Санаи 19.07.2024 дар Ҷамоати деҳоти Ғаллаобод, деҳаи Чашмасор бо иштироки табибони Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Хуросон чорабинии “Корвони саломатӣ” гузаронида шуд.
Дар рафти чорабинӣ тамоми мардуми деҳот (хусусан кӯдакон ва занҳои ҳомиладор) ба хизматрасонии тиббии ройгон фаро гирифта шуданд.
Дар Корвони саломатӣ қисми зиёди табибони гуногунсоҳаи МКАТС, аз қабили табибони оилавӣ, табиби амрози даруна, табиби асабшинос, табиби кудакона, табиби сироятшинос, табибони занона, акушер гинекологҳо ва лаборантҳо иштирок доштанд.
Дар рафти чорабинӣ ба 70 нафар аҳолии деҳот хизмати тиббию санитарии ройгон расонида шуд. 50 нафар занҳои ҳомиладор ва дигарон аз ташхиси ултрасадоӣ (УЗИ) гузаронида шуданд.
Ҳамзамон аз ҷониби Маркази Мубориза Бар Зидди Бемории Сил дар н. Хуросон як адад дастгоҳи рентгени сайёр бо зеҳни сунъӣ ташкил карда шуд, ки мардуми деҳаро ҷиҳати пешгирӣ аз бемории сил ва дигар бемориҳои сироятии роҳҳои нафас ташхис карданд.
Тибқи нақша- чорабинии МКАТС ҷиҳати баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ аз бемориҳо МКАТС-и ноҳияи Хуросон ҳар моҳе 2 маротиба дар деҳаҳои дурдасти ноҳия чорабинии Корвони саломатиро роҳандозӣ менамояд.
Аксҳо аз рафти кор: