Терроризму экстремизмро хатарноктарин вабои аср мегӯянд, ки ин дуруст аст. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Амалҳои террористӣ – бевосита содир намудани ҷинояти дорои хислати террористӣ дошта дар шакли таркиш, пахши одамон тавассути мошинҳо, истифодаи моддаҳои радиоактивӣ, химиявӣ, содир намудани дигар амалҳое, ки боиси хавфи ҳалокати одамон аст, равона карда шудааст.
Дар замони муосир сафи низомиёну ҷангиёни гурӯҳҳои террористӣ аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод меафзояд ва ба назар мерасад, ки дар тамоми кишварҳо ҳамин гуна наврасони ба доми фиреб афтода кам нестанд ва онҳо ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми роҳбаронашон қурбон мекунанд. Ба назар мерасад, ки ноогоҳӣ аз асолати фарҳанги исломӣ ва камсаводӣ ҳамчун муҳимтарин омили гумроҳшавии ин ҷавонон аст. Шиддати ин хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, мутаассифона, имрўз ҳам паст нашудааст.
Аксари одамон итминони комил доранд, ки шахсан онҳо ягон вақт ба доми ҷалбкунандагон намеафтанд. Аммо бисёриҳо хато мекунанд. Ҳангоми ҷалбкунӣ барои ҳар як шахс муносибати мушаххас ва касбӣ истифода бурда мешавад.
Аз ҳама хатарнок он аст, ки он ҷараён барои шахси ҷалбкунанда таъсири ҳамаҷониба мегузоранд.
1. Ҷалбкунанда дар навбати аввал, дар бораи шахси ҷалбшаванда ҳарчи бештар маълумот ҷамъ меорад.
2. Вай умеду орзу, тарсу ҳарос, дилбастагию ғурур, таъбу хусусият, хоҳиш ва шавқу ҳаваси ҷалбшавандаро ҳаматарафа меомӯзад.
3. Дар бораи шахси маълумот дар даст дошта, ҷалбкунанда бо истифода аз таърифу тамаллукҳо айёрона дили шахсро ба осонӣ ба даст меорад.
4. Ҳиллаву найранг намуда ва моҳирона аз ҷавоб додан ба саволҳои додашуда мегурезад.
Ҷалбшавандагони эҳтимолиро дар куҷо “ШИКОР” мекунанд?
Дар ҳама ҷо:
1. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ;
2. Дар қаҳвахонаю марказҳои дилхушӣ;
3. Дар ҷойҳои дилхушию клубҳои шабона;
4. Ҳангоми мусофират, муҳоҷират ва ғ.
Барои наафтодан ба доми ҷалбкунандагон касе кафолат дода наметавонад. Нафаре ҳаст, ки ҷойи озордида ва иродаи суст дорад. Махсусан , вақте ки танҳоиро эҳсос менамояду фикр мекунад, ки дигарон уро намефаҳманд.
Муовини раиси ноҳияи Хуросон Турсунзода Д.Т.