МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ

Хабарҳо

22 феврали соли ҷорӣ дар Кохи фарҳангии Хуросон бо иштироки и.в. раиси ноҳия Суризода Н.М. роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони ноҳия бахшида ба 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид.
Нахуст и.в. раиси ноҳия аҳли толорро хуш омадед гуфта ҳамаи сарбозон ва афсарони қисмҳои низомиро ба муносибати 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон табрик намуда иброз дошт, ки Артиши миллӣ бо ташаббуси созандаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 31-сол муқаддам таъсис дода шуд, ки солҳои истиқлолият ба як нерӯи пурқувват табдил ёфта, аз лиҳози техникию моддӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд.
Баҳри сулҳу осоиштагӣ, ороми марзу буми кишвар ва дар мубориза ба ҳамагуна зуҳуроти номатлуб ҳамчун фарзандони сарсупурдаи миллат дар сафи пеш қарор дошта бошанд.
Дар ин рӯз аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ба сарбозони қисси ҳарби ва як қатор кормандон ва фаъолони ноҳия ифтихорномаҳо ба муносибати 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон тақдим карда шуд.
Дар интиҳои чорабинӣ кормандони фарҳанги ноҳия барномаи фарҳангӣ-фароғатии омоданамудаи худро пешкаши ҳозирин гардониданд.
Аксҳо аз чорабинии имрӯза….