Иштироки кормандони шуъбаи маорифи ноҳияи Хуросон дар шанбегии дастаҷамъона

Хабарҳо

Бо мақсади иҷрои супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бахшида ба ҷашни 32-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ дар гирду гушаи ҷумҳуриамон вусъати тоза касб менамояд. Дар ин муносибат бо иштироки кормандони шуъбаи маорифи ноҳияи Хуросон дар саҳни бинои корхона ва атрофи он шанбегии дастаҷамъона гузаронида шуд. Кормандони шуъба сарҷамъона ба ҳашар баромада, ба тозакунии бинову гулгашти гирду атрофи шуъба саҳм гузоштанд. Саҳни ҳавлии атрофи бинои шуъбаи маорифро дорои дарахтони гуногуни сояафкан ва гулҳои зебоманзари ороишӣ мебошад. Чун анъанаи нек дар корҳои ободонӣ аҳли кормандон, ҷиҳати тозаю озода нигоҳ доштани гӯшаву канори бинои шуъбаи маориф бо ташаббусҳои созанда дар ин рӯзҳо бо мақсади боз ҳам зебову дилрабо гардидани симои ноҳияи азизамон мебошад.