ТАБИБОН КАФИЛИ СОЛИМИИ ҶОМЕА

Хабарҳо

Бо итминон метавон гуфт, ки самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз бахшҳои афзалиятноки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҳсуб меёбад.

Дар баробари ин дар ноҳияи Хуросон барои муҳайё намудани шароити мусоид барои табибон диққати ҷиддӣ дода шуда, муассисаҳои тибби сохта азнавсозӣ шуда истоданд.

Барои табиб вуҷуди инсон баробар буда, ӯ бо амри виҷдони пок ва мувофиқи қарзи касбӣ амал менамояд.

Табиб ба мариз сиҳат шуданро бояд талқин намояд, зеро мизоҷи тани инсон бо ҳоли рӯҳу равони ӯ вобаста аст.

Бо мақсади таҷлили “Рӯзи табибон” имрӯз дар ноҳияи Хуросон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардида, кормандони соҳаи тиб, ки дар рушду нумӯъи соҳаи мазкур саҳми арзандаи худро гузоштаанд бо ифтихорномаи раиси ноҳия ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Аксҳо аз рафти чорабинӣ: