КИШТИ ТАКРОРӢ АСОСИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ КИШВАР

Хабарҳо
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, Вазири кишоварзии мамлакат – Ҳакимзода Қурбон  бо сафари корӣ ба нохияи Хуросон ташриф оварданд.
Меҳмононро дар даромадгоҳи ноҳия раиси ноҳияи Хуросон Аҳмадзода Илҳом ва масъулини мақомоти иҷроия оид ба соҳаи кишоварзӣ ва бехатарии озуқаворӣ истиқбол намуданд.
Мақсади сафари кори шиносоӣ ба соҳаи кишоварзии ноҳияи Хуросон, аз ҷумла иҷроиши кишти зироатҳои такрорӣ, нашъунамою обёрии заминҳои пахта ба ҳисоб мерафт.
Дар ноҳияи Хуросон картошка, сабзавот, зироати хӯроки чорво ва меваҷот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд истеҳсол гардидааст ва барои арзон шудани бозори истеъмолӣ бояд заминҳоро самаранок истифода бурда, аз як замин чанд ҳосил рӯёнем.
Меҳмонон ба вазъияти кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ шинос шуда, баҳри мусоидат кардан ба мушкилоти соҳа  дастуру супоришҳо доданд.