Фаъолияти милитсия мутобиқи принсипҳои зерин:
– қонуният;
– ягонагии низоми мақомоти милитсия ва муттамарказонидани идоракунии он;
– эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
– адолати иҷтимоӣ ба роҳ монда мешавад.
Баҳри ба тарзи дахлдор ба роҳ мондани фаъолияти ин ниҳоди қудратӣ имрӯз бо иштироки Сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон генерал майор Назарзода Ш.Р. ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон бахшида ба 33 – солагии “Рӯзи Истиқлолият” – и Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави шиносномадиҳӣ, ошхона барои 100 ҷои нишаст ва утоқҳои корӣ барои нозирони минтақавӣ ва дигар ҳайати шахсӣ ба истифода дода шуд.
Ҳамзамон бо ташаббуси роҳбарияти ШВКД дар ноҳияи Хуросон биноҳои замонавӣ бо технологияи нави муосир таъмин гардида, шӯъбаи мазкур бо 4 (чор) автомошинаи самтҳои гуногун таъмин гардид.
Аксҳо аз рафти вохӯрӣ: