Рӯзи 28-уми феврали соли ҷорӣ и.в.раиси ноҳияи Хуросон Суризода Носир баҳри аз наздик шинос шудан аз ҳолу аҳволи собиқадорони меҳнат ба аёдати сокини ҷамоати шаҳраки Обикиик Ғафуров Мирзо рафтанд. Ғафуров Мирзо иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буда, барои дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баҳри таъмин намудани зиндагии осоишта, ободонию созандагии кишвари азизамон миннатдорӣ баён намуда, қайд доштанд, ки ҳар як шаҳрванд бояд дар ободонӣ ва созандагии меҳанамон саҳмгузор бошад.
Ҳамзамон иброз доштанд, ки ҳар як шаҳрванд Ватани азизи худро сидқан дӯст дошта, шукргузор аз фазои тинҷу ором бошад.