Нимаи якуми рӯзи 01.02.2024 сол дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон машварати васеи назди раиси ноҳия Суризода Носир Мурод баргузор гардид .
Дар машварати васеъ муовини якуми раиси ноҳия, муовинони раис, роҳбари дастгоҳ, раиси ҷамоати шаҳраку дешоти ноҳия намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳракҳо , сардорони бахшҳо , сардорони идораву муассисаҳо, раисони маҳаллаҳо , роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва кӯдакистонҳои ноҳия иштирок намуданд.
Дар ҷараёни машварат масъалаҳои “Барномаи давлатии соҳаҳои мухталиф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ” ва масъалаи иловагӣ баррасӣ намудани пешниҳодҳои қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда” мавриди баррасӣ ҷиддӣ қарор дода шуданд.
![](http://khuroson.tj/khuroson/uploads/2024/02/zal2-1024x681.jpg)
![](http://khuroson.tj/khuroson/uploads/2024/02/rais-1-1-1024x681.jpg)
![](http://khuroson.tj/khuroson/uploads/2024/02/zal-1024x681.jpg)