ОМОДАГӢ БА ҶАМЪОВАРӢ ВА КОРКАРДИ ПАХТА

Хабарҳо

Баҳри дар амал ва саривақти иҷро гардидани АМР – и раиси вилояти Хатлон аз 28.07.2024, №15 “Дар бораи омодагӣ ва ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ ва содироти нахи пахта дар соли 2024” имрӯз бо иштироки муовини якум Мирзозода М. ва муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода З. бо масъулин ва хоҷагиҳои деҳқонии пахтакор вохӯрӣ багузор карда шуд.

Қайд гардид, ки мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо аз рафти иҷрои АМР-и мазкур ҳар моҳ ба унвонии раиси вилоят ахборот пешниҳод намоянд.

Ҳамзамон, қайд гардид, ки корхонаҳои коркарди пахта зери назорати ҷиддӣ қарор дода, ҳисоботи қабул, коркард ва фурӯши пахтаро аз корхонаҳои ҳудуди ноҳия талаб намуда, тибқи қонунгузорӣ ба андозбандӣ ҷалб карда шаванд.

Аксҳо аз рафти вохӯрӣ: