ВОХӮРИҲО ДАР ЗАМИНАИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Хабарҳо
Рӯзи 1-уми июни соли 2024 дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон – Абдусаломзода Анзурат, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи раиси вилоят – Амирхон Юсуф, муовини раиси ноҳияи Хуросон – Шарифзода И. ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ дар деҳаи Бандари ҷамоати деҳоти Қизилқалъа бо аҳолӣ вохӯрӣ ташкилу баргузор карда шуд.
Абдусаломзода А. вобаста ба масъалаҳои таълиму тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстию забономӯзӣ, ободонию созандагӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, фарҳанги бегона ва ҳамкории зичи оила ба мактаб ва ҷомеа, аз либоси бегона худдорӣ намудан, садоқату мубаҳаббат ба ватану миллат доштан, хизмати Ватан – Модарро адо намудан ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.
Инчунин қайд намуданд, ки аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар, бахусус бо заҳмату талошҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сокинон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст, то ки зиндагии шоистаро насиб гарданд.
Аксҳо аз рафти вохӯрӣ: