Бо мақсади таҷлили бошукӯҳи ҷашни миллӣ – Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия аз тарафи раиси ноҳия нақшаи чорабиниҳо аз 29-уми июли соли 2024 доир ба баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ таҳти унвони “Шукуҳи Истиқлол” тасдиқ карда шуд. Вобаста ба ин дар тамоми ҷамоатҳо ва деҳаҳо то таҷлили 33-солагии Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор карда мешаванд.
Дар асоси ин нақша аз тарафи бахши фарҳанг бахшида ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди майдони Парчам бо иштироки сокинон ва фаъолони ноҳия шоми фарҳангӣ доир карда шуд.
Аксҳо аз рафти ҷашн: