Имрӯз 14.09.2024 тибқи нақшаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон ситоди мудофиаи ҳудудии ноҳиявӣ баргузор гардид.
Дар ситоди мазкур Сардори ситоди генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон – генерал Собирзода Эмомалӣ, раиси ноҳияи Хуросон Суризода Носир ва аъзоёни ситоди ноҳиявӣ иштирок намуданд.
Ҳамзамон Сардори ситоди генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзоёни ситоди ноҳиявӣ аз рафти омодабошии шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта ва техникаҳои зарурӣ дидан намуданд.
Аксҳо аз рафти чорабинӣ: