Рӯзи 24-уми июли соли ҷорӣ дар ноҳия ҷиҳати иҷрои банди 17 ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023, N АП – 470 тасдиқ карда шудааст, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои вусъат додани соҳаи атласу адрасбофӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиб ва мубодилаи таҷрибаи ҳунармандон ташкил намуд.
Фестивал дар асоси принсипҳои баробарии ҳуқуқу имкониятҳо, ташаббускорӣ, эҷоди озодона ва шаффоф баргузор гардид.
Дар охир даври якуми Фестивал ҷамъбаст гардида, ғолибонро бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Аксҳо аз рафти намоиши Фестивал: