ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ОБИКИИК

Хабарҳо

Рӯзи 3 октябри соли ҷорӣ оид ба нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ баҳри амали намудани қонунҳои амалкунанда, пешгирии экстремизм ва терроризм, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои манъшуда, ҷинояткорӣ, таълимоти ғайрирасмӣ, пӯшидани сарулибоси ба фарҳанги мо бегона ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз вохӯрӣ бо сокинони Ҷамоати шаҳраки Обикиик баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир ва сардори КДАМ дар ноҳия – Сатторов Икром иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр гардид, ки иҷрои талаботҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҳар як шаҳрванд тақозо карда мешавад.

Аксҳо аз рафти вохӯрӣ: