Рӯзи 1 октябри соли равон дар ноҳияи Хуросон бо иштироки сокинон ва падару модарони даъватшавандагон чорабинии гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси ноҳия Суризода Носир ба сухан баромада, оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва ҳисси ватандӯстӣ ибрози ақида карданд.
Инчунин ҳамаи ҷавононро бо чунин рӯзи фаромӯшнашаванда табрику таҳният намуданд.
Дар рафти чорабинӣ ба 30 нафар ҷавонон Шаҳодатномаи кафшергари барқӣ ва ба 100 нафар даъватшаванда Шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.
Бояд қайд кард, ки дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Хуросон нақшаро 100 % иҷро намуд.
Аксҳо аз рафти чорабинӣ: