ТАЪРИХЕ АЗ ҶАШНИ БОСТОНӢ ВА МИЛЛИИ ХАЛҚИ ТОҶИК “САДА”.

Хабарҳо
Хез то ҷашни сада барпо кунем,
Расми аҷдодии худ эҳё кунем.
Тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунофар ва қавми хушнуме аз табори ориёӣ буда, гузаштаи хеле дурахшону пурбореро доро ҳастанд. Суннату арзишҳои таърихии тамаддуни мо ба унвони такягоҳ ва пуштвонае дар тамоми зинаҳои илмию фарҳангӣ метавонад асаргузор бошад.
Ба вижа ҷашнҳои бостонии наврӯзу меҳргон ва садаву тиргон, ки ба гунаи оийину арзишҳои деринаи тоҷиконанд. Ин ҷашнҳои бостонӣ ба сони дурдонаҳои маънавӣ орзую омоли мардуми моро аз айёми сапедадами таърих бозгӯ мекунанд. Оинҳои кӯҳан бешак байёнгари завқу афкори бедор ва зебоишиносию тамаддунофарии гузаштагони моро далел мебошанд.
Хушбахтона дар замони соҳибистиқлолии кишаври азизамон, бо ташаббус ва талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин чаҳор ҷашни таърихӣ шурӯъ аз Наврӯз ва баъдан аз Тиргон, ки ҷашни обрезон дар тобистон аст, Меҳргон, ки ҷашни ҷамъоварии ҳосил аст ва Сада, ки ҷашни рӯшаниву нур аст аз нав зинда зинда шудаанд. Яъне Сада ҷашеаст, ки инсониятро ба сӯйи рӯшноӣ, сафо ва холи аз гуноҳ будан даъват менамояд.
Ҷашни сада чун дигар ҷашнҳои суннатии мардумони ориётабор аз он ҷумла тоҷикон яке аз ҷашнҳои қадимтарин ба шумор рафта, дар тамаддуни инсоният бархурди хеле хоссаро доро мебошад. Танҳо қавмҳо ва миллатҳои тамаддунофар метавонанд, ки дар гузашти чархи таърих як тамаддун, фарҳанг ва як ҷашн ба вуҷуд биёранд, ки ҷабҳаҳои кайҳонӣ, суннатӣ, заминӣ, ахлоқӣ ва кишоварзӣ дошта бошад.
Бо ҳамин мақсад имрӯз дар боғи фарҳанги фароғатии ноҳияи Хуросон ҷашни “Садда” баргузор гардид.
Суратгузориш аз рафти баргузории чорабинӣ