ОМОДАГӢ ВА БАРГУЗОРИИ ҶАШНИ 33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Хабарҳо

Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омодагӣ ва баргузории ҷашни 33 – солагии Истаҷлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафарбаркарда шуданд.

Санаи 4.09.2024 фаъолияти гуруҳи корӣ бо роҳбарии намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири Адлия Ашуриён Музаффар дар ноҳияи Хуросон аз ҷамоати Фахробод оғоз ёфта, нахуст аз рафти сохтмони МТМУ 34, ки сохтмонаш тариқи саҳми сокинон ба роҳ монда шудаст дидан ба амал оварда шуд.

Ҳамзамон, аз вазъи ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ, барои ду сол захира намудани маҳсулоти ниёзи аввал дар ҳар як оила дидан намуда, омодагии ҳамаҷонибаи соҳаҳои маориф, тандурастӣ. фарҳанг ва аҳолӣ ба мавсисми тирамоҳу зимистони дар пеш истода аз назар гузаронида шуданд.

Инчунин дар арафаи ҷашн ба оилаҳои камбизоат ва дорои имконияташ маҳдуд кумакҳои моливу моддӣ расонида шуд.

Аксҳо: