ПЕШГИРИИ ХУРОФОТ ВА ИФРОТГАРОӢ

Хабарҳо

Вохӯрии имрӯза бо ходимони дини ноҳияи Хуросон иборат аз он буд ки, дар пешгирии равандҳое, ки дар ҷаҳони муосир идома доранд, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва монанди инҳо, инчунин, таъсири онҳо ба ҷомеаи имрӯзаи мо бояд саҳми ходимони дин ҳатмӣ бошад.

Дар вохӯрии мазкур раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир, сардори шуъбаи КДАМ дар ноҳия – Сатторов Икром иштирок ва суханронӣ намуданд.

Қайд гардид, ки ҳоло, як масъалаи муҳиме, ки ҷомеаи имрузаро ба ташвиш овардааст, ин ифротгароӣ мебошад.

Ифротгароӣ-дар луғат ба маънои аз меъёр гузаштан дар коре омадааст.

Ифротгароӣ – яке аз зуҳуроти номатлуби асри замон буда, мақсад ва ҳадафи асосиаш аз байн бурдани давлатҳо, миллатҳо ва халқиятҳо мебошад, ва яке аз мақсадҳои дигари ифротгаро ин аст, ки барангехтани низоъи нажодӣ, миллӣ иҷтимоӣ ва динӣ даъват мекунад.

Махсусан таъкид гардид, ки дар пешгирӣ ва мубориза бо ифротгароӣ ва экстремизми динӣ-сиёсӣ вазифаи танҳо ниҳодҳои дахлдор нест, балки тамоми шаҳрвандон бахусус ходимони дин бояд дар ин самт саҳм бигиранд.

Самаранокии мубориза бо падидаҳои хатарнок дар бисёр ҳолатҳо ба риояи талаботи қонунҳое, ки тарғибу ташвиқи барангехтани кинаву адовати миллӣ, низои иҷтимоӣ, нажодӣ ва диниро манъ мекунад, вобаста аст.

Аксҳо аз рафти вохӯрӣ: