ТОЗАВУ ОЗОДА НИГОҲ ДОШТАНИ ТАБИАТ – ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИСТ!

Хабарҳо

Тозагии табиати Тоҷикистони биҳиштосоямон ба гулистон табдил додан қарзи хар як шахрванд буда, ободӣ ва тозагиву озодагиро аз ҳар хонаву кошона сар карда, то деҳоти дурдастарин вусъат бахшида тамоми қаламрави Ватанамонро хурраму сарсабз гардонида ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани миллатамонро ба ҷаҳониён бояд собит намоем.

Такя ба гуфтаҳои боло бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия корҳои ободонию созандагӣ аз қабили шинонидани дарахтони ҳамешасабз, насб намудани шиору овезаҳои ҷашнӣ вусъат ёфта, иқдоми мазкур дар ноҳия мунтазам амалӣ карда мешавад.

Аксҳо аз рафти омодагӣ: