ОЗОД БУДАН ХОҲӢ, ҒУЛОМИ ҚОНУН БОШ!

Хабарҳо
Сардори ШВКД дар ноҳия, генерал-майори милитсия Рамазонзода С.К. бо масъулон ва фаъолони деҳаҳои Ҳилолӣ, Ҷомӣ ва Ифтихори Ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ субҳи рӯзи 28 – уми июни соли ҷорӣ вохӯриву суҳбатҳои судманд доир намуд.
Мақсади вохӯрӣ ин муайян намудани мушкилиҳо, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, ҳамкорӣ бо масъулини маҳаллаҳо оиди ҷилавгирӣ аз ҷиноятҳо, риояи қатъии қонун ҷиҳати пӯшидани либоси бегона ва бегонапарастӣ буд.
Инчунин хизмати Ватан – Модарро бо сари баланд адо намудани ҷавонони бо нангу номуси ноҳия бо падару модарон сӯҳбат гузаронида шуд.
Аксҳо аз рафти вохӯрӣ: