1-СЕНТЯБР – РӮЗИ ДОНИШ

Хабарҳо

Баҳри дар сатҳи зарури таҷлил гирифтани Рӯзи Дониш имрӯз бо иштироки раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир, сардори Раёсати содироти вилояти Хатлон – Зоирзода Умедхоҷа ва сардори ШВКД дар ноҳия – Рамазонзода Суҳроб барои табрики муҳассилин дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10 чорабинии расмӣ баргузор гардида шуд.

Аз тарафи роҳбарияти ноҳия омӯзгорон ва хонандагонро бо фарорасии Рӯзи нави хониш табрику муборак намуда, иброз доштанд, ки маҳз бо ғамхорӣ ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз тамоми шароитҳои мусоид барои кӯдакон фароҳам оварда шудааст, то ки онҳо тавонанд мутахассисони арзандаи миллат ба воя бирасанд.

Баъд аз чорабинии мазкур пахши мустақими суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастаҷамъона тамошо карда шуд

Аксҳо: