистон бозгаштани деҳқонон қатъ мегардад ва 3) Ҳаракати зиддишӯравӣ (босмачигарӣ) дар Тоҷикистон боз боло мегирад.

Ин буд мазмуни он мактубе, ки ном бурдем.

Бояд қайд кард, ки таърихи ба вуҷуд омадани ин мактуб бо кори як комиссияи Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон доир ба расонидани кӯмак ба фирориёни бозгашта, фирориёни сиёсӣ ва иштирокчиёни ҳаракати зиддишӯравӣ, ки тарки силоҳ намуда, таслим шудаанд, алоқаманд аст. Ин комиссия 12 сентябри соли 1925 дар ҳайати Гуляев (агенти комиссари халқӣ оид ба корҳои хориҷии ИҶШС (СССР) дар Тоҷикистон) – ҳамчун раис; Антонов (узви шӯрои ҳарбию инқилобии корпуси 13); Ёқубов (комиссари халқӣ оид ба кишоварзӣ) ва Азимов ташкил карда шудааст.

Чӣ тавре аз ҳуҷҷатҳо ошкор мегардад, комиссияи номбурда бояд вилоятҳои Ҳисор, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Fармро аз сентябри соли 1925 то августи соли 1926 меомӯхт. Комиссия дар натиҷаи омӯзиши масъала чунин хулоса баровардааст. Шумораи мардуми аз вилоятҳои номбурда ба Афғонистон фироркарда 200 ҳазор нафар (ё худ 40 ҳазор хоҷагӣ, яъне аз ҳисоби ҳар як хоҷагӣ иборат аз 5 нафар) тахмин карда мешуд. Шумораи фирориёне, ки ба рӯзҳои аввали кори комиссия рост меояд ва ба қайд гирифта шудааст, 2136 хоҷагиро ташкил додаанд. Аз он ҷумла, аз вилояти Қӯрғонтеппа – 893 хоҷагӣ, вилояти Кӯлоб – 786 хоҷагӣ, вилояти Fарм – 387 хоҷагӣ ва вилояти Ҳисор – 70 хоҷагӣ ба қайди аввала даромадаанд.

Мувофиқи маълумоти худи фирориён, ки комиссия меоварад, аз 40 ҳазор хоҷагиҳои ба Афғонистон фироркарда 15 ҳазор хоҷагиҳо доро будаанд ва қисме аз онҳо фикри баргаштан ба Тоҷикистонро надоштаанд.

Яъне аз ин маълумот ошкор мегардад, ки аксарияти мардуми ба Афғонистон фироришуда худ бечора ё миёнаҳол будаанд.

Ба ғайр аз ин, дар ҳамон солҳо қисме аз онҳо, ки ба ҳаракати зиддишӯравӣ шомил буданд, аз он даст кашида, ба тарафи тартиботи Шӯравӣ гузаштаанд. Аз рӯи маълумоти ба даст даровардаи комиссия, ҳамон лаҳза иштирокчиёни ҳаракати зиддишӯравӣ, ки тарки силоҳ намуда, таслим шудаанд, ё худ таслим шуданианд, 900 нафарро (аз ҳисоби сарварони оила) ташкил медодаанд.

Он солҳо фирориёни дар атрофи Қундуз, Рустан, Хонаобод, Имом Саид, Ҷоид ва Вахши Афғонистон ҷойгирифта аз ҷиҳати таркиби миллӣ мувофиқи маълумоти худи фирориён чунин тахмин карда мешавад:

1) Ӯзбекҳо – 4500 хоҷагӣ;

2) Тоҷикҳо – 3700 хоҷагӣ;

3) Қара-қирғизҳо (дар он солҳо қирғизҳоро ҳамин тавр меномиданд) – 1300 хоҷагӣ;

4) Туркманҳо – 300 хоҷагӣ.

Яъне, фақат дар 6 вилояти номбурдаи Афғонистон 9800 хоҷагии фирориён ҷойгир шудаанд. Боқимонда дар ноҳия ва вилоятҳои дигари Афғонистон манзил гирифтаанд.

Чуноне аз далелҳои минбаъда бармеояд, бисёри он фирориён бо сабаби минбаъд ҳам ноором будани Ҷумҳурии Тоҷикистон (махсусан бо сабаби оғози сохти колхозӣ ва идомаи ҳаракати зиддишӯравӣ) ба диёри худ барнагаштаанд.

Барои муайян намудани миқдори фирориёни бозгашта ба ҳуҷҷати дигар назар меафканем. 26 августи соли 1932 комиссари халқии оид ба кишоварзӣ Абдуқодир Муҳиддинов ба кумитаи марказии ҳизби коммунистии (болшевикии) Тоҷикистон бо чунин мазмун қайдҳо фиристодааст. Баъди фирори амири Бухоро ба Афғонистон дар замони шӯроикунонии ин мулкҳо ва авҷи ҳаракати зиддишӯравии солҳои 1921-1926 аз қисми ҷанубии Тоҷикистон тахминан 30 ҳазор хоҷагӣ ба Афғонистон фирор кардаанд. Он фирориён асосан ба ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Ҷилликӯл, Қубодиён, Фархор, Кӯлоб, Кангурт ва Лақай-тоҷик рост меомаданд. Баъди ташкили Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон, дар натиҷаи аз тарафи роҳбарияти ҷумҳурӣ андешидани тадбирҳои зарурӣ, солҳои 1925-1928 аз Афғонистон тахминан 7-8 ҳазор оила ба манзили аввалаи худ баргаштаанду халос.

Оид ба гурезагон амир Олимхони гуреза ҳам дар хотираҳояш қайди аҷибе гузаштааст. Аз ҷумла, ӯ таъкид мекунад: “Дар вақте, ки бандаи оҷиз дарёи Омуя ба тарафи Афғонистон убур намуда, тахминан сесад нафар аз навкарони мӯътабарини Бухоро ҳамроҳи ман гузашта буданд, низ барои тарафдориам аз ҳар гузаргоҳи дарёи мазкур мардумон тахминан як лак (сад ҳазор нафар) гузашта, дар наздам ҷамъ омада буданд. Аз ин ҷамоа тахминан 500 нафар аз ҷумлаи ашрофи аҳолии Бухоро ҳамроҳи худ гирифта, дигаре ба ҳар ҷойи тобеи Афғонистон таъмин намуда, худ ҳамроҳи 50 нафари мазкур иродаи дорусалатини қабул намудам”.

Ҳангоми муқоисаи ҳуҷҷатҳои дар боло овардашуда ба мавҷуд будани гуногунфикрӣ оид ба шумораи умумии фирориён дучор мегардем. Дар ин ҷо бояд ба инобат гирифт, ки чӣ маълумоти солҳои 1921-1926 ва чӣ соли 1932 асосан тахминӣ мебошанд. Вале ин тахминҳо на тахмини беасос, балки ҷамъбасти андешаҳои махсусан комиссияҳои мухталиф ба ҳисоб мераванд. Бинобар ин, аз он маълумотҳо хулосаи умумӣ баровардан мумкин аст, ки солҳои 20-уми асри ХХ сарзамини имрӯзаи Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷанубиро чоряки аҳолӣ тарк намуда, ба Афғонистон фирор кардаанд.

Дар асоси муроҷиатномаи Ҳукумати Тоҷикистони Шӯравӣ аз ҳисоби фироришудагон тақрибан чорякашон ба манзили худ баргаштаанду халос. Боқимонда аз чор се ҳиссаи фирориёни ҷумҳурии мо зиндагии берун аз ватанро интихоб намуда, қисмашон ба воситаи Афғонистон ба мулкҳои гуногуни дунё паҳн гардидаанд.

Пас, сабаби ин ҳама бесарусомонии мардум дар чист? Барои ба ин саволҳо ҷавоб пайдо намудан, пеш аз ҳама, бояд бори дигар ба иллатҳои замони бунёди тартиботи Шӯравӣ аҳамият дод. Чаро ин ҳама маҳз дар оғози замони Шӯравӣ ба вуҷуд омадааст? Ҳеҷ ҷойи шӯбҳа нест, ки тартиботи амирии Бухоро тартиботи иртиҷоӣ буд. Ҳукумати амирӣ муқобили ҳар гуна тағйирот баромада, ақидаҳои пешқадамро дар аморат таҳдид мекард. Бинобар ин, он сохт бояд барҳам дода мешуд. Низоми иртиҷоӣ ва зиддимардумӣ будани низоми амирии Бухоро дар асарҳои фарзандони барӯманди ин сарзамин, махсусан Ахмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва дигарон бе парда кушода шудааст. Вале худи мардуми Бухоро то ҳолате, ки он сохти иртиҷоии амириро сарнагун созад, ба дараҷаи зарурӣ тайёр набуд, агарчанде дар ин роҳ, махсусан коммунистони Бухоро ва ҷавонбухороиёни инқилобчӣ то андозае ҷонбозиҳо кардаанд. Аз ин рӯ, тартиботи иртиҷоии амирӣ дар қаламрави аморат, аз он ҷумла дар Бухорои Шарқӣ, асосан аз тарафи аскарони сурхи Шӯравӣ барҳам дода шуд. Дар натиҷа дар сарзамини собиқ аморат тартиботи нав – шӯравӣ бунёд гардид. Аммо мардум ин тартиботи навро агарчанде он ба манфиаташон буд, барои қабулаш ҳанӯз омода набуданд.

Ҳуҷҷатҳо далолат медиҳанд, ки дар қисми Марказӣ ва Fарбии Бухоро ҳар мавзее, ки аз тарафи қисмҳои аскарони сурх ишғол карда мешуд, аз он ҷо амирпарастон сар ба гурез мениҳоданд. Мардуми оддӣ бошад, натиҷаи воқеотро ва омадани аскарони сурхро қисме бетарафона, қисми дигар хуш қабул карда, дар баъзеноҳияҳо ҳатто базмҳои гуногун ороста, дар аввал барқароршавии тартиботи нав – шӯравиро асосан хуш қабул кардаанд. Зеро ин қисми мардум, ки дар ҳақиқат, аз бедодгариҳои амалдорону амирпарастон ба дод омада буданд, аз тартиботи нав, агарчанде дар борааш кам медонистанд, ё худ намедонистанд, ба ҳар ҳол, умеди нек доштанд. Вале чуноне маълум мешавад, аксари мардуми собиқ аморати Бухоро зуд аз баъзе чорабиниҳои ҳукуматдорони нав сахт ба ташвиш омадаанд. Зеро амалдорони ин ҳукумат ҳангоми бунёди ҷамъияти нав дин ва урфу одати мардуми маҳаллиро ба инобат намегирифтанд. Онҳо ҳангоми амалиёти худ баъзан саҳифаҳои Қуръон ва дигар китобҳои диниро барои сохтани сигор ва дигар зарурияти шахсияшон истифода мебурданд, дар баъзе маҳалҳо масҷидҳоро ба аспхонаи худ табдил додаанд.

Дар байни амалдорони тартиботи нав шахсони поквиҷдон кам набуданд. Онҳо ҳар лаҳза дар ғами оромӣ ва осудагии мардум чораҳо меҷустанд. Вале дар ҳамон лаҳзаи душвор баъзе аз амалдорони нав, бо мақсади қонеъ гардонидани ниятҳои нопок ва разилонаи худ, рӯйирост ба мол ва номуси мардум дастдарозӣ мекарданд, нисбат ба шахсони ба худ номақбул аз номи ҳукумати нав ҳар гуна ҷазоҳо муайян мекарданд. Хулоса, онҳо ба шахсияти мардум сахт мерасиданд. Бадрафторӣ, бадгуфторӣ ва ҳар гуна разолатҳо, ки сифатҳои шахсии худи онҳо буд, ба тартиботи нав нисбат дода, ин сохтро дар назди мардум доғдор менамуданд. Афкори мардум оид ба тартиботи нав бошад, аксар дар асоси амалиёти ҳамин гуна шахсони бадкирдору бадрафтор ташаккул меёфт.

Fайр аз ин, дар бисёр мавридҳо барои ҷорӣ намудани тартиботи нав ба маҳалҳо шахсони барои мардуми он ҷо тамоман бегона ва аз ҳолати ноҳия бехабар, бештар аз ҳисоби туркони усмонӣ, ки гӯё ба хизмати “содиқона”-и ҳукумати ҷавони Бухоро гузашта буданд, фиристода мешуданд.

Дар натиҷаи “кордонӣ”-и баъзе амалдорони нав чорабиниҳои муайяншуда, агарчанде пешқадам буду ба манфиати худи мардум нигаронида мешуд, нодуруст амалӣ мегардиданд. Баъзеи онҳо рӯйрост ба тартиби нав хиёнат намуда, мекӯшиданд, ки он пойдор нагардад, норозигии мардум рӯз аз рӯз афзояд ва ғайра. Чунин ҳолатҳо боиси норозигии мардум мешуд. Ҳамаи инро синфи дорои аз молу мулки зиёди худ маҳрумгардида ва амалдорони аз мансаб бенасибгашта гӯё, ки интизор буданд, моҳирона истифода бурданд. Дар натиҷа ҷумҳурии ҷавони Бухороро ноосудагӣ фаро гирифт.

Чунин хатоҳо дар Бухорои Шарқӣ (яъне Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷанубии ҳозира) нисбатан боз бештар такрор ёфт. Барои мардуми ин диёр дар аввал аз ҳама бештар тоқатнопазир он буд, ки эшонро аз як тараф амалдорони амири гурезаи Бухоро ва аскарони якчандҳазорнафараи дар ҳамин диёр ҷамъ намудааш ба дод оварда буданду аз тарафи дигар худсариҳои баъзе қисмҳои Отряди ҳарбии эъзомияи Ҳисор. Зеро то омадани он отряд мардуми маҳаллӣ аллакай аз тарафи амирпарастону аскарони амир тороҷ карда шуда буданд. Акнун аскарони отряди номбурда ҳам бояд барои худ хӯроквориро аз ҳамин мардуми маҳаллии аллакай тороҷгардида чун қарз ҷамъ меовард. Ба аскарони отряд барои ҳамин гуна амалиёт ҳукумати нави Бухоро, ки худ имконияти таъмин намудани онҳоро надошт, иҷозат дода буд. Зеро мувофиқи қарордоди байни ҳукумати нави Бухоро ва мутасаддиёни Отряди ҳарбии эъзомияи Ҳисор, таъмини отряд бо аскар ва лавозимоти ҳарбӣ ба ӯҳдаи Ҳокимияти Шӯравии Федератсияи Русия, бо хӯрокворӣ таъмин намудани онҳо ба ӯҳдаи ҳукумати нави Бухоро гузошта шуда буд. Ҳамин тавр ҳукумати Бухоро аз ӯҳдаи иҷроиши он баромада натавонист. Бинобар ин, амалиёти маводи хӯрокҷамъкунии аскарони отряд, ки низ ғоратгарӣ буд, барои мардум як балои ногаҳонӣ менамуд. Аз ҳамин сабаб қисми мардуми маҳаллӣ чунин ҳолатҳоро дида бовар намекарданд, ки аскарони сурх барои эшон озодию хушбахтӣ меоваранд. Зеро онҳо медиданд, ки одамҳои амир ҳам молашонро кашида гирифтанду аскарони сурх ҳам “қарз”-гӯён кашида мегиранд.

Ин ҳама воқеаҳои рухдода мардумро ба ҳолати ногувор гузошт ва барои ба гурӯҳҳо тақсим шудани онҳо сабаб шуд. Як қисми онҳо баҳри ҳифзи номус ва ҳаёти худ ба Афғонистон гурехтанд… Қисми дигар сараввал ба тарафи амир ва баъди фирори ӯ ба қувваҳои ҳаракати зиддишӯравӣ ҳамроҳ шуданд. Қисми сеюм аз ноилоҷӣ дар кӯҳҳо паноҳ ёфтанд. Бинобар ҳамин, дар зимистони қаҳратуни соли 1921 ҳангоми бунёди Ҳокимияти Шӯравӣ дар Бухорои Шарқӣ бисёр деҳаҳо беодам буданд.

Хатоҳои ҷиддии ҳангоми бунёди тартиботи Шӯравӣ рухдода минбаъд агарчанде аз тарафи ҳукуматдорони нав, яъне Шӯравӣ, қисман ислоҳ гардидаанд, вале оқибати онҳо барои ҷумҳурии навбунёди Тоҷикистон хеле гарон буд. Вазъият аз мутасаддиёни тартиботи Шӯравӣ талаб мекард, ки бояд коре карда, ҳарчи зудтар ва зиёдтар боварии мардумро ба сӯи ҷамъияти нав ҷалб намоянд. Аз ҳамин сабаб ҳалли масъалаи фирориён аз аввалин арбоби номии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Нусратулло Махсум заҳмати зиёдро талаб мекард. Дар амалӣ намудани ин чорабиниҳо мавқеъ ва хизмати Нусратулло Махсум, ҳамчун ҷонфидои миллат, бузург аст. Ба ин мазмуну далелҳои мансуби дар ин мақола таҳлилшуда гувоҳӣ медиҳад. Маҳз ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ ин марди накуномро бо мардум наздиктар намуд. Дар натиҷа мардум дар симои ин шахси наҷиб ҳимоятгари манфиати худро дида, ба ӯ бовар кард. Натиҷаи ҳамин гуна боварӣ буд, ки қисме аз фирориён ба ватани худ баргашта, онҳо ҳам дар қатори дигарон ба ободии мамлакаташон камари ҳаммат бастанд.

Бешубҳа, бозгашти фирориён, аз як тараф сабабгори обод гардидани ватанашон – Тоҷикистон Шӯравӣ, махсусан водии Вахш, ки зиёда хароб гардида, ба ботлоқзору қамишзор табдил ёфта буд, аз тарафи дигар, қувваҳои боқимондаи зидди шӯравиро – чи дар дохили мамлакат ва чи берун аз он аз такягоҳи барояшон боварибахш маҳрум намуд. Дар ҳамаи ин хизмати фарзанди фарзонаи миллат Нусратулло Махсум Лутфуллоев бузург аст.

Ҳотамов Н.Б.

доктори илмҳои таърих,

профессори ДССХ