ИҶРОИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ – ОМИЛИ ПЕШРАФТИ НОҲИЯ

Хабарҳо
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 майи соли 2024 баён доштанд, рӯзи 7-уми июни соли равон дар ноҳия маҷлиси васеъ бо намояндагии вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён доир гашт.
Дар ҷаласаи васеи ҳукуматӣ раис ва муовинон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони маҳаллаҳо, имомхатибони масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеи ноҳия иштирок доштанд.
Дар вохӯрӣ роҷеъ ба масъалаҳои муҳими ҷомеа: риояи ҷашну маъракаҳо, фарҳанги либоспӯшӣ, ба Ҳаҷ рафтани шаҳрвандон, боздид аз шароити зисту зиндагии шаҳрвандоне, ки ба Ҳаҷ мераванд, пешгирии гаравидани шаҳрвандон ба гурӯҳҳои ифротгаро, тарғиби тозагӣ ва тарбияи зебоипарастӣ, фаъолияти корхонаҳои дӯзандагӣ бо ҷалби занони хонашин, ҷиҳати вусъат додани корҳои ободонӣ, гулшинонӣ, кабудизоркунӣ сухан карда шуд.
Аксҳо аз рафти вохӯрӣ: